Либоси миллӣ-инъикосгари фарҳанги миллӣ

Фарҳанг нишонаи ҳастии миллат, бақои давлат, муайянкунандаи ахлоқу завқи эстетикии ҳар як шахс мебошад. Маҳз фарҳанг муаррифгари иқтидору тавоноӣ, инъикосгари дастоварду арзишҳои оини рўзгордории ин ё он миллату халқиятҳо маҳсуб меёбад. Хушбахтона, халқи тоҷик дорои фарҳанги волову ҳуввияти баланд ва забони гуворо мебошад. Хусусан, фарҳанги либос, ки аз ниёгонамон омадааст, зебову дилрабо, нотакрор ва бемисл мебошад. Вазифаи мо насли ҷавон имрўз идомадиҳии чунин анъанаи шоистаи таҳсин, эҳёи ному фарҳанги волои гузаштагонамон мебошад. Мо бояд дар баробари бо лафзи ширину равони Рўдакиву Фирдавсиву Хайёму Ҳофиз сухан гуфтан, муаррифгари маданияти зебои либоси ниёгони хеш бошем.

Дар ташаккули раванди ҷаҳонишавӣ, инқилоби босуръати илму техника, дар натиҷаи дастрасшавии шабакаи интернет ва дигар намуди ВАО ба мардум фарҳанги либоси миллии тоҷик аз ду тараф ба таҳдид дучор гардид. Аз як тараф, тақлидкунӣ ба тарзи либоспўшии мардуми Аврупо мебошад, ки ба паст задани шаъну шарафи миллӣ ва номи неки ниёгонамон оварда мерасонад. Аз тарафи дигар, маданияти зебову нотакрори либоспўшии моро тақлиди мардум ба «либоси исломӣ» танг карда истодааст.

Раванди таҳоҷуми фарҳанги бегона дар заминаи тарғиби анъана ва урфу одатҳои бегона васеъ паҳн гашта истодааст. Мардум зери таъсири васоити ахбори омма ва зери фишори баъзе гурўҳҳо имрўз рў ба фарҳанги ғайр меоваранд, ки ин раванд боиси ташвиши давлату ҳукумат ва умуман, солимфикрони ҷомеа гардидааст. Андеша кардан сари арзишҳои миллӣ равшанфикронро водор кардааст, ки дар мавриди яке аз арзишҳои асосии ифодакунандаи ҳуввияти миллӣ, яъне либос низ андеша ва аз густариш ёфтани либоси қавмҳои дигар бо тарғиботҳои «либоси исломӣ» изҳори хатар ва нигаронӣ намоянд. Зеро, агар ба либоси миллӣ баҳои воқеи диҳем, маълум мегардад, ки барои ҳар як мусалмон комилан мувофиқ буда, ба нишондодҳои дини мубини Ислом зид нест. Ба назари мо таваҷҷуҳи мардум ба либос ва дигар падидаҳои маънавии бегонагон аз нокифоягии дониш вобаста аст. Онҳо вақте ки ифодаи «либоси исломӣ»-ро мешунаванд, гумон мекунанд, ки дар ҳақиқат он исломӣ мебошад, аммо дар фарҳанги исломӣ аслан либоси ягонае вуҷуд надорад. Агар саҳифаҳои таърихро варақгардон кунем, ҳар миллат дар тамоми давраҳои зуҳур ва ташаккули ислом либоси миллии худро ба бар мекард ва дар ин самт ягон маҷбуркунӣ ба назар намерасид. Даст кашидан аз либоси миллӣ беҳурматӣ нисбат ба миллат аст.

Интихоби либос ба синну сол ва мавқеи ҷуғрофии маҳал низ вобаста аст, зеро дар манотиқи гарм пўшидани либосҳои ранги сиёҳ ба саломатӣ зарар дорад. Ё баръакс, дар ҷойҳои сард пўшидани либоси ранги сафед ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба тарзи зиндагӣ таъсири манфӣ мерасонад. Доштани иқлими мусоид моро дубора водор месозад, ки идомадиҳандаи либоси миллии ниёгонамон бошему бо сари баланд онро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ намоем.

Арзишҳои миллию давлатдорӣ арзишҳои муҳиму ивазнашавандае мебошанд, ки новобаста ба манфиатҳои сиёсӣ, мавқеъҳо ва ақидаҳо аз ҷониби аъзои ҷомеа бояд ҳифз карда шаванд. Хусусан, дар замони муосир ин рисолат бояд ҳаматарафа иҷро гардад.

Тарбияи завқи эстетикии ҳар як шахс ҳанўз аз овони хурдӣ ҳангоми интихоби либос аз ҷониби волидайн ибтидо мегирад. Бинобар ин барои аз таҳоҷуми фарҳанги либоспўшии бегона эмин шудан бояд волидон саҳми бештар гузоранд. Тарғиботу ташвиқот тавассути ВАО, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, қабули қарору дастурҳои дахлдор аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз як тараф ва аз тарафи дигар дар пешгирии ин раванд назорату раҳнамоӣ, интихобу тарбияи завқи эстетикӣ ва эҳтироми маданияти миллии волидон вобастагии калон дорад.

 Аз миллату аз давлати хеш ёд кунед,

 Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

 Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

 Мардум бояд ба хубӣ дарк намоянд, ки бегонапарастиву тақлидкорӣ пеш аз ҳама теша ба решаи фарҳанги волои тоҷик мезанад. Фарҳанг, ки коста шуд, пояҳои давлат ноустувор ва ниҳоят амнияти ҷамъият халалдор мегардад. Агар аз надоштани либоси миллӣ мардум ночор майл ба сўи тақлид мекарданд, боиси ташвиш ҳам набуд. Аммо, чи тавре ки мушоҳида мегардад, бо вуҷуди ғановати фарҳанги либоси миллӣ солҳои охир ҳусни либоспўшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд.

Тадқиқоти сотсиологии соли 2015 нишон додааст, ки сабаби рӯ овардани занон ба либоси бегона мӯд пиндоштани чунин либосҳо ва намоиш додани мазҳабӣ будани худ, водорсозӣ аз ҷониби шавҳар ва дигар аъзои оила, инчунин, таъсири фарҳанги бегона тавассути тамошои кинофилмҳо ва дигар василаҳо мебошанд.

Фаромўш набояд кард, ки тарҳи либоси миллӣ, навъҳои матоъ, тарзҳои дўхтани он ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли асрҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ побарҷо хоҳад буд. Воқеан бо либоси зебои миллӣ зани тоҷик, чун олиҳаи ҳусн бемислу дилфиреб пеши назар ҳувайдо мегардад.

Хусусан, гулкориҳои моҳорона, куртачаканҳои чашмрабо, атласу адрасҳои пурҷило ва тоқиҳои беҳамтои бонуи тоҷик ҳамаро мафтун мегардонад, ки имрўз ҳам дар олам назир надорад. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва ин бешубҳа ба эҳёи баъзе аз унсурҳои аз байн рафтаи аҷдодони мо мусоидат мекунад. Раванди ҷаҳонишавӣ албатта, манфиати бештар дорад, ки мо онро инкор намекунем, аммо ин маънои даст кашидан аз фарҳангу забони миллиро надорад. ҳолати мазкурро ба назар гирифта, зарур мешуморем, ки барои пешгирӣ кардан аз раванди густариши паҳншавии либосҳои бегона, бояд як ҳамоҳангие миёни тарроҳон, фарҳангшиносон, идеологҳои давлатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба вуҷуд ояд. Дар ин масъала мо бояд нозукбину дурандеш бошем, ки ҳам ҳамқадами замон ва ҳам номбардори ниёгонамон гардем. Хусусан, бо истифода аз дастовардҳои муди имрўза омезиши моҳиронаро ба роҳ монем, то ин ки ҷаҳониён бо дидани матоъи сифатноку назарфиреб, тарҳи дилрабову бонузеби либоси тоҷик ангушти ҳайрат газанд ва ба ин ҳунару фарҳанги волои либоси тоҷик тақлид кунанд.

 З.Комилова,
омўзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва
фарҳаншиносии ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh