Пурзўр намудани ҷавобгарии интизомӣ

Инак, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ворид намудани тағйироту иловаҳо аз 28 августи соли равон амалӣ гашта истодаанд.

Пеш аз ҳама, масъалаи танзими расму оинҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ додани Роҳбари давлат аз он шаҳодат медиҳад, ки ин масъала дар ҳақиқат бисёр муҳим мебошад. Ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Пешвои миллат ҳар фарди тоҷикро водор менамояд, ки бетараф набошад ва дар амалӣ кардани қонун ҳиссаи худро гузорад.

Таваҷҷуҳи хосаи Роҳбари давлат ба шаҳрвандон нишонаи сиёсати оқилонаи давлату ҳукумат мебошад. Пешвои миллат нисбати масъалаҳои доғ фикру андешаи худ ва мавқеи давлатро баён дошта, ҳамзамон, дархости шаҳрвандонро аз забони худи онҳо мешунаванд. Ин дар навбати худ имконият медиҳад, ки масъалаҳои ҷомеаро нафақат худашон, балки тамоми роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва масъулин ба таври ошкоро шунаванд. Дар баъзе маҳалҳо мардум аз дастрас набудани роҳбарони сохторҳои ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ё корхонаву ташкилотҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Вохўриҳои Пешвои миллат бо шаҳрвандон чунин роҳбаронро ҳушдор менамояд, ки дар корбарӣ ба Роҳбари давлат пайравӣ кунанд.

Ҳадафи асосии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз сарфаҳои бемаъниву нолозима боздоштани аҳолӣ ва бо ин васила дасткашӣ аз урфу одатҳои хурофотӣ, баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як оила аст. Бисёр расму оинҳо муддати садсолаҳо аз каҷфаҳмиҳои суннативу фарзҳои динӣ ва таъсиррасонии фарҳангу маданияти бегона дар шуури мардуми мо ҳамчун унсурҳои динӣ-фарҳангӣ сахт ҷойгир шуда мондаанд. Ҳарчанд баъди таҳияи қонун дар ин самт сокинони кишварамон ба дастовардҳои назаррасе ноил гашта, натиҷаҳои онро дарк карданд, вале якбора аз байн бурдани баъзе одату маросимҳои номатлуб дар тамоми қаламрави мамлакат имконнопазир аст. Бинобар ин, ворид намудани тағйироту иловаҳо имкон фароҳам овард, ки мардум дар чаҳорчўбаи Қонун амал намоянд.

Аз самараҳои қонуни танзим имрўз ҳама бархурдоранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандони мо мазмуну муҳтавои санадро дарк кардаанд ва давлату ҳукуматро дар ин ҷода дастгирӣ намуда, барои амалӣ гаштани нуктаҳои он ҳиссаи худро мегузоранд.

Сарвари давлат дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар ба муносибати 10-солагии қонуни танзим оид ба липоспўшӣ, хусусан либоспўшии занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Бегонапарастии занони моро маҳкум карда, хотиррасон намуданд, ки модарону духтарони мо бояд ба либоспўшии миллии гузаштагонамон пайравӣ дошта бошанд. Пешвои миллат аз тақлиди либоспўшии ғарбии ҳам ҷавонписарон ва ҳам ҷавондухтарон изҳори нигаронӣ карда, онҳоро падарона барои нигоҳ доштани шаъну шараф ва симои миллӣ даъват намуданд. Дар ҳақиқат, имрўз бисёре аз ҷавонон тариқи телевизион ва интернет либоспўшии ҷавонони мамлакатҳои Ғарбро дида, ба онҳо таассуб менамоянд, ки ба урфу одатҳои шарқиёнаи мо рост намеояд. Занони мо ҳамеша бо иффати баланд ва хоксорӣ машҳур ва намунаи дигарон буданд, ки инро бояд бонувони мо фаромўш накунанд.

Инчунин, бархе духтарону занон фарҳанги миллии либоспўширо зери по карда, аз они бегонаро тақлид менамоянд, ки ин ҳам таассубкорӣ маҳсуб мешавад. Ҳамаи ин аз маҳдудии ҷаҳони маънавии онон шаҳодат медиҳад.

Раҳматхоҷа АҲМАДОВ,
директори маркази
«Маърифат»-и Донишгоҳи
 давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
 сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh