Сарпарастони ҷанги шаҳрвандиро маҳкум бояд кард!

Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар Тоҷикистон марҳалаи нав оғоз ёфта, кишвари мо дар миёни ҷомеаҳои бузурги ҷаҳонӣ нуфузу эътибори комил ба даст овард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра Истиқлолият ба даст овард, аммо, мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ ҷумҳурии моро ба харобӣ овард. Кишвари мо ба гирдоби ҳалокатовару фоҷиабори ҷанг кашида шуд, бесарусомонии сиёсиву иҷтимоӣ ҳама ҷоро фаро гирифт.

Коршиносони сиёсӣ вазъи нобасомони онрўзи Тоҷикистонро таҳлил карда, сабабҳои аслии ҷанги дохилии тоҷиконро кори нодонҳои худӣ бо ҳамдастии бегонагон ба шумор оварданд. Гузашти замон ва таҳлили равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ бори дигар ҳақиқати ин нуктаро равшан кард. Имрўз исбот шуд, ки ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон сарпарастон ва иҷрокунандагон дошта, он маҳз бо тарҳи пешакӣ ва хадафмандона таҳия ва пахш шуда будааст. «Ҷанги шаҳравандии дохилии кишвари мо барои манофеи дохиливу берунӣ майдони амалисозии ғаразҳои ҷинояткорона ба ҳисоб мерафт» ва дар ин раванди пурхатари миллаткуш ватандорони асилу дилбастаи миллат вобаста ба шароити мавҷуд талош карданд, ки оташи ҷанги бунёдсўзи миллат хомўш шавад.

Тарроҳи аслии ҷанги ҳамватании Тоҷикистон бегонагон буданд, ки тарҳу равиши муносиб дар вайрон кардани ҳаёти осоиштаи Тоҷикистон, ангезиши нафрату адовати тарафҳо, ба муноқиша овардани гурўҳҳои даргири муқобил ба вуҷуд оварда, ҳадафмандона ва муғризона майл ва диққати фарзандони тоҷикро ба сўи худ кашиданӣ шуданд ва дар ин амр ба иддаи мақсадҳои ношоистаашон расиданд. Дар чунин ҳол дар ҳақиқат сатҳи пасти ватанпарастӣ, дарки рўҳиёти миллӣ ва ё ҳадафҳои дигари томравои ҳукуматхоҳӣ ва хоҳиши сарватманд шудан барои иддае аз фарзандони нохалаф имкон надод, ки ба аслу нияти муғризонаву нопоки бегонагон пай баранд. Аз ин рў, онҳо аз вайронкорӣ дар байни миллат, аз даст надоштан ба рехтани хуни ноҳақ рўй натофтанд. Ноустувор будани дарки ҳақиқии моҳияти Ватан ва ватанпарастии аҷдодӣ, аз ҳама муҳим, расидан ба манфиати фаровони моддӣ ва хоҳиши фурў рафтан ба фоидаи зиёд ба ин тоифаи фарзандони ватангурез имкон надод, ки дар сари ҳаёту мамоти миллат ва муаммои кишвар андеша кунанд, донишу кўшиш ба харҷ диҳанд, дар ин шароити ҳассос пайваста бо кишвари худ монанд, дасти мадад ба кишвар дароз намоянд, ҳамдигарро фаҳманд, якдигарро накушанд, обрўи худро дар хориҷ ва дохил нарезанд, барои ба ҳолати табоҳ овардани кишвари азизи худ роҳ надиҳанд.

