Ҳомиёни далери Ватан

Дар Театри мазҳака – мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал – майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшид. Муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо номаи шодбошии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик қироат кард. Кулли кормандони милитсияи тоҷикро бо ин рўзи муборак табрик гуфта, дар иҷрои вазифаи пурмасъулият, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дар ҷодаи пешгирӣ кардан ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ комёбиҳо орзу намуд. Зикр гардид, ки милитсияи тоҷик дар тўли мавҷудияти худ ва дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз тамоми санҷишҳои таърихӣ гузашта, дар таъмини амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузоштааст. Аз рўзҳои нахустини таъсисёбиаш милитсияи тоҷик роҳи душвору сангинро тай карда, дар саҳифаҳои худ қаҳрамонии беназир нишон додааст.

Пас аз хомўш гардидани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба онҳо лозим омад, ки дар пахш намудани шўришҳои исёнгаронаи зидди ҳукуматӣ, нобуд сохтани дастаҳои ғайриқонунии силоҳбадаст ва ҷинояткориҳои муташаккил муборизаи шадид баранд. Ҳукумати мамлакат ва мардуми кишварамон саҳми арзандаву хизматҳои шабонарўзӣ ва шуҷоату далерии шумо, кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқату матонат нисбат ба давлату миллат ва Ватан арзёбӣ менамояд. Соли ҷорӣ мардуми кишвари мо ҷашни бузург – 20 - солагии Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд. Пас аз чанд рўз дар мамлакатамон ҷашни 25 – солагии Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил карда мешавад.

Дар ҷодаи таъмини амнияти онҳо хизмати кормандони милитсияи тоҷик хеле назаррас аст. Дар ин рўзи муборак кулли кормандони милитсияи тоҷикро табрик намуда, ба эшон саломатӣ ва барори кор орзу менамоям.

Номаи шодбошии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик муовини Вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов қироат кард. Мавсуф дар бораи қаҳрамонӣ, муборизаи кормандони мақомот бар зидди гурўҳҳои эсктремистӣ ва саҳми арзандаашон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ андешаи хешро баён кард.

Бо қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зумраи кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, медал, рутбаҳои махсус ва мукофоту тўҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Инчунин дар ин рўзи саид кулли кормандони милитсияи тоҷикро аз номи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон А. Ҳасанов ва мақомоти корҳои дохилии вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон Тағоев табрик намуда, медал ва тўҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Суруду таронаҳо дар иҷрои ҳофизони номии вилоят анҷомбахши тантана буд.

Т. ҶЎРАЕВА

Add comment


Security code
Refresh