Муттаҳид бошем

Бани одам аъзои якдигаранд, ки дар офриниш зи як ҷавҳаранд

Агар узве ба дард оварад рӯзгор дигар узвҳоро намонад қарор

Саъдии Шерозӣ 

Имрӯз дар замони  ҷаҳонишавӣ, замони бархурди тамаддунҳо бархӯрди ақоиду афкор, кашмакаш ва зиддиятҳо, бархӯрд миёни дингароёну дунявиён давом дорад, ки ҳамаи ин мардуми шарифи Тоҷикистони азизи моро бетараф гузошта наметавонад. Ин зиддиятҳо то  дараҷае расида, ки мардум роҳгум задаанд ва намедонанд, ки аз пайи ки бираванду ба кӣ ё чӣ бовар кунанд. Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. дар ин маврид мақоми шеърро, таъсири шеърро зикр кардан ҷоиз аст.   Шеър ин дигаргунсоз аст, яъне ба тафаккури инсон таъсир мерасонад.  Масалан  Носири Хусрави шиамазҳаб ҳанӯз дар асри ХI гуфта буд:

Ҳамеша некхоҳи мардумон бош,

Ба нек кӯш ва он гоҳ дар амон бош 

Ё ҳамон андешаи зебои Зардуҳишро, ки аввал пиндори зебо, яъне андешаи зебо мегӯяд ва андешаи зебо қудрат  меафзояд.

Зиндагӣ пур аз таассуб, пур аз мубориза аст,  ва ин таассубҳоро аз кӯдакӣ ба сари мо бор ва ҳатто нигоҳи моро ба зиндагӣ манфӣ мекунанд, то дараҷае ки мо ба зиндагӣ ба ҳамдигар бо хашм, бо рашк, бо кина дохил мешавем, на бо шеър, бо андешаи зебо бо рафтори зебо. Асари бунёдии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар «Чеҳраҳои мондагор» саропо оид ба сулҳу салот, некхоҳӣ, тахаммулпазирӣ ва дигар рафтор инсони комилро зикр кардаанд.  Таркиби андешаи нек мекунад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Хол он ки созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ – иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасонданд. Дар мамлакат фазои озоди андешаи динӣ дар заминаи асли конститутсонии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ташаккул ёфт. Гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ таҳкурсии ғоявии ҳамзистии эътиқоди динии шаҳрвандони кишвар гардид.

Дар ҳарду ҳолат ҳам уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурўҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.

Мо, устодони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургӣ мутаҳидем, ки ҷавононро дар руҳияи ватандустӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоем.

Кибриёхон Атоева,
устоди кафедраи гуманитари ичтимои,
номзади илми филология

Add comment


Security code
Refresh