Ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олист!

Дар моддаи 5 Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 23-юмин солгарди қабули онро ҷашн мегирем, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф гардида, дар мадди аввал гузошта шудааст.

Конститутсияи амалкунандаи ҷумҳурӣ табиати халқӣ дорад, ки он дар баробарҳуқуқии тамоми шаҳрвандони мамлакат, сарфи назар аз миллат, наҷод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дигар нишонаву вазъи иҷтимоиашон ифода меёбад.

Дар моддаи 19 Конститутсия зикр гардидааст: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар кас аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат (ҳимоятгар) истифода кунад».

Яъне, тибқи муқаррароти моддаи мазкури Конститутсия шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки парвандаҳои нисбаташон оғозгаштаро хоҳ ҷиноятӣ, граҷданӣ, маъмурӣ ва оилавӣ бошад, талаб намоянд, ки суди босалоҳият ва беғараз баррасӣ намояд.

Аввалин маротиба дар моддаи 9 Конститутсия нишон дода шудааст, ки ҳокимияти давлатӣ тавассути ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ буда, аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст, ки дар моддаи 49 Конститутсия салоҳияти он муайян карда шудааст.

Ҳокимияти иҷроия дар симои ҳукуматҳои марказӣ ва маҳаллӣ ифодаи худро ёфтааст ва дар моддаҳои 73-75 ваколати ҳукуматҳо муайян карда шудааст.

Адолати судиро дар кишвар Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия амалӣ менамоянд.

Дар моддаи 93 зикр гардидааст, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.

Аз ин меъёри конститутсионӣ бармеояд, ки назорати дақиқу якхелаи қонунҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии кишвар аз ҷониби Прокуратураи генералӣ, соҳавӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба амал бароварда мешаванд.

Мақомоти прокуратура вазифадор аст, ки тамоми фаъолияти худро баҳри таъмини қонуният дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ равона созад. Бо ин мақсад ҳамаи самтҳои фаъолияти прокуратура бо дарназардошти назорати умумии риояи қонунҳо, таҳқиқу тафтиши амалу кирдорҳои ҷиноятӣ, фаъолияти фаврию ҷустуҷўӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ инкишоф дода мешаванд.

Бори нахуст дар таърихи сиёсии кишвар Конститутсияи ҷумҳурӣ масъулияти давлатро дар назди ҷамъият ва шаҳрванд пешбинӣ ва ба ҳамин тартиб афзалияти ҳифзи ҳуқуқи инсонро сабт менамояд.

Дар Конститутсия ҳуқуқи шаҳрванд ба меҳнат кафолат дода шудааст. Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу ҳунар, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон мушкилу зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

Конститутсия пойдевори ҳуқуқии давлати нави соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ ва баёнгари ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ буда, бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода гардида, санади асосӣ ва муайянкунандаи шоҳроҳи ҳаёти давлат ва ҷамъият маҳсуб меёбад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандони кишварро муқаррар намуда, ба онҳо кафолат медиҳад, ки дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёту рӯзгор фаъолу пешқадам бошанд ва баҳри бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд, таъмини сулҳу амният суботкорона мубориза баранд.

Фаррух Абдулло,
прокурори калони шуъбаи
Прокуратураи вилояти Суғд,
мушовири адлияи дараҷаи дуюм

Add comment


Security code
Refresh