Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

27 сентябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва бо иштироки муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳо оид ба дин, танзими маърака ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар шахсони дахлдор иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум доир гардид.

Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум бо сухани муқаддимавии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардид ва дар он аз 67 нафар вакилон 65 нафар иштирок намуда, 9 масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тибқи масъалаи якуми рӯзнома вакилон ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷумро, ки ба ивази вакилони хориҷшуда аз ҳавзаҳои интихоботии “Навгилем”, №13 ва “Зафаробод”, №49 интихоб шуда буданд, тасдиқ карданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми иҷлосия муовини якуми Раиси вилоят, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Зафаробод», №49 Раҳматзода Рустам Мирзо оид ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус бобати фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

Дар иҷлосия зикр гардид, ки Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони кишвар равона гардидааст.

- 11 июли соли ҷорӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар суханронии Пешвои миллат раванди татбиқи қонуни мазкур дар давоми даҳ соли амалкарди он, дастовардҳо ва мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба таври амиқ ва ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ шуд, - гуфт Раҳматзода Рустам Мирзо.

Воқеан ҳам дар давоми амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд корҳои шоиста ва иқдомҳои неку хайрхоҳона ба фарҷом расонида шуданд, ки ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат карданд.

- Аз таҳлилҳои вазъи татбиқи Қонун бармеояд, ки он баҳри болоравии сатҳу сифати баргузории маросиму маъракаҳо мусоидат намуда, муносибати мардумро комилан дигаргун ва вориди як ҷараёни шоистаи фарҳангиву ахлоқӣ сохт. Аз ҷумла, дар давоми даҳ соли охир дар вилоят наздик 400 ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо 1,6 миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо 3,1 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин ба таъмини дороии хонаводаи мардум равона гардид. Ба ибораи дигар, ин маблағҳо ба афзоиши даромади буҷети оила мусоидат намуд, - таъкид дошт муовини якуми Раиси вилоят.

Қабули қонуни мазкур, ки ҷанбаҳои инсонгароёна ва хайрхоҳонаро низ соҳиб аст, тайи солҳои охир дар мамлакат ба раванди эҳсонкорӣ ва доир намудани маъракаҳои хайриявӣ низ мусоидат намуд. Аз соли 2009 то имрӯз маъракаҳои хайриявии наздик 7000 нафар тифлон ва тӯйи арӯсии зиёда аз 300 нафар ҷавонон аз оилаҳои камбизоат барпо гардиданд, ки ин албатта аз таъсири пурфайзи қабули Қонун ба ривоҷи чунин корҳо дарак медиҳад.

Агар дар соли 2007 ҳаҷми умумии пасандозҳо 215,4 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2016 ин нишондод ба 1612,7 миллион сомонӣ расидааст, яъне дар давоми 10 сол 7,5 маротиба зиёд шудааст.

Нишондоди дигаре, ки аз натиҷаи муваффақонаи қабули қонун дарак медиҳад, зиёд шудани масоҳати сохтмони манзили истиқоматӣ ба шумор меравад, ки аз 232,3 ҳазор метри мураббаъи соли 2007 то 447,8 ҳазор метри мураббаъ дар соли 2016 расонида шудааст, ки наздик ду маротиба зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ, бо татбиқи Қонун агар аз як тараф теъдоди маъракаҳо кам шуда бошанд, аз сӯи дигар хароҷоти миёна барои баргузории онҳо сол аз сол коҳиш ёфта истодааст. Агар дар соли 2013 шумораи маъракаву маросимҳо 43127 ададро ташкил диҳанд, ин рақам дар охири соли 2016 ба 36778 адад расидааст, ки маҷмӯан 6349 адад кам шудани маросимро нишон медиҳад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то қабули Қонун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тақрибан 70 маъракаву маросим, аз ҷумла, 10 маросими азодорӣ ва беш аз 60 маъракаи хурсандӣ баргузор мегардид, ки на ҳамаи онҳо бо арзишҳои милливу мазҳабии мо мутобиқат доштанд. Баъди қабули қонун 15 номгӯи онҳо боқӣ монданд, ки албатта коҳиш додани онҳо ба манфиати некӯаҳволии мардум ва таъмини рӯзгори ободу осудаи онҳо равона гардидааст.

Ба қабули Қонуни танзим даҳ сол шуда бошад ҳам, ҳанӯз на ҳамаи аъзои комиссияҳои доимии шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар самти тарғиботу ташвиқоти муҳтаво ва мақсаду мароми ин қонун фаъол мебошанд.

Ин қабл аз ҳама ба муносибати бепарвоёна ва саҳлангоронаи баъзе роҳбарони комиссияҳои доимии маҳаллӣ, ҷамъиятӣ пайванд мегирад, ки танзими тӯю маърака ва маросими дафну азодориро кори дуюмдараҷа меҳисобанд.