Имрўз мо санади зиёди мустанад аз боби рухдодҳои ҳузнангези замони ҷанги шаҳрвандӣ, пиёдасозии рафтори нангини душман дар амалӣ шудани майлу нияти ғосибонаи душманони хориҷӣ дар даст дорем. ҳаводиси фоҷиавии Тоҷикистон дарси сабақест барои имрўзиён, ки минбаъд набояд ба ҳар тараф, ба ҳар гурўҳ рўи хуш ва дасти ниёз оранд, бо Тоҷикистон бошанд, бо андешаи Тоҷикистону тоҷикон монанд, дар роҳи расидан ба манофеи миллӣ аз сарчашмаҳои файзбори худӣ манфиат ҷўянд. Мо бояд моҳияти муноқишаҳои қавмии тоҷиконро дар охири садаи ХХ ва ибтидои садаи ХХI дарк кунем, муаммову мушкили сиёсиву иҷтимоӣ ва рўҳиву равонии кишварро дар солҳои хавфноки муноқишаҳои қавмӣ равшан намоем, то ба наслҳо дарси ибрат шавад.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ бо сарпарастии душманон, хоса давлати Эрон ҳазорҳо мардуми тоҷик қатл, овора, хонабардўш ва бечора шуданд. Куштори рўҳиву ҷисмии шахсиятҳои бузурги миллат – сиёсатмадорон, олимон, адибон, рўзноманигорон рахнаи азим ва фоҷиаи муассир дар раванди зисту зиндагонии Тоҷикистон мебошад. Ин тоифаи равшангари роҳи фардои дурахшони миллат бо дастони худ ва супоришу ҳамдастии бегонагон, бо амали муғризонаи нерўҳои эронӣ ба нестӣ расидаанд. Аз байн бурдани нерўҳои пешбари миллат, амсоли Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҷоҷ Ғуломов, Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳимзод, Отахон Латифӣ, Ҷумъахон ҳотамӣ, аз аҳли сиёсат ва ҳуқуқ Сафаралӣ Кенҷаев, Каримҷон Юлдошев, ҳабиб Сангинов, Собирҷон Бегиҷонов, Нурулло Хайруллоев, ходими маъруфи дин Фатҳулло Шарипов ва садҳо дигарон нишонаи разолат ва ваҳшигарии қавмӣ аст, ки набояд дар ҷомеаи маънавиятсиришт ва фарҳангпарвар рух медод.

Ин амр сабаб гардид, ки генофонди миллӣ ва мағзҳои фарҳангӣ аз ночории айёми кулфатзо рў ба паҳну парешонӣ оварданд ва нерўҳои ақливу илмӣ аз ҳам ҷудо шуданд, пойтахти кишварро тарк карданд, мавҷи муҳоҷирати дохиливу хориҷии аҳли донишу хирад зиёд гардид. Аз ваҷҳи авзои нобасомон онон ҷуз рўй овардан ба ин амр дигар чора надоштанд. Дар ин ҳолати барои миллат вазнин, бо истифода аз кундии худӣ ва тундии душманони хориҷӣ хулосаҳое ба миён омаданд, ки ба воқеияти кишвар ва «асл»-у «ният»-и онрўзаи мо ишора мекунанд: тоҷикон ба ҷои даст ба дасти ҳам додан оташи ҷанги дохилӣ афрўхтанд ва хуни ҳамдигарро ба замин рехтанд.

Ин бешубҳа баёнгари ҳаводиси мудҳишу партаҳлука аст, ки ба сари кишвари мо омад, аҳли миллатро ба вартаи ташвишу нигаронӣ афканд. Хушбахтона, имрўз дар ҳоли осоиш қарор дорем ва рўзи нобасомонро пушти сар партофтем. Имрўз, хушбахтона, ба башараи манфур ва адоватовари силоҳбадастони солҳои 90-уми асри гузашта бо сарпарастии Эрон мувоҷеҳ нестем. Талошҳои Пешвои миллат дар самти дарёфти зиндагии хуш ва осоишта, азму суботи амнияти миллӣ ва давлатии мо дар роҳи ба ҳуш овардани мардум ва насли имрўз аз асли ҳаводиси фоҷиабори миллат дар сатҳи хеле назаррас қарор дорад. Зуҳури нерўҳои ҷанговаре мисли Назарзода ҳалим ва пайкорҳои тахрибкори ў ҳамеша моро ба ҳушдорӣ ва ҳушёрӣ меорад, то дар оянда ҷилави чунин пайкорҳо боз ҳам бештар гирифта шавад.

