Фитнае, ки бо ҳамдастии бегонагон афрўхта шуд!…

Дар ҳошияи филми мустанад оид ба фоҷиаҳои Тоҷикистон

Дар филми мустанаде, ки аз ҷониби таҳлилгарони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарпарастон ва ташаннуҷдиҳандагони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар таҳия ва пахш шуд, як нуктаи муҳим бамаврид таъкид шудааст, ки «ҷанги шаҳрвандии дохилии кишвари мо барои манфиатҳои дохиливу берунӣ майдони амалисозии ғаразҳои ҷинояткорона ба ҳисоб мерафт» ва дар ин раванди пурхатари миллаткуш ватандорони асилу дилбастаи миллат вобаста ба шароити мавҷуд талош карданд, ки оташи ҷанги бунёдсўзи миллат хомўш шавад.

Воқеан, тарроҳи аслии ҷанги ҳамватании Тоҷикистон «бегонагони бадхоҳ» буданд.

Дар филми пурдалели мустанад бисёре аз рухдодҳои ҳузнангези замони ҷанги шаҳрвандӣ, пиёдасозиҳои амалиёти нангини «душмани хонагӣ» дар амри амалӣ шудани майлу нияти ғосибонаи «хасми бурунӣ», дар маҷмуъ, зуҳуроти ҳангуфти сиёҳ бо ранги сафед ва равшан таҷассум ёфтаанд. Ҳадафи филмсозон боз намудани чашми насли имрўз ба асли моҳияти ҳаводиси фоҷиавии миллат аст, то аз он рухдоди сиёҳ ба андеша раванд.

Дар маркази диққати филми мазкур замоне таҷассум ёфтааст, ки дар перомуни он ҳазорҳо мардуми тоҷик қатл, хонабардўш, овора ва бечора шуданд. Гузашта аз ин, куштори рўҳиву ҷисмии шахсиятҳои бузургу тавонои миллат – сиёсатмадорон, олимон, адибон, рўзноманигорон рахнае азим ва фоҷиае муассир дар раванди сулҳу осоиши Тоҷикистон муаррифӣ шудааст. Дар асл аз байн бурдани нерўҳои пешбари миллат, амсоли Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Fуломов, Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳимзод, Отахон Латифӣ, Ҷумъахон Ҳотамӣ, аз аҳли сиёсат ва ҳуқуқ Сафаралӣ Кенҷаев, Каримҷон Юлдошев, Ҳабиб Сангинов, Собирҷон Бегиҷонов, Нурулло Хайруллоев, ходими маъруфи дин Фатҳулло Шарипов нишонаи разолат ва ваҳшигарии қавмӣ аст, фикр мекунам, ки набояд дар ҷомеаи маънавиятсиришт ва фарҳангпарвар рух медод.

Мутаассифона, мо ин корро кардем ва ин «таҷриба»-ро пай гирифтем. Ин амри махуф сабаб гардид, ки генофонди миллӣ ва мағзҳои фарҳангӣ аз ночории айёми кулфатзо рў ба паҳну парешонӣ оварданд ва нерўҳои ақливу илмӣ ба ҷудоии ҳам афтоданд, пойтахти кишварро тарк карданд, мавҷи фавҷи муҳоҷирати дохиливу хориҷии аҳли донишу хирад афзуд. Аз ваҷҳи авзои нобасомон онон ҷуз рўй овардан ба ин амр дигар чора надоштанд.

Ин нукта бешубҳа, баёнгари ҳаводиси мудҳишу пуртаҳлука аст, ки ба сари кишвари мо омад, аҳли миллатро ба вартаи ташвишу нигаронӣ афканд. Хушбахтона, мо имрўз дар ҳоли осоиш қарор дорем ва он рўзи нобасомонро пушти сар партофтем. Имрўз мо, хушбахтона, ба башараи манфур ва адоватовари силоҳбадастони солҳои 90-уми асри гузашта рў ба рў нестем, чунон ки дидани шаклу андоми дилғашкунанда дар оинаи филми мазкур рўҳияи ҳар бинандаро хиҷил мегардонад. Талошҳои Пешвои миллат дар самти дарёфти зиндагии хуш ва осоишта, азму суботи амнияти миллӣ ва давлатии мо дар роҳи ба худ овардани мардум ва насли имрўз аз асли ҳаводиси фоҷиабори миллат дар сатҳи хеле назаррас қарор дорад. Фикр мекунам, зуҳуроти нерўҳои ҷанговаре амсоли Ҳалим Назарзода ва пайкорҳои тахрибкори ў ҳамеша моро ба ҳушдорӣ ва ҳушёрӣ меорад, то дар оянда ҷилави чунин пайкорҳо боз ҳам бештар гирифта шаванд.

Дар филм дар асоси далелу санади фаровон кўшиш ба харҷ рафтааст, ки нақши ҳарчӣ бештари номатлуби ҲНИТ ва Ҳалим Назарзода, ҳамчунин дастгириву пуштибонони моддии хориҷии онон хеле равшан ба намоиш ояд. Филми мазкур дар ин замина маводи хос ва муҳимеро ба ихтиёри насли имрўз фароҳам оварда, онҳоро аз решаҳои вуқўи ҳаводиси сиёсии Тоҷикистон огоҳ месозад, то чашми мо ба оянда боз бошад. Дар ин тарҳ бо сабабгорони аслии ҳодиса ошно мешавем. Аз перомуни филм симои ҳақиқии фарзандони шум ва саркардаи ҷанги қавмии тоҷик дар тарҳи диверсантҳои хориҷӣ равшану аниқ мешавад: Аз ҷумла, яке аз нафарони меҳварӣ Абдуқодир Абдуллоев – роҳбари гуруҳи ҷиноятпешагони муташаккил дар амри афтонидани қомати Тоҷикистон ва сиёҳ кардани чеҳраи кишвар мебошад, ки аз раванди суҳбаташ шахси таҳсилдида ва таълимгирифта буданаш ошкор аст, аммо, мутаассифона, донишу тавониаш сарфи иҷрои мақсаду нияти хоҷагони хориҷӣ шудааст.

Дигар аз тахрибкори фазои кишвари мо Тағоймурод Ашрапов – нафаре даркорӣ ва усулгаро барои хориҷиён аст. Ў ҳушдор медиҳад, ки аз соли 1995 ба таълими диверсионӣ ҷалб шуда, аз соли 1997 амалан ба сарнагун кардан ва аз байн бурдани қишри умдаи равшанфикрон, уламо, донишмандон, адибон ва рўзноманигорон камари ҳиммат баста ва ин амрро аз ҳадафҳои меҳварӣ дар роҳи устувор шудан миёни мақомоти мухолифин ба шумор меовард. Ў ба ин васила бо роҳбаронаш – ашхоси вайроновар ва зараррасони кишвар ҳамкорӣ кардааст. Ин паёмади нангин то чӣ андоза рўҳиёти нопоку ноустувори ин гуна тўдаи разолатро равшан собит мекунад. Ба ин маънӣ, дар филми мустанад фаъолияти хатарноки нафарони миллаткуш, амали итоаткори онон ба хоҷагони хориҷиву дохилиашон бо асноди фаровон таҷассум ёфта, ки бо рафтори ношоями ҷинояткорӣ номашонро бо ранги сиёҳ ба таърихи навини Тоҷикистон сабт кардаанд. Саймухриддин Қудратов низ аз нафарони дар мактаби диверсантони хориҷӣ таълим гирифтааст, ки дар қатли оми ашхоси хос кудурат ва дасти пурқудрате доштааст.

Кори меҳварии инҳо «шикор»-и аҳли зиё ва сиёсатмадорон, куштори шахсиятҳое аст, ки нуфузи ҳарчӣ бештареро дар ҷомеа соҳиб буданд ва мо онҳоро дар боло ном гирифтем. Онҳо бо қатли сиёсатмадори номвар ва ҳуқуқшиноси шуҳратманд, публитсисти шуълавар Сафаралӣ Кенҷаев хостаанд, ки нафрату адовати мардумро ба Ҳукумати феълии Тоҷикистон бештар ва бедор намоянд ва дар вусъати ин андешаи мардум, ки гўё «Сафаралӣ Кенҷаев қурбони рақобати сиёсӣ шуд ва фаъолияти сиёсии ў ба ҳукумати вақт халал мерасонид», «саҳм» гузоранд. Аммо воқеияти аслии сиёсати Тоҷикистон ва ошкор шудани уқдаи рўйдодҳои сиёсии он ҳақиқати раднопазири марги ин сиёсатмадорро собит сохт.

Ташаннуҷдиҳандагону иҷрокунандагони фоҷиаҳои гўшношуниди Тоҷикистон ниҳоят ба ин нуктаи заъфи худ пай бурдаанд, ки дар ин раҳ гумроҳ шуда ва аз моҳияти он хиёнатҳо ва саҳнасозиҳои сиёсии хориҷиён дар роҳи афтонидани Тоҷикистон огоҳ набудаанд, аз ин рў, имрўз акнун ба вуҷуди ҲНИТ ҳамчун ниҳоди аслии террористӣ, ба ҷойгоҳи ҳастии Ҳалим Назарзода ва Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун шахсиятҳои ҷиноятпеша ва динфурўш бовар пайдо карданд ва акнун ҳарчанд дер шудааст, аз насли имрўз, ҷавонони ҳушманди миллат хоҳонанд, ки пайгири ин гуна роҳу равиши диверсантӣ, ифротравӣ ва ифротандешӣ нашаванд. Аслан, аз пушаймонӣ чӣ суд, ки ин гумроҳӣ ва нодонӣ як муддат ба сари миллат оби сард рехт, мо зомини хуни сарсупурдагону пешравони илму фарҳанг ва сиёсати кишвари Тоҷикистон шудем…

Дар ҳар сурат, пушаймонии як насли хирадгурези тоҷик барои мо, насли имрўзи тоҷик сабақи ҷиддӣ бояд бошад, то дар оянда дигар барои ба чунин ҳолати табоҳ ва вартаи ҳалокатбор рў ба рў нашудани Тоҷикистон ва тоҷикон роҳ надиҳем. Виҷдон ва номуси миллӣ барои мо аз ҳар чизи дигар бартар аст.

Субҳони Аъзамзод,
мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик Бобоҷон Fафуров,
 номзади илмҳои филологӣ

Add comment


Security code
Refresh