Давоми даҳ соли охир доир ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилоят наздик 1000 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва ба қайд гирифта, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ҷавобгарии маъмурӣ таъин гардидааст.

Бояд тазаккур дод, яке аз масъалаҳое, ки то имрӯз ташвишовар боқӣ мондааст, гарон будани нархи хизматрасонии тӯйхонаву тарабхонаҳо, арзиши хизмати ҳофизон, карнайнавозон, наворбардорон ва ба иҷора гирифтани либоси арӯсӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади таъмини татбиқи босамар ва босифати Қонун, мавриди амал қарор гирифтани тағйиротҳои нав ба он, инчунин, баланд бардоштани сатҳи амалкарди он, ҳамзамон, бо назардошти таклифу дархостҳое, ки дар мулоқоту суҳбатҳо худи аҳолӣ пешниҳод намуданд, ба андешаи мо амалӣ намудани корҳои cудманд ба манфиати кор хоҳад буд.

- Бояд пеш аз ҳама фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳо зери назорати қатъии раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулини соҳа қарор гирифта, рафти иҷрои низомномаи комиссияҳои доимӣ дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Инчунин, бобати беҳтар намудани тарғибу ташвиқи босамари нишондодҳои Қонун чораҳои амалӣ андешанд. Ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчӣ зудтар хотима бахшида, ҷиҳати тарғиби сару либоси миллӣ, гирифтани пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастӣ дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем.

Имрӯз фурсати он фаро расидааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои ташкили марказҳои хизматрасонӣ ҷиҳати дастгирии аҳолӣ иқдом намоянд.

Ҳамзамон, дар иҷлосия доир ба ин масъала вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум”, №15 Матлубахон Сатториён маърӯзаи иловагӣ намуда, қабули қонуни миллиро амали хайр ва шоиста унвон кард. Аз рӯи ин масъала ҳамзамон, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии Вору, №28 Муаззам Ансорӣ, аз ҳавзаи интихоботии Пошкент, №36 Марҳамат Мансурова, аз ҳавзаи интихоботии Ғафуров, № 61 Қурбонҷон Мирзоева, аз ҳавзаи интихоботии “Оббурдон”, №52 Ғайрат Азиззода, аз ҳавзаи интихоботии Сарбанд, №55 Акрам Сулаймонзода, аз ҳавзаи интихоботии “Ҷавонон”, №17 Заррина Ғафурова ба музокира баромада, фикру андешаҳои худро роҷеъ ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баён намуда, онро ҳаматарафа ҷонибдорӣ карданд.

Дар иҷлосия вакил аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, №3 Бахтиёр Мирзобаҳодуров оид ба фаъолияти комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои сиёсати сармоягузорӣ ҳисобот дод. Ҳамзамон, вакилон ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ, №4 Шоира Бузуруковаро шуниданд.

Вакилон масъалаҳои муҳим, аз ҷумла дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети вилоятӣ барои соли 2017, дар бораи қабули буҷети иловагии вилоятӣ барои соли 2017, оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, дар бораи тасдиқ намудани нақшаи генералии шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфараро баррасӣ намуда, якдилона тасдиқ карданд.

Боиси зикр аст, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи покизагии забони модарӣ ва асолати миллӣ эътибори хоса зоҳир мегардад. Ин аст, ки дар ҳар иҷлосия масъалаи номгузорӣ ба объектҳои физикию ҷуғрофӣ мавриди баррасии вакилон қарор гирифта, пешниҳодҳо оид ба иваз намудани номи деҳаҳо, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо, ки ба талаботи забони давлатӣ мутобиқ нестанд ва ҳусни диёрро мекоҳонанд, дастгирӣ меёбад.

Дар иҷлосияи мазкур муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ низ дар ин бобат суханронӣ намуда, бо номи 20 деҳа ва як мактабро барои тағйир додан пешниҳод кард, ки вакилони Маҷлиси вилоятӣ онро дастгирӣ намуданд.

Дар иҷлосия инчунин, як қатор қарорҳои Раиси вилоят оид ба тағйироти кадрӣ тасдиқ гардид.

Бо садо додани Суруди Миллӣ иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.

Пас аз иҷлосия Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо иштироки ҳозирин машварат доир намуда, ба раисони шаҳру навоҳӣ ва мутасаддиёни соҳа ҷиҳати иҷрои босифати нақшаи сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, вусъати ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, таҳкими иқдомҳои ободкорию созандагӣ, омодагӣ ба ҷамъбасти нӯҳмоҳаи фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 25 - солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дод.

 Хабарнигори
 “Ҳақиқати Суғд”

 

 

Add comment


Security code
Refresh