Ба тарбияи дарки дурусти раванди сиёсӣ ва эҳсосои ватандорӣ эътибор диҳем

Равандҳои сиёсию иҷтимоии замони муосир аз ҷиҳати мазмуну моҳият ва хусусиятҳои амалишавии худ бо пуртазодию пешгӯӣ нашуданашон фарқ мекунанд. Ин аст, ки муҳити иҷтимоӣ дар аксар маврид вобаста ба пешгирии онҳо инстинкти худнигоҳдориро истифода бурда наметавонад.

Ин хусусият бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки таъсири василаҳои иттилоотӣ ба ҳама равандҳои сиёсӣ рӯз то рӯз зиёд гашта, дарёфти технологияҳои назорат ва идоракунии онҳо мушкил гашта истодааст.

Лозим ба ёдоварист, ки раванди тарбия низ дар замони муосир хусусияти мушкил ба худ касб намудааст. Ин мушкилӣ ба васеъ будани фазои таъсиррасонӣ алоқаманд буда, амалияи ҳаррӯза нишон дода истодааст, ки бо вуҷуди тақвият пайдо намудани робитаи байни мактаб ва оила ҳанӯз ҳам дар ҷомеа уфуқҳои таъсиррасон зиёданд. Ин аст, ки на танҳо дар байни ҷавонписарон, балки дар байни ҷавондухтарон низ моилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба чашм расида истодааст. Омилҳои ҷалби онҳо низ гуногун буда, дар байнашон мафкура ва ҷаҳонбинии танг, таҳмили ғояҳои ифротӣ аз ҷониби ин ё он аъзои оила, ки худ ба чунин равияҳо аллакай гаравидааст, ҳаваси кӯр-кӯрона ба фарҳанг ва арзишҳои бегона, ҳолати рӯҳӣ ва эҳсос, ноустуворӣ дар мавқеи худ ва итоаткории ғуломона дар иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ мебошанд, ки боиси роҳгумӣ ва бадбахтиҳои зиёд гашта метавонанд.

Дар чунин шароит фаъолгардонии нақши ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа муҳим буда, дар ин раванд бояд ҳамбастагии ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад. Фаъолияти ҳамоҳанг ва ҳамгироии онҳо метавонанд натиҷаҳои дилхоҳ дошта бошанд. Дар ин масир баланд бардоштани нақши оила ва фаъол гардонидани мавқеи он бениҳоят муҳим буда, иҷрои босифати уҳдадориҳои иҷтимоии он омили муҳими ташаккули шахсиятҳои худогоҳ мебошад. Таҷрибаи фаъолияти ҳаррӯза нишон медиҳад, ки дар низоми муносибатҳои оилавӣ ҳолатҳои зӯроварӣ дар масъалаи аз бар намудани сару либос ва дигар масоили дорои ҷанбаи эътиқодӣ баръало ба чашм расида истодаанд, ҳатто оқибатҳои фалокатбор низ доранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз василаҳои ҷалби занон ба ҳаракатҳои ифротию муноқишаҳои давлатҳои Ироқ ва Сурия маҳз таъсири аъзои оила мебошад. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат амиқу саривақтӣ ҳушдор доданд, ки «Вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, фаъолияти торафт вусъат гирифтаистодаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро ва истифода аз номи поку муқаддаси ислом ба манфиатҳои ғаразноки сиёсӣ ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, ба номи мубораки ислом ва арзишҳои неку созандаи он иснод наоварем ва ҳар як амали мусулмонии худро дар роҳи шинохти ҳақ ва ба хотири оромиву осоиши мусулмонон истифода барем».

Масъалаи дигари ташвишовар ин симои занона пайдо намудани ифротгароию терроризм аст. Зан ва террор ду мафҳуме мебошанд, ки якдигарро дар ҷавҳари худ инкор мекунанд. Зеро зан офаридгор, ҳаётбахш, равшанкунандаи роҳи фарзанд, оила ва ҷомеа мебошад. Ифроту терроризм бошад, нобудкунандаи беҳтарин неъмати худододӣ - ҳаёти инсонӣ, вайронӣ, харобӣ ва даҳшатафканию марг аст. Ба андешаи шахсии мо барои пешгири намудани ин намуна рафторҳои ғайриқонунӣ чунин чораҳои зарурӣ бояд ба тариқи ҳатмӣ амалӣ карда шаванд.

1.Дар сатҳи хуб амалӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри боло бурдани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба равандҳои иҷтимоии муосир мебошад, ки тавассути он имконияти муоширати иҷтимоӣ фарох мегардад. Ба ин васила метавон устувории мавқеи онҳоро таъмин кард ва баҳри интихоби роҳи дуруст ба онҳо мусоидат намуд.

2. Дар таҷрибаи сиёсӣ собит гаштааст, ки зуҳуроти алоҳида қодир аст ба ҷараёни раванди сиёсӣ таъсири худро расонад. Ин таъсиррасонӣ тавассути қабули ин ё он зуҳурот аз ҷониби ҷомеа ба миён меояд, яъне, қабули ҷомеа метавонад равандро тақвият бахшад ва ё баръакс, ин зуҳурот метавонад нафрати ҷомеаро ба миён оварда, боиси аз байн рафтани он гардад. Имрӯз эҳсос мегардад, ки аксар қувваҳои солимфикри ҷомеа ин зуҳуроти нафратоварро маҳкум мекунанд. Аз ин рӯ, дар чунин ҳолатҳо мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ муҳим мебошад.

3. Ҳарчи бештар боло бурдани иттилоотнокии ҷомеа вобаста ба моҳияти аслии вазъи муосири геополитикии ҷаҳон;

4. Пешгирӣ намудани раванди суръатгирии зиддиятҳо дар пояи дину мазҳаб, истифода аз номи дини мубини ислом бо мақсадҳои ғаразноку сиёҳ;

5. Боло бурдани дарки дурусти равандҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва тарбияи эҳсоси баланди ватандорӣ зарур мебошад.

Ғ. САНАВБАРОВ,
дотсенти ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh