Баёнгари мақсаду мароми халқ

Бисту се сол муқаддам, 6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории мо Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар тариқи раъйпурсӣ қабул карда шуд. Ҳар як пешрафти бадастомада, пеш аз ҳама, таъмини волоияти қонун, натиҷаи хирад ва заковати фитрии халқи Тоҷикистон мебошад.

Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро тариқи қабули қонунҳои нав ба миён гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии гуногунро ба танзим медарорад ва асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад.

Дар Конститутсия асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли миллат, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, шакли давлатдорӣ, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон зикр шудаанд.

Моҳияти демократии Конститутсияи Тоҷикистон, қабл аз ҳама дар эътироф гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ ифода меёбад. Бахши муфассали он, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба танзим медарорад, аввалин маротиба дар таърихи кишвар ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуд.

26 сентябри соли 1999 аввалин маротиба ба Конститутсияи мамлакат тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо мазмуну муҳтавои Конститутсияро такмил дода, хислати демократии онро таҳким бахшиданд.

Бо дарназардошти дастовардҳои нав ба нави ҷомеа зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои навбатӣ 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Тоҷикистон ба миён омад.

Дар натиҷаи ду ислоҳоти конститутсионӣ аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар парламенти дупалатагии доимамалкунанда, такмили мақомоти иҷроия ва сохтори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи мустақилияти мақомоти судӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў ба сифати арзиши олӣ ва дигар ниҳоду андешаҳои демократӣ ба Конститутсияи мо ворид гардиданд. 22 майи соли 2016 бошад, бо назардошти талаботи замон ба якчанд моддаҳои Конститутсия тағйиру иловаҳо дароварда шуд.

 Аз ҷумла, ба моддаи ҳаштум, қисми шашум: “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст”.

Дар мавриди таъсиси ҳизбҳои динидошта бояд гуфт, ки дин, хоса дини мубини Ислом ба ягон ҳизбу ҳаракат ниёз надорад.

Дар маҷмуъ, ҳама навовариҳои конститутсионӣ барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегияи давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудааст.

Конститутсия мазмуни демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистонро муқаррар мекунад, ки барои пурра татбиқ шудани ин мафҳуму арзишҳо ба сифати ормонҳои мардуми мо вақту замони муайян зарур аст. Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кўдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат медиҳад.

Аз сўи дигар, амалӣ шудани моҳияти демокративу ҳуқуқбунёдии давлати Тоҷикистон, бевосита дар таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ, сатҳи баланди риояву иҷрои қонун ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ифода меёбад. Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад.

Ба шарофати Конститутсия ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушод ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд.

Гулчеҳра Ғоибназарова,
ёрдамчии калони Прокурори
вилояти Суғд оид ба таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги
қонунгузорӣ ва кор бо матбуот

Add comment


Security code
Refresh