Асосҳои аркони давлатдорӣ

Дар саҳифаҳои таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 ҳамчун санаи муқаддас, рўзи фархундаву саодатбахш ва ибтидои марҳалаи комилан нави давлату давлатдории миллати тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гаштааст.

Агар Президенти кишварамон – «Ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат» бошанд, Конститутсия таҷассуми давлату давлатдорӣ аст. Бо раъйпурсии умумӣ қабул шудани Конститутсия шаҳодати ризоияти халқ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо ташаббуси бевоситаи ин фарзанди сарсупурдаи миллат Бахтномаи миллат таҳия, муҳокима ва қабул шуд.

Бо шарофати Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25-умин солгарди он қайд карда мешавад, нерўҳои созандаву покнияти сиёсӣ бо роҳбарии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданд ва тадриҷан вазъият дар мамлакат рў ба беҳбудӣ овард. Давр ба давр қонунҳои наву басо муҳим қабул гардиданд ва дар натиҷаи ин ҳама барои қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли навини тоҷикон заминаи созгор фароҳам омад. Ҳадафҳои таърихии қабули Конститутсия фароҳам омадани фазои осоиштаву босубот, бартараф намудани оқибатҳои низои дохилӣ, таъмини фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, гузаштан ба иқтисоди бозорӣ, барқарор намудани муносибатҳои судманди байналмилалӣ ва рисолати сулҳҷўёнаи Тоҷикистон ба ҳисоб рафт.

Сарвари давлат моҳияти ин ҳуҷҷати муҳимро дар кори аз байн бурдани душвории ба сари халқ омада хеле равшан таъкид мекунанд: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».

Воқеан, 23-юмин солгарди қабули умумиҳалқии Конститутсия ва интихоби Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби олии Президентӣ шаҳодати таърихӣ аст, ки Конститутсия ва Президент дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим доштанду доранд.

 Парвиз ҶАББОРЗОДА,
котиби иҷроияи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари
Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh