Пайравии ҷавонон аз қонуни танзим

«Ҷашну маросимҳо бояд омили муайнякунанда ва инкишофдиҳандаи сатҳи маърифати инсонӣ, шуури милливу мазҳабӣ, ваҳдату ягонагӣ ва солимии ахлоқиву ҷисмонии мардум бошад»

Эмомалӣ Раҳмон

Халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо анъана ва ҷашну маросимҳои соф миллӣ дошт ва онҳо аз ҷумлаи рӯзгордории аҳди қадим ва қонуну давлатдорӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд.

Даҳ сол муқаддам бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рӯзгори мардум ва анъанаву маросимҳо омӯхта шуд ва бо мақсади ба танзим даровардани тӯю маърака ва маросимҳои сокинони кишвар санади сирф миллӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расид. Қонуни номбурда ягона қонуне дар ҷаҳон мебошад, ки барои бунёди ҷомеаи солим ва танзими ҷашну маросимҳо равона карда шудааст.

Қонуни мазкур метавонад, дар бунёд ва рушди ҷомеаи солими аз лиҳози иҷтимоӣ пешрафта замина гузорад, зеро бунёди ҷомеа аз оила сарчашма мегирад. Қонун барои мустаҳкамшавии оила ва пойдории он асос мегузорад. Мақсаду мароми асосии қонун танзими тӯю маъракаву маросимҳо буда, онҳо бояд камхарҷу замонавӣ гузаранд. Халқи тоҷик бояд маъракаву маросимҳои худро аз рӯи анъаноти расму оинҳои ниёгон, ки орӣ аз хурофоту исрофкорӣ буд, ба роҳ монад.

Яке аз сабабҳои дигари қабули Қонуни мазкур аз он иборат аст, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ дар байни ҷавонон ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарноки онҳо тавассути баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму ойинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии ҷавонони мо таъсири хатарзо расонида истода буд. Инчунин таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба чашм мерасид. Бо қабули ин Қонун мо тавонистем пеши роҳи бегонапарастиву тақлидкории ноҷоро дар байни ҷавонони кишвар гирифта бошем. ҳамзамон дар минтақаҳои гуногуни кишвар маъракаҳои сохтаву бофтаи ба фарҳангу мазҳаби мо бегона намегузошт то ҷавонони мо оила барпо намуда, дорои як зиндагии сазовор бошанд. Чунин вазъи кишвар Пешвои муаззами кишварро водор сохт, ки бори дигар аз ташаббуси созандаи худ истифода намуда, қонунеро, ки ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар ва хусусан ҷавонон мусоидат намояд, таҳия ва пешниҳод намоянд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа ва хусусан ҷавонон гардида, ҷашну маъракаҳо дар кишвар ба низом дароварда шуданд. Қонуни мазкур, инчунин, ба афзоиши шумораи оиладоршавӣ мусоидат намуд ва ҳазорҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон, ки бо сабабҳои мухталиф, аз ҷумла надоштани шароити молиявӣ, оиладор шуда наметавонистанд, соҳиби бахту саодат гардиданд.

Қонунгузории муосири кишвар бо қабули чунин як санади меъёриву ҳуқуқии аз лиҳози мазмун миллӣ ва аз нигоҳи моҳият демокративу дунявӣ дар ҷодаи ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар раванди тозаеро касб намуд. Дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки дарбаргирандаи марому мақсад, арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таърихиву фарҳангии мардуми Тоҷикистон мебошад, тартибу низоми баргузории аксари маъракаҳо ва маросиму ҷашнҳои мардумӣ ба инобат гирифта шуданд. Пос доштани арзишҳои миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон аз ҷумлаи муҳимтарин тадбирҳое ба шумор меравад, ки давлати соҳибистиқлоламон ба ин васила тавонист ҷавонони худро аз пайомадҳои номатлуб ва таҳдиду хатарҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла таҳмили унсурҳои фарҳангу мазҳаби бегона ҳифз кунад, яъне амнияти фарҳангӣ ва пешрафти мустақилонаи хешро таъмин намоянд.

Дар қонун, ҳатто, ақалияти миллӣ ба инобат гирифта шудааст, ки онҳо метавонанд дар баргузории анъана ва ҷашну маросимҳои суннатиашон озодона амал намоянд. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мардуми бофарҳанги тоҷик ва алалхусус ҷавонон хуб пазируфтанд. Дар як марҳилаи кӯтоҳ мо аллакай дида тавонистем, ки Қонуни зикргардида барои пешбурди ҳаёти иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии бошандагон ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии онҳо равона гардидааст.

Қонун санади меъёрию ҳуқуқӣ буда, эътироф ва муқаррароти он барои ҳар шаҳрванд ҳатмист. Мардуми тоҷик ҳарчанд дар иҷрои Қонуни мазкур фаъолона саҳм мегузоранд ва дар ин ҷода корҳои назаррас ба анҷом расонидаанд, чанд қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки боиси нигаронист. Одамони худхоҳу шӯҳратпараст тӯю маърака ва маросимҳои дафну азодориро воситаи худхоҳиву худнамоӣ пиндошта, бо ин роҳ мехоҳанд, обрӯву эътибор бигиранд. Чунин изофаравӣ ва хароҷоти зиёд боис гардида, ки ҳанӯз баъзеҳо дидаву дониста ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то қабули қонуни миллӣ ба ҳар оилаи тоҷик тақрибан 70 маъракаву маросим, аз ҷумла 10 маросими азодорӣ ва беш аз 60 маъракаи хурсандӣ рост меомад, ки на ҳамаи онҳо бо арзишҳои милливу мазҳабии мо мутобиқат доштанд. Қисме аз маросиму маъракаҳо бо сабаби серхарҷ буданашон боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасониданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд. ҳол он ки дар ояти 141-уми сураи “Анъом”-и Қуръони карим таъкид шудааст, ки: “Исроф макунед! Ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад”. Чунончӣ, яке аз шахсиятҳои маъруфи адабиёти тоҷик Унсурмаолии Кайковус дар асари машҳури хеш «Қобуснома» таъкид кардааст: «Харҷ ба андозаи дахл бояд бошад, то ниёзманд набошӣ. Агар дираме ба даст биёрӣ, харҷ камтар аз он дирам бикун. Ба ҳар чизе, ки дорӣ қаноат пеша кун, зеро қаноат кардан бениёзӣ аст». Аммо бо вуҷуди ояту ҳадисҳои зиёд ва ишораву таъкидҳои шаръӣ баъзе шахсони дорову зоҳирпараст ва ҳангоматалабу шуҳратхоҳ дидаву дониста, маъракаҳои серхарҷро тарафдорӣ мекарданд.

Харҷам бурун зи одату қарзам бурун зи ҳад,

Фикр аз барои қарз кунам ё барои харҷ?

Чунин чорабиниҳои серхарҷ ҳатто ба амнияти ҷомеаву давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа халал ворид карда, боиси ба вуҷуд омадани норизоият миёни қишрҳои мухталифи кишвар мегардиданд. Бо қабули қонуни мазкур ҳодисаҳои бетартибӣ дар тӯйҳо, то ҳадди содир шудани ҷиноятҳои вазнини авбошӣ ва одамкушӣ, вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳаракати мошинҳои арӯсу домод асосан аз байн рафтанд. Ин дар навбати худ нигаронии ҷомеа, пеш аз ҳама, ташвиши падару модаронро хеле кам намуд.

Бинобар ин ҷавонони кишвари моро зарур аст, ки дар ташаккули низоми арзишҳои миллӣ, ки тамаддуни қадимаи тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, саҳмгузор бошанд, ба исрофкориву хурофотпарастӣ, ки ба фарҳанги мо бегона мебошад, роҳ надиҳанд. Арзишҳои неки гузаштагонамонро аз қабили расму оин ва урфу одатҳои миллӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, аз рӯи он амал намоянд. Ҷавонони кишвар бояд ба масъалаҳои гуногуни ахлоқу одоб, расму оин, оилаву хонадорӣ, таҳсилу таълим, омӯзиши касбу ҳунар, санъату варзиш ва дигар паҳлӯҳои зиндагии инсонӣ роҳ диҳанд.

Шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд дарк намоянд, ки мақсади асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баланд бардоштани дараҷаи иҷтимоиву иқтисодии мардум, мусоидат ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад. ҳамон тавре, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Риояи ҳатмӣ ва қатъии Қонун дар амал татбиқ кардани тамоми муқаррароти он вазифаи шаҳрвандии ҳар фардест, ки миллат, давлат ва Ватани худро дӯст медорад ва хоҳони зиндагии шоистаи мардуми он мебошад».

А.Бердишукуров, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ
ва фарҳангшиносӣ, дотсент
Мирзоҳофизиён Меҳрафкан Мирзоҳофиз,
омӯзгори кафедра

Add comment


Security code
Refresh