Қонун « Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо» тақозои рушди ҷомеа

Соли 10-ум аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дорад. Он дар қонунгузории кишвар таҷрибаи нав буда, дар доираи манфиатҳои мардум таҳия ва қабул гардидааст.

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои муҳими зарурати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо зуҳур меёбанд. Анъана ва расму оин аз ниёгонамон то ба имрӯз расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо он бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбад. Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо барои гарон ба сари мардуми мо буд. Қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос дар иҷро намудани маросимҳо ва маъракаҳо пойбанди таасубу истироб гардида, ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшави дигари олам ба назар намерасад. Бинобар ҳамин қабул гардидани қонун саривақтист.

Қабули қонуни мазкур, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд, барои ба танзим даровардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст. Татбиқи он ва риояи талаботи қонун дар маҳалҳо ба ҳар яки мо вобаста мебошад. Тавре дар моддаи 1-уми қонуни номбурда омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст.»

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вазъи молиявии шаҳрвандон таъсири мусбат расонида, ба нигоҳ доштани  захираҳои пулии онҳо дар бонкҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Мувофиқи маълумоти  Бонки миллии Тоҷикистон, соли сипаришуда пасандози шахсони воқеӣ дар бонкҳо афзудааст.

Вобаста ба қабули қонуни мазкур, пеши роҳи сарфи зиёди маблағ дар баргузории маъракаҳо гирифта шуда, дастгирии молиявӣ ва моддии шахсони камбизоату ниёзманд бештар гардид.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо онҳо ба амалишавии қонун мусоидат карда, дар баргузории маърака ва маросимҳо ба мардум сабукҳои зиёд  овард.

М.Исмоилова, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ
 ва фарҳангшиносӣ 

Add comment


Security code
Refresh