Либоси миллӣ ва оини фарҳангдорӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди вазъи геополитикии ҷаҳон ва бархӯрди тамаддунҳо таваққуф намуда, қайд карданд, ки “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо соҳиби тамаддун ва арзишҳои волои моддию маънавӣ буд ва онҳо тавассути бузургон ва нобиғаҳои ин миллат ба мо боқӣ мондаанд. ҳарчанд фарҳанги қадим ва пурғановати миллати тоҷик борҳо зери зарба ва ҳамлаи аҷнабиён ва ғосибони таърих қарор гирифтааст, вале вобаста ба фарҳанги асил ва бо заҳмати софдилона офаридани ин фарҳанг хусусият ва моҳияти худро аз даст надодааст. Либос–ин қисми таркибии фарҳанги моддии ҷамъият ба ҳисоб меравад. Аз як тараф, ин арзишҳои моддӣ, ки бо меҳнати одам бунёд гардида, талаботи муайянро қонеъ гардонида, дигаргунсозии эстетикии андоми одамро таъмин карда, бо ҳамроҳии иншооти меъморӣ, олоти меҳнат ва рӯзгор либос инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи давраҳои таърихи шароити иқлимии мамлакат, хусусиятҳои миллии халқ ва тасаввуроти онҳоро дар бораи зиндагӣ инъикос мекард. Либоси давраҳои гузашта дар худ маълумоти арзишнокро дошта, мавриди омӯзиши олимон ва муҳаққиқон карор гирифтааст. Шавқи омӯзиши либоси миллии тоҷикон ҳамеша вуҷуд дошт. Дар либоси миллӣ на танҳо унсури фарқкунандаи дурахшони фарҳанг, балки омӯзиши намудҳои гуногуни санъати ороишӣ низ дида мешавад.

Либоси ҳар миллат зиёда аз як давраи дарози вақтро ташкил намуда, он иқтисодиёт, идеология, муносибатҳои иҷтимоӣ, муҳити табиӣ ва ҷуғрофиро инъикос мекунад. Бо мақсади ба даст овардани маълумоти зиёд дар бораи зиндагии халқи алоҳида, бояд бо ҳар як қисми либос ва истифодабарии он шинос шуд. Либоси миллӣ дар тӯли садсолаҳо унсурҳои анъанавии нақшҳову унсурҳои худро нигоҳ доштааст. Аз тарзи бурриш, нақшу нигору ороишоти ду либоси ба ҳамдигар ношинос вазъи оилавӣ ва боигарии якдигар, синну сол, доштан ё надоштани кӯдак дар оила, мотам, ҷашн ва ҳатто адоватро муайян кардан мумкин аст.

Маълумоти қадима оид ба либоси аҷдодони қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва хитоӣ вомехӯранд. Бозёфтҳои археологӣ, суратҳои рӯи деворҳо ва тасвироти рӯи санг шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои намудҳои гуногуни каллапӯшу кулоҳ ва олоти ороишу зебу зинати миллӣ будаанд.

Тадқиқоту бозёфтҳо, хусусан маводҳои асри 19 ва аввали асри 20 гувоҳӣ медиҳанд, ки либоси тоҷикони қисми шимол ва ҷануби Тоҷикистони ҳозира аз якдигар андаке фарқ дошт. Ин фарқият ба ҳаёти иқтисодиёт ва шароити географӣ вобаста дошт. Либоси занона аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд, ороиши сару гардан, саргирак ва фаранҷию чашмбанд (асосан дар шимоли Тоҷикистон) иборат буд. Ду намуди курта маълум буд: якқад (тунико), ки ҳоло фақат дар деҳоти дурдаст пиразанҳо мепӯшанд ва камзӯлчадор, ки ҳоло низ аз он истифода мебаранд. Куртаи якқадро ду хел медӯхтанд: камартангу доманвасеъ ва дарозу доманаш каме васеъ, ки аз ду паҳлӯяш тирез меандохтанд. Поёни куртаҳои дароз то ба буҷулаки по мерасид. Дар қисми шимоли Тоҷикистон як намуди куртаи расмӣ медӯхтанд, ки он чуртча ном дошт. Пушти ин хел куртаҳо якқад буда, камзӯлчаи пешаш чин-чин дӯхта мешуд. Дар Тоxикистон куртаҳои кӯтоҳ расм буд, ки вай куртаи таг ном дошт ва онро аз зери курта мепӯшиданд. Гиребони куртаҳои занонаро ду хел медӯхтанд: пешкушод ё буғак. Куртаи гиребонаш пешкушодро асосан занҳои солхӯрда мепӯшиданд, ки он камарча ё тугма дошт. Куртаи гиребонаш буғакро духтарону арӯсону ҷавонзанон мепӯшиданд. Куртаҳои занона аз духтарона фақат бо дӯхти гиребон фарқ мекарданд. Гиребони чунин куртаҳо уфуқӣ бурида шуда, бо мағзи зеҳгулу гулдӯзӣ оро дода мешуд. Дар ҷануби Тоxикистон куртаҳои идона, туёна ва рӯзмарраро гул мепартофтанд ва юрмадӯзӣ мекарданд. Дар шимол гиребони курта ва баъзан домани онро юрма ё гулдӯзӣ мекарданд.

Баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна дар байни сокинони он, аз ҷумла тоҷикон, хелҳои нави пойафзол ва ғайра пайдо шуда, либоси аврупоӣ хам расм шуд. ҳоло ҷои куртаҳои якқаду чакман, чоруқу мукиро палтою костюм, плағ, мӯзаю ботинка гирифтааст. Вале анъана[ои беҳтарини либоси миллии тоҷикон такмил меёбанд ва аҳамияти худро гум намекардаанд. Атласу адрас дар зеҳни мардуми мо матои занона дониста мешуд ва мешавад. Адрасу атлас барои дӯхтани либоси занона дар Осиёи Марказӣ аз пурхаридортарин матоъҳо барои дӯхтани либос эътироф шудаанд.

Дар замони аморати Бухоро ва даҳаҳои аввали асри 20 аз матоъҳое, ки имрӯз сирф занона шуморида мешаванд, ба мисли адрасу шоҳӣ либосҳои мардона ва асосан ҷома мебофтанд. Локӣ (миёнбанд)-и шоҳӣ то имрӯз дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон истифода мешавад.

Вале бозгашти дигарбора ба истифодаи атласу адрас барои дӯхтани либоси мардона зоҳиран аз Ғарб маншаъ мегирад. Дар чанд соли охир адрасу атлас ва дигар матоъҳои шарқӣ дар маъруфтарин толорҳои муди дунё ба қавле муд шуд ва  ба мисли пидҷаку сумкаҳои занона бо атлас дӯхта шудаанд.

Чунин таваҷҷӯҳи марказҳои муди маъруфтарин ба рангҳову бофтҳои шарқӣ ду сол пеш дизайнери рус Екатерина Иванковаро, ки дар Италия кор мекунад ва асосан аз иқату адрас – ду матои маъруф дар Осиёи Марказӣ либос медӯзад, таҳрик дод, то ҳамроҳ бо гурӯҳи "Antishoo Fashion Photo” аз ин матоъҳо пешкаши омма кунанд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дастур фиристод, то ин ки тамоми омӯзгорони зан ва шогирддухтарон аз 1 марти соли 2016  ва то анҷоми тантанаҳои наврӯзӣ бо либоси миллӣ, аз қабили атласу адрас ва чакан ба дарс ҳозир шаванд ва ин аз тарафи ҷавонон дастгирӣ гардид. 

Рӯзи 23 августи соли 2016  Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайринавбатии худ ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боби наверо илова кард, ки дар он, аз ҷумла, ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар заминаи пӯшидани либоси миллӣ ворид шуд ва дар  заминаи он бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ тӯи Саидшоҳ ва Миҷгона баргузор гардид ва онон бо либоси миллӣ ба тахти шоҳӣ нишастанд.

Дар боби 4, прим. 1, моддаи 14-и ин қонун, ки «ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо» ном дорад, чунин илова ворид шудааст: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд».

Боиси шодмонист, ки бо ҷонибдории  Асосгузори сулху Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, ки ин аънана дар давраи муосир  аз нав барқарор гардид, дар ин самт бениҳоят бузург аст.

Г. Деҳқонова,
сармуаллимаи кафедраи сиёсатшиносӣ
ва фарҳангшиносии ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Fафуров 

 

Add comment


Security code
Refresh