Ҷавонон арзишҳои даврони Истиқлолиятро қадр мекунанд

Чуноне, ки иттилоъ дорем аз ВАО дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро таркишҳои мудҳиши террористӣ ва тирпаррониҳои шадид такон дода истодааст.

Ягон дине, дар ҷаҳон нест, ки инсонро ба зӯроварию ваҳшонияту гаровгонию инсонкушӣ даъват намояд. ҳар як дине, ки дар ҷаҳон пайдо шудааст, мардумро ба тиниҷию осоиштагӣ тарғибу ташвиқ мекунад. То якдигарро дӯст доранд, хиёнат ба ҳамдигар накунанд, муносибати некбинона бо якдигар дошта бошанд, шаҳодати дурӯғ надиҳанд ва дуздӣ накунанд. Акнун ин чӣ хел исломи муосир аст, ки тамоми ҷаҳонро ба ларзиш оварда истодааст, ба осудагии мардум халалдор мекунад. Дар ҳоле, ки Исломи нобу пок ҷангу хунрезиро ҳаром эълн кардааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз Тоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкорифу офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як сокини кишвар кўшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Мардум  сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дилу ҷон пазируфта, аз доштани  чунин роҳбар ифтихор мекунанд. Ободшавии мунтазам дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақб, ГЭС ва роҳҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ,  корхонаву муассисаҳо  дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалимаш афзун гардонида,  ризоияти онҳоро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи  давлату ҳукумат дучанд месозад. Инчунин, ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо аксари мамолики олам, ки барои сокинони Тоҷикистон дар густариши соҳаи тиҷорат, санъату фарҳанг, варзишу ҳунармандӣ, тиббу сайёҳӣ, хусусан дар ташаккули таълиму тадрис ва мубодилаи таҷрибаҳо имконияти васеъро фароҳам меоварад, тақвиятгари гуфтаҳои болост.

Мо, дар кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар зери парчами дурахшони сулҳу ваҳдат умр ба сар мебарем. Хушбахтона, имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътиқоди шаҳрвандон нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботи тамоми мардуми ватанамон мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикистон, аксари сокинони меҳанамон ба дини Ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накўкорӣ, меҳнатдўстӣ, инсондўстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рўй оварданд.

Мо, зидди фаъолияти ташкилотҳои динӣ нестем. Аммо пўшида нест, ки мақсади асосии ҳизб - ба даст овардан ва истифодаи ҳокимияти сиёсӣ аст. Пас, ҳадафи асосии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ низ  ташкили «Давлати исломӣ» аст, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз тарафи дигар, маҳз дар давлатҳои динӣ аз қабили Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Куввайт, Ливия, Уммон, Эрон, Ватикан ва ғайраҳо ташкили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ки характери сиёсӣ дорад, қонунан манъ аст. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки худи дин ва аҳкоми динӣ барои ташкили гурўҳҳое, ки ба гирифтани ҳокимият нигаронида шудааст, зид мебошад.

Ислом дини озодӣ, ростӣ, инсондўстӣ ва покӣ мебошад. Агар аъзоёни ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ҳидоятгари роҳи рост мебуданд, имрўз ба манфиати давлат ва ҷамъият фаъолият мебурданд, барои ҳушдор кардани ҷавонон дар радифи давлат корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мебурданд, на баръакс. Мутаассифона, маҳз ҳизбу ҳаракатҳои гуногун боиси гумроҳии ҷавонони тоҷик гардида истодааст. Аммо ин гурўҳи ҷавонони ноогоҳ аз аслу номи Ислом бар зидди ислом мубориза мебаранд. Ин ҳодиса боиси паст гардидани обрӯву нуфузи ислом дар ҷаҳон мегардад. Имрӯз ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон равшану фаҳмост, ки ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва иттиҳоди гурӯҳҳои мухолиф барои чӣ бештар ба нерӯи ҷавонон такя мекунад. Агар Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон соли 1997 ба имзо расида бошад, пас то имрӯз 20 сол сипарӣ мешавад, ки тифли яксолаи ҳамон сол имрӯз ҷавони 20- сола – субъекти муносибатҳои сиёсӣ гардид. Ҷавоне, ки даҳшати  ҷанги шаҳрвандиро надидаву эҳсос ҳам накардааст. Бинобар ин аз ҳисоби чунин ҷавонон ва маккорона истифода бурдан, ман фикр мекунам, нишони фитрати пастии инсон ва бешарафист!

Зеро, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки воқеан ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва иттиҳоди гурӯҳҳои мухолиф аз меҳвари манфиатҳои миллӣ кайҳо берун рафта, ба ақидаҳои ифротӣ наздик шудаанд.  Ҷавонони равшанфикр ба дурустӣ дарёфтаанд, ки ҳизби мамнўи наҳзати исломӣ ба ғайр аз таблиғи ғояҳои сиёсӣ ҳадафи дигаре надорад. Имрӯз дар тамоми шабакаҳои интернетӣ ҷавонони зиёде фирефтаи ваъдаҳои зиёди роҳбарияти ин ҳизби сиёсӣ шуда, ҳамсафону ҳамраҳони худро гумроҳ месозанд. Дар чашму зеҳни ҷавонон аз бунёди хаёлии давлату кишвари афсонавие сурату маводҳоро ҷилвагар сохта, пешравию ободонии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро хурду ҳақир ва ночиз нишон медиҳанд. Фаъолияти ҳизби мамнўи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ва пинҳонкориҳои аъзоёни таблиғгару сияҳкори он тадриҷан хатарҳои нав ба навро барои ҷомеаи кунунии мамлакат ба бор оварда истодааст.

Мусалмон он шахсе, ки бо дасту забонаш касеро озор надиҳад. Пас, ин шахсон кӣ ҳастанд? Дар ягон қонуни зиндагӣ ва Сарқонуни тамоми ҷаҳон гуфта нашудааст, ки инсонро аз зиндагӣ маҳрум сохта, ин қадар инсонҳоро аз пайвандонашон ҷудо сохта истодаанд. Марги садҳо нафар кушташудагон бар гардани кист? Акнун чаро амалҳои террористӣ бо номи давлати исломӣ ин қадар модаронро сӯзу гудоз менамояд? Аз чунин амалҳои мудҳиши террористӣ тамоми фарзандони ҷаҳон бераҳму шафқатӣ меомӯзанд, на ин ки инсону инсонгароӣ. Оё он  шахсҳое, ки ба чунин амалҳои зишт даст мерасонанд, модар, фарзанд, бародар, хоҳар надоранд магар?

Ҷавонони замони истиқлолиятро ба сулҳ, ваҳдат, ягонагӣ тарғибу ташвиқ намуда, орзу дорем, ки давлатамон рушд намояд ва намегузорем, ки нохалафе ба амнияти истиқлолияти мо далолат намояд. Мо, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи давлати азизамон ҳастем.

Мусабеъхон Қурбонова,
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ
ва фарҳангшиносӣ 

Add comment


Security code
Refresh