Мо роҳи худро интихоб кардем

Дар охири қарни 20 ва ибтидои асри 21 инсоният ба хатари ҷиддӣ мисли ифратгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.

Имрӯз масъалаи “муносибати ислом ба терроризм” масъалаи актуалӣ буда, ба худ муносибати ҷиддиро талаб мекунад. Оиди ин масъала ақидаю гуфтугузорҳои зиёде баён гашт. Ташхиси ин ақидаҳо исботи он аст, ки “терроризм” эҷоди шуур буда, берун аз ислом аст.

Шуури халқии исломӣ мусалмононро аз терроризм ва ифротгароӣ ҳифз менамояд. Мафҳуми “ислом” аз калимаи арабӣ “салом” реша гирифта маънояш “сулҳ” мебошад. Дар ислом ҳаёт ва озодии инсон муқаддасанд.

Асос ва моҳияти исломро нияти неки муслимин ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта, мероси таърихии худро зинда нигаҳдорӣ намояд. Табиист, ки ҳар миллату давлат дар интихоби арзиш ва меросияти таърихӣ бояд манфиатҳои миллат, давлат ва наслҳои ояндаро мадди назар бигирад. ҳамаи мо медонем, ки дар ҷомеаҳо бояд тартибу низоми муайяне барқарор бошад, то ҳуқуқи инсон риоя гардад ва монеа барои зиндагии осоиштаи онҳо ба вуҷуд наояд. Аммо гоҳе падидаҳое ва ҳодисаҳое дар натиҷаи иртиботҳо ва муомилаҳои инсонҳо эҷод мегардад, ки сабаби баҳрам хӯрдани осоишу оромии онҳо мешаванд...

Мо набояд таърихи худро фаромӯш намуда амнияти кишварамонро дар хатар монем, зеро созандаву ободкунандаи ҷомеа ҳамаи мо ҳастем.

Имрӯз тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолт талош бар он доранд, ки дар устуворӣ таҳкими истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар чи бештар саҳм гузоранд. Аммо баъзе нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва ҳаддамимкон кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд.

Бояд ёдовар шуд, ки роҳбари собиқ ҳизби наҳзати ислом олими беамал Муҳиддин Кабирӣ, ки барои ин Ватан ягон кори хайре накардааст, дар робита бо шогирди худ Амрушоҳи Низом боз мехоҳад ба сари ин миллати ҷафодида нохушиҳо биёрад.

Магар фаромӯш шуд, ки Пешвои миллати тоҷикон, Президенти кишвар дар Иҷлосияи таърихии 16-ум, роҳбарии як давлатеро, ки дар хазинааш як пули сиёҳ надошту аз паси ҳар кӯчаву пасткӯчаҳояш садои тиру нолаву афғони модарону хоҳарон мебаромад, ба зимма гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки унсурҳои ҷиноятӣ, гурӯҳу ҷунбишҳои харобкори террористӣ як идда ҷавонони гумроҳро зери “қанот”-и худ гирифта, барои хеш навкарони фармонбардор омода месозанд, ки онҳо қодир ҳастанд ба ҳама гуна амалу кирдорҳои ҷоҳилонаю ғайриинсонӣ даст бизананд. Хушунат, хусумату бадбинӣ, ситезаҷӯй нисбат ба давлату ҷомеа дар ниҳоди онҳо ба ҷои ақлу андеша некхоҳию некӯкорӣ маскан мегузорад. Дар натиҷаи оромию осоиши ҷомеа халалдор мешавад ва ҳаёти худашон низ дар вартаи хатар қарор мегирад.

Бояд ёдрас шуд, ки мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем, аммо гурӯҳи ифротгароии Давлати Исломии Ироқу Шом амалҳое анҷом медиҳад, ки бетараҳҳумии онҳоро таърих кам дар хотир дорад.

Қобили тазаккур аст, ки дар замони баромади ҷараёни тундгароии террористӣ ва экстремистӣ дар ниқоби дини мубини ислом, ки боиси паст задани арзишҳои фарҳангии он мегардад, дақиқу аниқ омӯхтани пайдоиш ва истисмори дини мубини ислом ва афкори мазҳабҳои он амри зарурӣ ба шумор меравад.

Зеро ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳи ин аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатвор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ, содир карда мешавад. Аз ин рӯ, маърифату таърихи дину мазҳаби худ ба ҷомеаи мо, махсусан ҷавонону донишҷӯён, ки меросбари фарҳанги гузаштагон ҳастанд, дар чунин шароиту вазъи зудтағирёбандаи ҷаҳон ҳатмист. Яке аз сабабҳои шомил гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав огоҳии комил надоштани онҳо аз моҳият ва таълимоти ахлоқиву фикрии дини мубини ислом ба шумор меравад, ки онро гурӯҳҳои ифротгаро ба манфиати худ истифода бурда истодааст”.  

Гуфтан ба маврид аст, ки мо бояд ба қадри осудагӣ расем, соҳибистиқлолии ватанамонро дӯст дорем ва дар пешрафти он саҳми худро гузорем.

Дар аксарияти нигоштаҳо дар бораи “Исломи сиёсӣ” ва терроризму экстремизм ва ба сафи ДИИШ (Давлати исломии Ироқу Шом) пайвастани иддае аз ҷавонони тоҷик маълумотҳо пешниҳод намуда, иддае аз муаллифону таърихнигорон оид ба сабабҳои ба миён омадини терроризм, экстремизм, тундгароӣ ва оқибатҳои офатбори он ва роҳҳои халосӣ аз он баҳсҳои доманадор рӯи кор овардаанд.

Чуноне, ки аз расонаҳои хабарӣ бармеояд, ин сохтор (ДИИШ) яке аз доротарин ташкилотҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Ҷавонон бояд воқиф бошанд, ки симои аслии ДИИШ ба исломи асил ва суннатҳои он иртиботе подорад. Мо бояд огоҳ бошем, ки идеологияи ДИИШ аз таълимоти Салафия сарчашма мегирад ва он соф террористию ифротгароӣ ва хилофи дини мубини ислом аст.

Ҷойизи қайд аст, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчи бештар саҳм гузоранд. Аммо баъзе нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва ҳаддалимкон кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд.

Дар ин асно мо бояд фарзандонамонро баробари таълиму тарбия додан, онҳо, ки ояндаи миллати мо ҳастанд, ҳушдор намоем то ки ба равияҳои бегона нагараванду ҷони худро ба зери хатар нагузоранд. ҳамчунин ба бегонапарастӣ хотима бахшида аз арзишҳои миллии худ ба худ истифода баранд. Либосҳои миллии худро ба бар намоянд, ки ин хеле ба ҷавондухтарону бонувони тоҷик зебанда аст. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки ба андешаи сиёсатмадорони дунё Сулҳ дар Тоҷикистон вазъияти мӯътадили минтақаро, ки ба он экстремизму терроризми ҷиддӣ таҳдид менамуд, устувор сохт. Имрӯз тоҷикону тоҷикистоноён баҳри осудагиву тинҷии мамлакати биҳиштосоямон мекӯшанд.

Мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки имрӯз зиндагии шоистаро дар ватани маҳбубамон дарёфтем. Бинобар дигар нагузорем, ки ғаразҳои душманони миллатро нодида гирем ва даст ба даст кифт ба кифт ҳамдигарро аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб нигаҳдор бошем.

Ӯ. Умаралиева,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров, дотсент 

 

Add comment


Security code
Refresh