Саховатмандиву дороиро дар харҷи беҳудаву бемаврид намоиш додан амали инсонӣ нест

«…То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриву баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10 - солагии қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 –уми июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия гардидаанд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бори дигар исбот намуд, ки сиёсати давлати мо барои беҳтар намудани сатҳи молиявӣ ва зиндагии мардум равона шудааст. Дар доираи қонун фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятиро моддаи 51 танзим намуда, чунин комиссияҳо новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқии корхонаву идораҳо, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, таъсис дода мешаванд. Ин модда комиссияҳои ҷамъиятиро вазифадор менамояд, ки ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шудан ва ба исрофкориву зиёдаравӣ  роҳ  надодан дар доираи тағйиру иловаҳо ба моддаи 7 қисми 4 илова гардид, ки ин мазмуни иҷтимоию иқтисодӣ дорад. Инчунин, дар асоси қонун тавсия дода мешавад, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд.

Мутобиқи моддаи 9 тӯйи хатна аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд бо розигии падару модар дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронда мешавад. Тағйиру иловаҳои қонуни мазкур уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар гузаронидани ҷашну маросим бо риояи талаботи қонуни мазкур боз ҳам таъкид намуда, дар сурати риоя накардани талабот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудани онҳоро пешбинӣ менамояд. Инчунин, дар сурати аз ҷониби доираҳои номбаршуда ва фарзандони онҳо ошкор шудани ҳолатҳои қонуншиканӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.

Дигаргуниҳои ҷиддӣ ба моддаи 11-уми Қонуни амалкунанда, ки маросими дафну азодориро танзим менамоянд, тавсия гардидаанд. Мувофиқи ин пешниҳодҳо тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом бояд гузаронида шаванд. Аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими дигари манъшудаи «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» низ забҳи чорво ва додани таом манъ карда мешавад.

Ба моддаи 12-уми Қонун тағйирот пешниҳод карда шуда, гузаронидани маъракаи «ҳоҷизиёрат» манъ карда мешавад. Илова бар ин тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки ҳангоми баррасии он таклифҳои шаҳрвандон ба инобат гирифта мешаванд.

Қабули Қонуни мазкур пеш аз ҳама, барои инкишофи ҳаёти иҷтимоии мардум равона шудааст. Инчунин, барои истироҳати шаҳрвандон ва дамгирии онҳо шароит фароҳам месозанд. Аз ин лиҳоз, дар кишварамон туризми иҷтимоӣ тараққӣ мекунад. Объектҳои туризми иҷтимоӣ–системаи транспортировка (нақлиётгузорӣ), ҷойгиркунӣ, хурду хӯрок, истироҳат ва сайёҳат, ташкили индустрияи хуби истироҳатӣ, муолиҷавӣ, захираҳои туристӣ, ки бешубҳа ғакли дигарро мегирад.

Хулоса, саховатмандиву дороиро дар харҷи беҳудаву бемаврид намоиш додан амали инсонӣ нест, балки ободу зебо гардонидани ин ё он гӯшаи нообод, дасти ёрӣ дароз намудан ба табақаи камбизоату муҳтоҷ, пирони барҷомонда, ятимону маъюбон нишонаи дурусти саховатмандиву хайрхоҳии инсонҳо мебошад. Тағйиру иловаҳои дар лоиҳа пешниҳодшуда мутобиқати комил бо муқаррароти фарҳанги миллӣ ва омӯзаҳои динию мазҳабии мо доранд ва асосан ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои мардум таҳия шудаанд. Ин амалҳо пеш ҳама, аз ватанпарастӣ ва изҳори ғамхории бепоён ба миллати худ гувоҳӣ медиҳад. Дар ин маврид Пешвои миллат чунин мегӯяд: «Вазифа ва қарзи ҳар як соҳибватани бонангу номус аст, ки барои тарбияи фарзандон, соҳиби касбу ҳунар шудани онҳо кӯшиш намояд, Ватанашро на дар сухан, балки дар амал дӯст дорад, онро ободу зебо гардонад, дастовардҳои ҷаҳони муосирро омӯхта, онҳоро дар Тоҷикистон, ки фардои дурахшони ҳар яки мо мебошад, амалӣ намояд, ҳастии худро бо ҳастии ин марзу буми муқаддас пайванд шуморад ва ба хотири пешрафти он ҳамеша ҷаҳду талош намояд».

Равшан Усанов,
дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh