Оғози марҳилаи давлатсозии навини тоҷикон

Тоҷикистони азизи мо аввали солҳои 90-уми садаи бист ба арсаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Гурӯҳҳои мухолиф, шахсони мансабталаб, бадхоҳони дохиливу хориҷии миллати куҳанбунёди мо намехостанд, ки мардуми тоҷик аз самараҳои истиқлолият баҳраманд гардад.

Вазъият, бахусус тирамоҳи соли 1992 хеле муташанниҷ гардид. Тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, кор то ҷое расид, ки чанд тан бесаводу модарбахатои одамсурати ҳайвонтабиат Президенти қонунии аз ҷониби халқи мамлакат интихобшударо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе гаравгон гирифта, ба истеъфо додан маҷбур намуданд. Хатари ҷиддии маҳв шудану аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба амал омада буд.

Фарзандони ҷасуру сарсупурдаи миллат, намояндагони мардумии Шӯрои Олӣ бо дарки амиқи таҳдиди хатар ба халқу миллат ва нобудшавии мамлакат бар зидди  ҷангу талошҳои бемаънӣ, ҷудоиандозии душманон, ба гуфтаи мардум, аз як гиребон сар бароварданд.

Баъди саъю талошҳои пайгирона ва маслиҳату машваратҳои зиёди қувваҳои солимфикри ҷомеа ниҳоят имконияти мусоид фароҳам омад. Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби колхози ба номи Ӯрунхӯҷаеви ноҳияи Хуҷанд (алъон ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров) Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд. Дар чунин вазъияти  ҳассос барои миллати тоҷик ва мамлакати Тоҷикистони соҳибистиқлол сарваре лозим буд, ки воқеан миллатдӯст бошад, барои сулҳу ваҳдат, ҳатто ҷони худро дареғ надорад, роҳбаре лозим буд, ки манфиатҳои миллатро аз ҳама гуна манфиатҳои қавму маҳал болотар донад. Ва муҳимтар аз ҳама, роҳбари оқилу доно ва хирадманд лозим буд. Хушбахтона, ба таъбири устод Лоиқ Шералӣ “Раҳми Парвардигори мо омад, Нури ҳақ бар диёри мо омад”. Намояндагони мардумӣ якдилона фарзанди фарзонаи сарзамин, сиёсатмадори  зираку ботамкин ва дурбин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарвари давлати ҷавони Тоҷикистон интихоб намуданд. Ин иҷлосия, ки дар он паёми сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик ба таври қатъӣ садо дод, дар таърихи Тоҷикистони навин марҳилаи навро боз намуд. Сарвари ҷавону умедбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол аз минбари иҷлосия ба ҳайси раиси тозаинтихоб гуфта буданд:

-Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро қурбон месозам.

 Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, ки ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбариро ба ҷомеаи Тоҷикистон дод, ҳамзамон ба дӯши ӯ вазифаи пурмасъулият-бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол ва демократиро вогузошт. Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сармеъморе баргузида шуд, ки мебоист на фақат иморати аз ҷанг вайроншудаи давлати тоҷикро тармим кунад, балки сохтмони онро дар пояҳои устувору қавии сифатан нав таҳким бахшад.

Дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчунин рамзҳои давлатӣ Парчам, Нишони давлатӣ тасдиқ гардида, ҳукумати қонунӣ таъсис ёфт, ки созмон додани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро мақсади асосии  хеш қарор дод. Саъю кӯшишҳои хайрхоҳонаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба мақсадҳои наҷиби меҳанпарастӣ ва умумибашарӣ таҳти роҳбарии дурандешона ва ғамхоронаи Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оштии миллӣ, оташбас ва ваҳдату ягонагӣ, муттаҳидию якпорчагии сарзамини тоҷиконро дар заминаи машварату қарордодҳои байналмилалӣ пайваста таъмин намуда, бо дастгирию миёнаравии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва кишварҳои кафили сулҳ-Россия, Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон ва ӯзбекистон дар доираи ризоият ва ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон таҳким бахшиданд.

27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд. Ин санад ба муқовимату муборизаҳои байниҳамдигарӣ дар кишвар хотима бахшида, оғози марҳилаи нав ва осоиштаи тараққиёти давлати соҳибистиқлол гардид.

Ҳамин тариқ, аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки он ба халқ ва давлат роҳбари сазовору нотакрорро пешниҳод намуд, пеши роҳи нобудшавии халқу миллатро гирифт, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохт, ба ваҳдати миллӣ замина гузошт ва, билохира, Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат ба арсаи саломат баргардонд.

Мо, мардуми шарифи Тоҷикистони азиз бояд аз он сарбаланд бошем, ки бо роҳи муайяннамудаи Иҷлосияи тақдирсоз таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи боз ҳам дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодаем.

Раҳматов Шӯҳрат,
ноибдекани факултети филологияи тоҷик,
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh