Дасти навозишу идомаи роҳи зиндагӣ

Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон ва модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, пас Ватан ба сарамон дасти навозиш гузошта, ба идомаи роҳи зиндагии рангин оғўш кушодааст.

Дар олам чандин муқаддасоти ягона ва такрорнашаванда мавҷуд acт, ки Модару Ватан дар ин радифанд. ҳисси ватандустӣ ва хештаншиносии миллӣ ба он дараҷае аст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд.

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми Ватани аҷдодии худро хеле дўст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ, Бобоҷон Ғафурову Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум ва Эмомалӣ Раҳмон далели гуфтаҳои болоанд.

Имрўз низ шахсиятҳое ҳастанд, ки баҳри ҳимояи Ватани хеш ҷонбозиҳо кардаанд. Барои ҳимояи халқи худ шабу рўз адои хизмат намуда, ҳатто дар ҳавои сарди кўҳистон шабро рўз намудаанд.

Толиб Турсунов солиёни зиёд барои ҳимояи Ватани азизи хеш дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи артиши собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, дар хоки Афғонистан хизмат намудаву шарафу номуси Ватани азизи хешро ҳимоя намудааст. Ў мегўяд, ҳангоми хизмат мушкилиҳои зиёдеро паси сар намудем ва барои ҳимояи Ватан ба қафо нагаштем. Зеро, Ватан ба мо бовар намуда буд. ҳангоми аз Пули Хумрӣ (Қундуз) гузаронидани маҳсулоти гуногун то мавзеи Ҷалолобод байни гурўҳҳои ифротгаро задухўрд ба амал омад. Дар ин ҷанг зиёда аз 20 нафар ҷанговар ҷони худро фидо намуд. Дар ин лаҳзаҳо ақибнишинӣ накарда, ҳамла намудем ва маҳсулоти лозимаро барои ҷанговарон бурда расонидем. Ин ҳодиса тақрибан соли 1983 рух дода буд, - ёд меорад Толиб Турсунов.

- Кишвари мо имрўз дар фазои сулҳу субот ва амонӣ қарор дорад. ҳама ҷо ободу, ором аст. Шукронаи оромӣ ва сулҳу субот намуда, бояд ҳар як ҷавонмард баҳри ҳимояи марзу буми Ватани хеш хизмат намояд, -мегўяд Т.Турсунов.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро подполковники собиқадор Толиб Турсунов мактаби мардонагӣ ва шуҷоатмандӣ медонад.

Номбурда пас аз хизмат муддате ба вазифаи котиби озоди комитети комсомолии омўзишгоҳи оморӣ, мудири шуъба, нозири шуъбаи кадрҳо ва баъдан дар ҳайати шахсии РКД-и шаҳри Душанбе кор кардааст. Бо гузашти солҳо ў ҳамчун сардори шуъбаи «Муҳофиза», нозири калони минтақавӣ ва муовини сардори ШКД-и ноҳияи Айнӣ фаъолият намудааст.

Имрўз ҳастанд ҷавонмардоне, ки хизмат ба Ватанро вазифаи худ дониста, ихтиёран баҳри ҳимояи он равона мешаванд. Ин аз ватандўстӣ ва хештаншиносии ҷавонон дарак медиҳад. ҳимояи Ватан баробари ҳимоя намудани Модар муқаддас аст.

Истамҷони Наҷмиддин,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh