Ислом ба зоти поки худ надорад айбе

Имрўзҳо кўшишҳои давлатҳои абарқудрат баҳри тақсимоти ҷаҳон, дар амал татбиқ намудани сиёсати ҷаҳонишавӣ ҷомеаи муосирро ба буҳрони вазнини сиёсӣ-иқтисодӣ, терроризм ва зиддиятҳои динӣ-мазҳабӣ гирифтор намудааст. Ин раванд махсусан дар ҷаҳони ислом бештар эҳсос мешавад.

Яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, ин суръатёбии раванди радикализми (тундгароии) исломӣ ва терроризми трансмиллӣ ба ҳисоб меравад, ки дар айни ҳол, амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Ин раванд аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ сурат гирифта истодааст.

Давлатҳои абарқудрат ва исломӣ имрўзҳо тамоми кўшиши худро дар зери ниқоби ислом барои мақсадҳои ҷаҳонишавӣ истифода бурда, боиси хунрезиву хатарҳо гардиданд. Мисоли равшани он, ҷанг дар Ироқ, Яман, Сурия мебошад. Онҳо ба боварии халқ даромада, бо истифода аз ҷараёну мазҳабҳои гуногуни ислом мехоҳанд ба мақсадҳои ғаразноки худ расанд. Ба ин мақсад, бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни исломиро созмон додаанд, ки ташкилоти террористии ДИИШ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

ДИИШ бо роҳи даҳшатафканӣ ва нест кардани давлатҳои миллӣ дар Шарқи Наздик сабабгори нест кардани садҳо ҳазор нафар ва ёдгориҳои фарҳангию таърихии инсоният дар Шарқи Наздик гардид. Ин созмони террористӣ бо роҳи таъсиррасонӣ ба тафаккур асосан одамони бесавод ва қишри осебпазири ҷомеа – ҷавононро ба созмонашон бештар ҷалб менамояд. Имрўзҳо ҷалб намудани ҷавонон ба ДИИШ масъалаест, ки тамоми таҳлилгарон, сохторҳои қудратӣ, сиёсатшиносон ва дар маҷмўъ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Дар ҳадиси Паёмбари акрам (с) чунин баён шудааст: «Мусулмон касест, ки мусулмонон аз дасту забони ў солим бимонанд». Ин гуфтаҳо аз он далолат медиҳад, ки ҳатто мусулмоне аз дасту забони мусулмоне набояд озор бинад.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон бархўрди ақидаҳои динии бегона бо исломи суннатӣ дар солҳои охир баръало эҳсос мешавад.

Аслан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуз исломи суннатӣ таълимоти мактаби тасаввуф нисбат ба дигар мактабҳои ақидавӣ бештар ташаккул ёфта буд ва исломи суннатӣ дар ҷомеа мақоми хос дошт. Харакатҳои тозазуҳури динӣ мусулмононро аз рўи мансубияташон ба дину мазҳаб тақсим намуда, метавонанд замина ба тафриқаандозӣ дар байни онҳо гузоранд.

Ҳамин тавр, тарғиботчиёни ДИИШ бо истифода аз роҳҳои гуногун ҷавонони саргумзадаи кишварҳои Осиёи Марказиро ба сафи худ ҷалб намуда, онҳоро ба коми марг мефиристанд.

Ҳоло мехоҳем оид ба  баъзе роҳҳои ба ин созмони террористӣ ҷалб намудани ҷавононро нишон диҳем:

  1. Дар байни аҳолӣ паҳн намудани таълимоти бегонаи дини ислом, аз ҷула таълимоти салафия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон ба кишварҳои хориҷӣ, хусусан ба Федератсияи Русия.
  3. Сатҳи пасти саводнокӣ, ҷаҳонбинии маҳдуд, фазои холии тафаккури бархе ҷавонон ба тарғиботчиёни ДИИШ имкон медиҳад, ки бо осонӣ тафаккури ин гуна ҷавононро аз нав коркард намоянд.

Бояд қайд намуд, ки вақтҳои охир ташкилоти террористӣ, ҳизбҳои исломӣ бо пуштибонии баъзе аз давлатҳои исломӣ, хусусан Ҷумҳурии Исломии Эрон низоъҳои мазҳабии байни сунниҳо ва шиаҳоро эҷод карда истодаанд. Аслан дар байни суннимазҳабу шиъамазҳаб на бояд ягон ихтилофе бошад. Зеро ин ду ҷараён дар ислом баъди вафоти ҳазрати Муҳаммад (с) аз асри VII инҷониб вуҷуд доранд. Аммо душманони ислом ва сулҳу субот барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ, мехоҳанд байни ин мазҳабҳо низоъро эҷод намоянд.

Имрўзҳо ҳамин гуна хатар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла ба Тоҷикистон низ таҳдид мекунад. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванд ва мусулмон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ин дасисабозӣ нагардад, зеро ислом дини пок ва мукаммал аст. 

И. АБДУЛЛОЕВ,
дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии ДКМТ
А.САДРИДДИНОВ, 
сармутахассиси шуъбаи тарбияи ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh