Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои фаъолияти экстремистӣ

Яке  аз  воситаҳои  мубориза  бар  зидди экстремизм истифодаи босамари меъёрҳои ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни ҷиноятӣ такмил гардида  истодааст, ки он барои пурзўр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта мусоидат мекунад.

Иштирок дар ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ дараҷаи ба ҷамъият хафнокиаш зиёдтар буда, ба ҷамъият ва давлат таҳдид меорад. Бо мақсади таъмин намудани амнияти миллӣ зидди экстремизм бояд дар қонуни ҷиноятӣ меъёрҳои нав ҷорӣ карда шаванд.

Дар қонуни ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта чор таркиби ҷиноят, яъне  ин таркиби  ҷиноятҳо дар моддаҳои 3071 Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм; 3072 Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ); 3073 Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ); 3074 Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусмияти динии экстремистидошта пешбинӣ гардидааст. Ҳангоми содир шудани ҷиноятҳои мазкур ба асосҳои сохти конститутсионии системаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё таҳдиди расонидани зараррро ба вуҷуд меорад. Ин кирдорҳо танҳо аз ҳаракатҳои фаъолона содир мешаванд, яъне оммаро ба даъват фаъолияти экстремистӣ, иттиҳоди ташкилӣ экстремистӣ, ташкилифаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистӣ мебошад. Ҷиноятҳои мазкур қасдан содир мегарданд, зеро ҷинояткор ҷиноятҳои мазкурро дидаю дониста содир менамояд, оқибатҳои онро пешбинӣ мекунад ва фаро расидани оқибатҳои онро мехоҳад. Шахсоне дар содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, онҳо шахсони воқеӣ, мукаллаф буда, ҷавобгарии ҷиноятӣ аз синни 16 – солагӣ муқаррар гардидааст. Аз рӯи хусусияти ба ҷамъият хавфнокиашон ҷиноятҳои мазкур ба категорияи ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазниндохил мешаванд.

Дар моддаи 3072 КҶ ҶТ Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) қонуни ҷиноятӣ якчанд ҷиноятҳоро ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта муайян намудааст, ба шарте, ки ин кирдорҳо аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, наҷодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурўҳи иҷтимоӣ содир гарданд. Аз ҷумла, моддаи 157 монеъ шудан ба фаъолияти ташкилоти динӣ; моддаи 158 Монеъ шудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ; моддаи 160 Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузормҳо ва роҳпаймоихо; моддаи 185 Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ; моддаи 188 Бетартибиҳои оммавӣ; моддаи 189 Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, наҷодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ; моддаи 237 Авбошӣ; моддаи 2371 Вандализм; моддаи 242 Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърих ва фарҳанг; моддаи 243 Таҳқири ҷасади фавтидагон ва  гўри онҳо.

Дар қонуни ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлатҳои аз 3 то 15 сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол  муқаррар шудааст.

Н.И.АХМЕДОВ,
н.и.ҳ., дотсент
М.М.КАРИМОВА,
сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ ва криминалистика

Add comment


Security code
Refresh