Дар фурсати беш аз бист сол албатта дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ, сабабҳо ва омилҳои рўи кор омадани он кўшишҳое хуб ва босамар анҷом ёфтаанд, дар ин замина асари зиёде таълиф ва барномаву филмҳои арзишманде ба миён омаданд, ки ҳар кадом ба ҷиҳате рўҳия ва моҳияти рўйдодҳои он солҳоро ифода мекунанд. Имрўз дар Тоҷикистон коршиносон ин факти муҳимро муқаррар карданд, ки дар хароб кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон даст ва саҳми Эрон калидӣ аст. Мундариҷаи аслии кори тахрибкорони ҳаёти осоиштаи кишвар аз амалҳои таркиш, ҳамла ба нақлиёти низомӣ, ҳуҷум ба дидбонгоҳҳои ҳарбию низомӣ, даст задан ба ҷиноятҳои дорои характери диверсионӣ, куштори кормандони ҳарбӣ ва низомӣ, ходимони барҷастаи ҷамъиятиву сиёсӣ ва ғайра иборат аст. Имрўз дар асоси далелу санади фаровон маълум гардид, ки нақши ҳарчи бештари номатлуби ҲНИТ ва Назарзода ҳалим, ҳамчунин, дастгириву пуштибонони моддии Эрон дао ин замина ҳарчи бештар будааст. Маводи мавҷудбуда моро аз решаҳои вуқўи ҳаводиси сиёсии Тоҷикистон огоҳ месозад. Моро бо сабабгорони аслии ҳодиса ошно мекунад ва симои ҳақиқии фарзандони шум ва саркардаи ҷанги қавмии тоҷикро дар тарҳи диверсантҳои хориҷӣ равшану аниқ мегардонад: Аз ҷумла, яке аз нафарони меҳварӣ дар ин кор Абдуқодир Абдуллоев мебошад, ки ҳамчун роҳбари гурўҳи ҷиноятпешагони муташаккил дар амри афтондани қомати Тоҷикистон ва сиёҳ кардани чеҳраи кишвар нақши муҳим бозидааст. Аз рафти сўҳбаташ шахси таҳсилдида ва таълимгирифта буданаш ошкор аст. Ў ба назар нафари хеле доно ва огоҳ аз таъриху фарҳанги миллӣ менамояд, бо забони равону фасеҳ сухан мегўяд, мақоми зиёиён ва равшаншгаронро дар таърих хеле хуб медонад, дарк мекунад, аммо, донишу қудраташ сарфи иҷрои мақсаду нияти хоҷагони хориҷӣ шудааст. Ў тибқи нақшаи хоҷагони хориҷӣ ва супориши роҳбарони дохилӣ дар сафи аввали вайронкорӣ, куштор ва ҷиноятҳои муташаккил қарор гирифтааст. Яке аз мақсадҳои муҳиму усулии ҷинояткорон аз инфиҷори дивизияи 201-уми Русия ва куштани 22 нафар корманд ва афсари он танг кардани ҷойгоҳи ин ниҳоди қудратии низомии ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, «ба вуҷуд овардани низоъ ва нобоварӣ», «номўътадил кардани сатҳи муносибатҳои сиёсии роҳбарони Тоҷикистону Русия» ва, мутаносибан, афзудани нерўи дохилӣ барои таъсиси давлати исломӣ дар қаламрави тоҷикон будааст. Аз ин раҳгузар нуктаи муҳим он аст, ки мақсади асосии сиёсати давлати Эрон дар Тоҷикистон аз байн бурдани дивизияи босалоҳияти рус дар он рўзгор, мустақар ва устувор намудани армияи эронӣ бо ҳадафи пойдор сохтани давлати комилан нави исломӣ дар қаламрави имрўзи тоҷикон будааст.

