Танзим ба манфиати мост!

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурўҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварданд.

Ба ҳайати гурўҳи корӣ Файзулло Баротзода - директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ, Гулназар Келдӣ - Шоири халқии Тоҷикистон, Икромиддин Азизов - сардори шуъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустам Бобоев - намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Нориниссо Худоёрова - ноиби ректор оид ба таълими Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода аз 11 то 15 сентябри соли равон дар 8 ҷамоату деҳоти ноҳия вохўриҳо доир намуда, оид ба мазмуну муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбатҳои судманду ошкоро доир намуданд.

Дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, директорони мактаб, имомхатибон, ҷавонон рафти вохўриҳо натиҷабардорӣ гардид. Нахуст ва раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода зикр дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 сол пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида буд. Ин қонуни тақдирсоз тавонист сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намояд ва тақлидҳои кўр-кўронаро аз байн барад. Инчунин, бо розигии халқ ба қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ба манфиати кор ва беҳтар намудани сатҳи некўаҳволии мардум аст.

Файзулло Баротзода - директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки Пешвои миллат тавонистанд тавассути ин қонун баробариро дар байни мардум рўи кор оранд.

Он маъракаҳои пурдабдабае, ки дар гузашта баргузор мегардид, ба буҷети ҳар як оила хисороти калони молӣ меовард. Хушбахтона, Қонуни танзим ҳамаи ин мушкилотро рафъ намуд. Ҳамзамон, дар баробари 10 соли пурбарор ва дар амал татбиқ гардидани қонун бо дархости сершумори сокинони кишвар ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ба ин восита гузаронидани тўю маърака ва ҷашну маросимҳо ба низоми муайян даромад.

Муҳаммад Арбобзода – прокурори ноҳия дар идомаи вохўрӣ доири Қонуни танзим гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тўли 26 соли Истиқлолияти давлатӣ тавонистанд дўстиву бародарӣ ва ҳамдилиро дар вуҷуди ҳар яки мо фароҳам оваранд, амнияту осоиштагӣ ва зиндагии ободу осударо бароямон муҳайё намоянд. Мардуми ноҳия дар ҳақиқат тарафдори сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар мебошанд. Итминони комил дорем, ки қонуни танзимро дар амал татбиқ намуда, шароити рўзгори худро беҳтар менамоем.

Парвиз Ҳоҷиев - имом - хатиби ноҳия изҳор намуд, ки Худованд исрофкориро дўст намедорад. Қонуне, ки аз ҷониби Пешвои миллат ба тасвиб расид, ба манфиати мардуми мо аст. Маблағе, ки ба нияти маъракаҳои калон ҷамъоварӣ гардидааст, дар роҳи савоб, гузаронидани тўйи оилаҳои ашхоси ниёзманд, бунёди роҳҳо ва пулҳо масраф намоянд, нуран алонур хоҳад шуд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”
Маҳмадносир НАСРУЛЛОЕВ

Add comment


Security code
Refresh