«Тақдири кишвар чӣ мешуда бошад?»

Ин суоле буд, ки солҳои 90-ум мардум онро такрор мекарданд

Солҳои навадуми асри гузашта халқи азияткашидаи тоҷик бо душвориҳои замона рў ба рў гаштаву мардум ҷони худро ба каф гирифта, тақдири минбаъдаи миллатро интизорӣ мекашид. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос нафароне буданд, ки бо матонат талош варзида, барои ояндаи дурахшони миллат кору фаъолият доштанд. Дар ин бобат мусоҳибае доштем бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Малоҳат Бобоева, ки андешаҳои худро иброз дошт.

- Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон нақши басо муҳим дошта, роҳи ояндаи дурахшони халқи тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуд. Дар давраҳои басо ҳассос андешаи мардум бобати нафаре, ки бояд дар оянда сарнавишти миллату давлати тоҷикро ба дўш мегирифт, гуногун буд. Падари шодравонам Домуллоҷон Бобоев, ки нисфи умри бобаракати хешро сарфи хизмат ба мардум кардаанду солҳои дароз ба ҳайси раиси колхози «Тоҷикистон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинохта шудаанд, ҳар бегоҳ ба хона хеле хаставу лакот бармегаштанд. Бар замми ин, бемории фишорбаландӣ он касро азият медод. Ҳарфи нахустинашон баробари ба хона ворид гаштану меҳрубониҳои ҳамсари меҳрубонашонро эҳсос кардан «Тақдири минбаъдаи халқамон чӣ мешуда бошад-а?» буд. Гўё модар ба суоли он кас ҷавоби мушаххас медода бошанд, бо нигоҳи самимонаю меҳрубонона ҳамсари аз кор мондашудаашонро ба сари дастархон даъват мекарданд.

- Рўз бароямон вазнин гузашт, - мегуфтанд падар. - Имрўз чаҳор касро ба номзадӣ пешниҳод кардем, аммо ҳамагон рад карданд. Дар ин давраи басо пурталотум кӣ ҳам метавонад бори гарони давлатдориро ба дўш гирад? Ба гумонам ин масъала хеле тўл мекашад,- бо таассуф сар меҷунбониданд қиблагоҳӣ.

- Домуллоҷон Бобоев иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд магар?

- Бале. Тақдири минбаъдаи давлати тоҷикон раиси онвақтаи колхозро низ бетараф гузошта наметавонист. Ёд дорам, қиблагоҳӣ ширинии лимўдори пухтаи маро бениҳоят дўст медоштанд. Тановули он каме бошад ҳам он касро аз бемории фишорбаландӣ мераҳонид. Аммо ин навбат падар ба ширинии рўи дастархон гузошташуда нигоҳ ҳам накарданд. Ҳатто аз гулўяшон хўрок ҳам нагузашт.

«Қоиле, қоил! Ҳамин қадар бачаи таърифӣ-я. Лекин метарсам, ки увол нашавад», худ ба худ гап мезаданд он кас. Аҳли оила бо тааҷҷубу суоломез ба падар нигаристем. Падар андешаҳояшонро чунин иброз доштанд: «Имрўз Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов гуфтагӣ як ҷавон ба раиси Шўрои Олӣ шудан розигӣ дод. Чунон ҷавони таърифӣ, боодоб, боҷасорат, хушмуомила, ки мондан гиред. Ҷуръати ў ҳамаро қоил кард. Дар ҳоле, ки мардум нони хўрданӣ намеёбанд, вай ба бесарусомониҳои замона нигоҳ накарда, ояндаи чунин халқи азиму давлати бесаробонро ба дўш гирифт. Ба ҷуръаташ қоил шудан даркор», -мегуфтанд падар.

- Мардуми толор раиси Шўрои Олии навтаъинро чӣ гуна пазируфта бошанд?

-Ин суолро ман ҳам аз падар пурсон шуда будам. «Дар байни халқ миш-мишҳо зиёд шуданд. - «Ин ҷавон хатар ба ҷони худро қабул кард, на роҳбариро, мегуфтанд мардум», ҷавоб доданд он кас. Охир дар он давраи пурталотум ва кашмакашҳои сиёсӣ на ҳар кас чунин иқдом мекард.

Имрўз бо боварии том гуфта метавонам, ки агар инсон дорои ҷасорат бошаду бо тамоми ҳастӣ миллаташро дўст дошта, ба коре иқдом намояд, албатта ба он сазовор хоҳад шуд. Маҳз, ҷонфидоӣ, нотарсӣ ва шуҷоати раиси тозаинтихоби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрўз кишвар обод, мардумаш шод ҳастанду дар фазои сулҳу осоиштагӣ умр ба сар мебаранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат сазовору арзанда ҳастанд.

Мусоҳиб
 Шоира САЛИМОВА

Add comment


Security code
Refresh