Дигар аз тахрибкори фазои кишвари мо Тағоймурод Ашрапов – нафаре даркорӣ барои хориҷиён аст. Ў аз соли 1995 ба таълими махсуси диверсионӣ ҷалб шуда, аз соли 1997 амалан ба сарнагун кардан ва аз байн бурдани қишри умдаи равшанфикрон, уламо, донишмандон, адибон ва рўзноманигорон камари ҳиммат баста, ин амрро аз ҳадафҳои меҳварӣ дар роҳи устувор шудан дар миёни мақомоти мухолифин донистааст. Ў ба ин васила ҳамкории густурдаашро бо роҳбаронаш – ашхоси вайроновар ва зараррасони кишвар собит мекунад. Ин паёмади нангин то чӣ андоза рўҳиёти нопоку ноустувори ин гуна тўдаи разолатро равшан собит мекунад. Ба ин маънӣ, фаъолияти хатарноки нафарони миллаткуш, амали итоаткори онон ба хоҷагони хориҷиву дохилиашон бо асноди фаровон барои мо исбот шуд. Онҳо бо рафтори ношоями ҷинояткорӣ номашонро бо ранги сиёҳ ба таърихи навини Тоҷикистон сабт кардаанд. Саймуҳриддин Қудратов низ аз нафарони хуб обутобёфта дар мактаби диверсантони хориҷӣ аст, ки дар қатли оми ашхоси хос кудуррат ва дасти пурқудрате доштааст.

Кори меҳварии инҳо «шикори» аҳли зиё ва сиёсатмадорон, куштори шахсиятҳое аст, ки нуфузи ҳарчи бештареро дар ҷомеа соҳиб буданд ва мо онҳоро дар боло ном гирифтем. Онҳо бо ҳамдастии душманон қатли сиёсатмадори номвар, ҳуқуқшиноси шўҳратманд, публитсисти шўълавар Сафаралӣ Кенҷаев хостаанд, ки нафрату адовати мардумро ба ҳукумати феълии Тоҷикистон бештар намоянд ва дар вусъати ин андешаи мардум, ки гўё «Сафаралӣ Кенҷаев қурбони рақобати сиёсӣ шуд ва фаъолияти сиёсии ў ба ҳукумати вақт халал мерасонид», «саҳм» гузоштанд. Аммо воқеияти аслии сиёсати Тоҷикистон ва ошкор шудани уқдаи рўйдодҳои сиёсии он ҳақиқати раднопазири марги ин сиёсатмадорро собит сохт.

Ишора воқеаҳои қум ва куштори мардум

Имрўз саркардагону иҷрокунандагони фоҷиаҳои тоҷикон нуктаи заъф ва гумроҳиашонро пай бурданд, акнун онҳо аз моҳияти хиёнат ва саҳнасозиҳои сиёсии хориҷиён дар роҳи афтондани Тоҷикистон огоҳ шуданд, ба ҷойгоҳи ҲНИТ чун ҳизби террористӣ ва ба вуҷуди Назарзода ҳалим ва Муҳиддин Кабирӣ чун шахсиятҳои ҷиноятпеша ва динфурўш бовар пайдо карданд, ки дер шудааст. Бо вуҷуди ин, насли имрўз, ҷавонони ҳушманди миллат бояд аз ин ҳаводис сабақ гиранд, пайгири ин гуна роҳу равиши диверсантӣ, ифротравӣ ва ифротандешӣ нашаванд. Ин пушаймонии фарзандони нохалаф, гумроҳӣ ва нодонии онҳо ба сари миллат оби сард рехт, сарсупурдагону пешравони илму фарҳанг ва сиёсати кишвари Тоҷикистонро қатл шуданд. Имрўз ва дар оянда набояд барои ба чунин ҳолати табоҳ ва вартаи ҳалокатбор рў ба рў шудани Тоҷикистон ва тоҷикон роҳ диҳем. 

Add comment


Security code
Refresh