Нақши ислом дар муносибатҳои байналхалқӣ

Дин яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ буда, он дар ҳақиқат дар шуури инсон дар заминаи эътиқоду имон ба вуҷуд омада, вобаста ба шароити иҷтимоии ҷомеа ва тарзи маърифати падидаҳои табиату ҳодисаҳои ҷамъият таҳаввулу инкишоф меёбад. Дини ислом баробари дини яҳудиву масеҳият яке аз динҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки дар ҷараёни ташаккулу таҳаввулаш қариб тамоми мароҳили мазкурро тай намуда, аз як оини қабилаҳои бодиянишини арабҳо то ба дини ҷаҳонӣ расидааст ва имрўз яке аз динҳои ҷаҳонӣ ба шумор рафта, нақши он дар ташаккули муносибатҳои байналхалқӣ торафт намоёнтар мегардад. Мавҷудияти омили исломӣ аз ду нуқта асос мегирад:

1) Мавҷудияти мусалмонон чун гурўҳи мустақил, ки дар ҷаҳони муосир манфиатҳои воқеии худро доранд;

2) Мавҷудияти равобити онон бо дигар тамаддунҳо, ки аз ислом тафовут доранд.

Имрўз қариб ҷамъияти асосии 40 кишвари оламро пайравони дини ислом ташкил намуда, дар 232 мамлакати рўи замин беш аз 1,57 миллиард мусалмонон умр басар мебаранд.

То вафоти Муҳаммад (с) байни мусулмонон ихтилофе вуҷуд надошт, вале баъди реҳлати ў ҳанўз маросими дафн анҷом наёфта, масъалаҳое ба миён омаданд, ки минбаъд боиси пайдоиши зиддияту ихтилоф дар ҷомеаи мусалмонон гардиданд. Роҷеъ ба ихтилофҳои мазкур ҳангоми беморӣ ва реҳлати Муҳаммад (с) ва баъди марги ў сарчашмаҳои диниву таърихии асрҳои миёна ва муаррихону муҳаққиқони муосири дин маълумотҳои гуногун овардаанд. Тафсири воқеа ва шарҳу баёни масъалаҳо вобаста ба тарзи дарку фаҳми ҳодисаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва мавқеи шахсии муаллифон, нисбат ба  онҳо ба ин ё он мазҳаб ба таври гуногун омадаанд. Ин гуногунфикриву ихтилофҳо байни мусалмононро дар тўли таърихи мавҷудияти ислом мушоҳида намудан мумкин аст. 

Аммо дар ҷаҳони муосир ихтилофу зиддиятҳои гуруҳҳои исломӣ ва равияҳои ифротии он торафт хусусияти глобалӣ касб менамояд. Зикр намудан лозим аст, ки ин қувваҳои ифротӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ торафт ба ҳам наздик ва муттаҳид мешаванд ва беш аз пеш барои бехатарии мардум ва амнияти кишварҳои гуногун  хатару таҳдид  ба вуҷуд меоранд. Дар байни равияҳои ифротгарои исломӣ  «ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Ваҳҳобия», «Бародарони мусалмон» ҳастанд, ки мехоҳанд бо роҳи зўроварӣ ва тарғибу ташвиқ сафи худро аз ҳисоби ҷавонон зиёд кунанд, ғояҳои «давлати исломӣ» сохтани худро бо дасти ин ҷавонон амалӣ кардан мехоҳанд. Fояҳои ин равияҳои ифротгарои исломӣ  имрўз ба афкори солими ҷомеаи ҷаҳонӣ соя афкандааст, зеро дар гўшаву канори олам пайравони худро пайдо  намуда, зиддияти табақаҳои мухталифи ҷамъиятро тезутунд гардонида истодааст. Чунин ғояҳои ифротгароён, чун баробарӣ, адолати иҷтимоӣ, озод шудан аз асорати синфи ҳукмрон бисёр одамонро ба худ ҷалб менамояд ва ин ғояҳо барои густариши таъсири ифротгароён кўмак мерасонад.

Дар шароити ҷаҳонишавии ислом ғояҳои адолати иҷтимоӣ, фарҳанги исломӣ бояд ба назар гирифта шавад. Дар ин раванд сиёсатмадорон, сарварони кишварҳои ҷаҳон ба нақши ислому тамаддуни исломӣ воқеъбинона назар намуда, роҳи гуфтугўи тамаддунҳо ва ҳамкорӣ баҳри сулҳу осоиштагиро пайгирӣ намоянд.

Меҳринисо Очилова,
дотсенти кафедраи забонҳои форсӣ ва хитоӣ, 
факултети забонҳои шарқ,
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh