Мушкилоти тарбияи ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ

Ҷавонон нерўи бузурги зеҳниву ҷисмонии ҳар як миллату давлат буда, ояндаи ҳар кишвар маҳз дар дасти онҳо қарор дорад. Дар оянда то ба кадом андоза дуруст соҳибӣ намудани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, анъанаҳои миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ аз тарафи ҷавонон, бо раванди таълиму тарбияи имрўзаи онҳо аз тарафи падару модар, ҷомеа ва давлат вобаста мебошад. Маҳз таълим ва тарбияи дурусти ҷавонон боиси ягонагӣ ва инкишофи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон мегардад.

Падару модарон, ҷомеа ва давлат нисбат ба таълиму тарбия ҳамеша то ба қадри ҳол ва бо назардошти шароити иҷтимоиву иқтисодии хеш таваҷҷўҳ зоҳир менамоянд. Гузашта аз ин, худи ҳар нафар баъди ворид шудан ба муҳити иҷтимоӣ зарурати таълим ва тарбия гирифтанро эҳсос менамояд ва вобаста ба талаботи ҷомеа ва тавоноияш аз ин ду малака бархурдор мегардад.

Дар гузашта мардуми тоҷик ба масъалаи тарбия муносибати ҷиддӣ доштанд ва наврасону ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ, худшиносӣ, содиқу ростқавл будан ба воя мерасониданд.

Дар замони шўравӣ масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон аз рўи барномаи махсус сурат мегирифт. Дар асоси талаботу меъёри идеологияи коммунистӣ наврасону ҷавонон, дар рўҳияи садоқат ба давлат, вафодорӣ нисбати Ватан ва ғамхориву эҳтиром нисбати аҳли ҷомеа тарбия меёфтанд.

Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолии давлатӣ роҳи навро интихоб намуд, ки дар он ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои ў арзиши олӣ пайдо намуд. Мактабҳои тарбияи давраи шўравӣ (ташкилотҳои пионерӣ, комсомолӣ) аз байн рафтанд ва мавзўи тарбияи наврасону ҷавонон то ба андозае аҳамияти пешинаи худро аз даст дод.  Давлати тозаистиқлол бо ҷанги шаҳрвандӣ рўбарў гардид ва дар натиҷа ҳазорон кўдакону наврасони ятиммонда зери сарпарастии ҳукумат қарор гирифтанд. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳолати ноороми кишвар ба ахлоқи наврасону ҷавонон таъсири манфии худро гузошт.

Баробари беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар шаҳрвандон низ ба масъалаи тарбия рў оварданд ва давлат ба мушкилоти ахлоқии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Махсусан баъди солҳои 2001-ум паҳн гардидани гурўҳҳои ифротгароии динӣ аҳамияти мавзўи тарбияи наврасону ҷавононро дар кишвар дучанд намуд. Бо ин мақсад даҳҳо ҷавонони тоҷик, ки дар марказҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, бо супориши Роҳбари давлат ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Илова ба ин, соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шуд. ҳадаф аз қабули ин қонун пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Бешубҳа, нақши падару модар ва оила дар тарбияи наврасону ҷавонон нисбат ба ниҳодҳои дигар афзалтар ба ҳисоб меравад. Зеро, инсон аз замони ба дунё омаданаш шакли рафтор, кирдор, муносибат бо дигаронро аз аъзоёни оилаи худ меомўзад.

Ҳар падару модар мехоҳанд, фарзандонашон ботарбия, хушахлоқ бошад. Бо ин мақсад аз хурдӣ талош менамоянд, ки ў дорои хислату рафтори накў гардида, барои падару модари хеш обрў оварад.

Дар ҳақиқат тарбияи кўдак аз фазои оила, аз муносибат ва рафтору кирдори падару модар дар байни ҳамдигар оғоз мегардад. Бештар вақт наврасону ҷавонон кирдору рафтори аъзои оилаи худро тақлид мекунанд ва чӣ хуб аст ва чӣ бад онро ҳамчун намуна пайравӣ менамоянд. Аммо, гоҳо ҳолатҳое шудаанд, ки фарзандон нисбат ба волидайни худ каме хулқу рафтори дигар пайдо менамоянд. Дар байни мардуми англисзабон гуфторе ҳаст: «Беҳуда кўшиш намуда, фарзандони худро таълим надиҳед, беҳтараш, худро таълим диҳед, зеро онҳо аз шумо меомўзанд». Яъне, агар падару модар чизеро ба фарзанди худ талқин намоянд, вале худ акси онро иҷро бикунанд, кўдак аз рафтори волидайн пайравӣ хоҳад кард.

Як ҳолати бисёр ташвишоваре, ки баъзан дар муносибати байни фарзандон ва падару модар мушоҳида мешавад, ин канда шудани робитаи фарзандон бо волидайн ва ё бепарвоӣ нисбати аҳволи падару модар аст. Баъди ба камол расидани фарзанд падару модарон гоҳо дар як тараф мемонанд ва фарзандон дар алоҳидагӣ рўзгордорӣ намуда, робитаро аз волидайни хеш мекананд. Ё баъзан ба хонаи бепарасторон бурда мондани онҳо аз тарафи фарзандон дида мешавад, ки чунин ҳолат ба суннати мардуми тоҷик муносиб нест. Бо ҳамин мақсад, дар тағйироти охирин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи масъулияти фарзандон дар назди падару модар ворид карда шуд, ки дар моддаи 34-ум чунин омадааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд». Аз рўи ин модда фарзандон вазифадор карда шудаанд, ки падару модари худро нигоҳубин намуда, азизу мўҳтарам доранд. 

Дар давраҳои пеш аҳли ҷомеа нисбати тарбия ва ахлоқи наврасону ҷавонон таваҷҷўҳу диққати махсус зоҳир менамуданд. Гоҳо дар кўчаҳо вақте як наврас ва ё як ҷавоне амали хуб анҷом медод, калонсолон ба ў ишора карда мегуфтанд «Бар падарат раҳмат». Ё баръакси он, ягон амали бад ва ё сухани қабеҳе ба забон меоварданд, аз ў мепурсиданд, ки ту писари кӣ ҳастӣ? Ва ўро адаб медоданд. Ин усул дар гузашта ба раванди тарбияи ҷавонон ва хушахлоқ гардидани онҳо таъсири мусбати худро мегузошт. Аммо дар низоми нави сиёсиву ҳуқуқӣ бештари масъалаҳои қаблан дар ҷомеа муҳимбуда, камарзиш шудаанд ва ё арзиши пешинаи худро гум кардаанд. Дар ҷомеа қоидаи нонавиштаи «шумо ба ман кордор набошед, ман ба шумо кордор нестам» роиҷ гардид. Ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ баъзан, вақте як нафари калонсол ба рафтори нодурусти ҷавоне эрод бигирад, ҷавон таъҷилан ҷавоб медиҳад, ки шумо ба ман чӣ кор доред? Ё ибораи «Ба ман кордор набошед»! «Демократия ҳаст, чӣ кор хоҳам мекунам»-ро истифода мекунад. Агар дуруст назар намоем, дар ҷомеаи имрўзаи ҳуқуқмадор ва ҳуқуқмеҳвар то андозае танзими баъзе масъалаҳои ахлоқӣ аз тарафи аҳли ҷомеа пурмашаққат ва ҳатто номумкин гардидааст. Чун фарди озод ва дорои як қатор ҳуқуқ барои худ арзишҳо ва принсипҳоро муқаррар намуда, аз рўи он зиндагӣ дорад. Намунаи равшани онро дар баъзе кишварҳои Аврупо дидан мумкин аст. Имрўз бештари мавзўъҳои ахлоқие, ки дар давраҳои пеш як амали бад эътироф мешуд, ба як амали матлуб табдил ёфтааст. Пас, хулоса имрўз таъсири ҷомеа ба раванди тарбияи наврасону ҷавонон чандон чашмрас нест ва ин ҳолат бо низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа рабти зиёд дорад.

Як нуктаро бояд қайд намуд, ки дар давраҳои пеш мавзўи ахлоқ як масъалаи бисёр васеъ дониста мешуд ва хушахлоқ будан ва хушахлоқона зистан аҳамияти хосса ва ҷойгоҳи баланд дошт. Аммо бо гузашти замон ва паҳн гардидани ҷаҳонишавӣ ба ахлоқ ва тарбия наврасону ҷавонон таъсири манфии худро гузошт. Дар ин робита оиди таъсири манфӣ доштани раванди ҷаҳонишавӣ ба ҳаёти миллатҳо Роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш чунин таъкид намудаанд: «Ба андешаи ман, натиҷаи аз ҳама нигаронкунанда ва ҳатто хатарноки раванди глобализатсия ва ҷараёнҳои ба он пайванд коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоист, ки бе онҳо ҳастии ҳақиқии инсон амалан ғайриимкон аст». Ба андешаи бархе аз донишмандони тоҷик, ҷаҳонишавӣ бештар ба миллатҳо ва давлатҳои миллии аз лиҳози худшиносиву ҳуввияти миллӣ заифбуда хатар дорад ва ба миллатҳои дорои фарҳангу тамаддуни устувор чандон таъсир надорад.

Воқеияти солҳои охир нишон дод, ки истодагарӣ бар муқобили раванди ҷаҳонишавӣ номумкин аст. Яке аз роҳҳои баҳрабардорӣ аз  раванд ин истифодаи самараноки унсурҳои ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла дар самти рушди иқтисодии давлат мебошад. Бо мақсади пешравии давлат истифода бурдани  компутер, моҳвора, телефони мобилӣ ва амсоли чунин воситаҳои технологияи навин бар манфиати кор буда, баръакси он, яъне истифодаи ғайрисамараноки онҳо боиси косташавии тарбияву ахлоқи ҷавонон мегардад. 

Ба назари бархе аз коршиносон, сабаби бадахлоқ ва тарбияи дуруст нагирифтани ҷавонон бо шароити иҷтимоию иқтисодӣ низ алоқаманд мебошад. Вақте падару модар барои дарёфти рўзгор вақтҳои зиёди худро сарф менамоянд, фурсат барои тарбияи фарзандонашон пайдо намекунанд. Мисол, вақте ҳазорон падарону модарони тоҷик дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷа қарор доранд, ин ҳолат ба тарбияи наврасону ҷавонон таъсири бад мерасонад. Фарзандони онҳо аз назорат дур монда, бевосита аз тарбияи волидайнашон бархурдор намегарданд ва кўдакону наврасон аз навозишу меҳрубониҳои падару модаронашон дур мемонанд.   

Инсон ҳамеша ниёз ба тарбия дорад, махсусан дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон нисбати масъалаи мазкур бепарво будан метавонад, дар як мўҳлати кўтоҳ ахлоқу одоби шарқиёнаро коста бикунад ва ба фарҳанги миллӣ рахна эҷод намояд. Дуруст аст, ки падару модарон нисбати тарбияи фарзандони хеш вазифадор ҳастанд, лекин чӣ гуна тарбия ёфтани фарзанд танҳо аз онҳо вобаста набуда, дар ин раванди нақши омўзгорон ва аҳли ҷомеа хеле назаррас мебошад. Пас, тамоми аҳли ҷомеа дар рўҳияи худогоҳӣ, хештаншиносӣ, ватандўстӣ ва эҳтироми арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон саҳмгузор бошанд, ки танҳо дар чунин ҳолат мо ба ҳадафҳои аслии камолоти наврасону ҷавонони тоҷик ноил хоҳем шуд.

Шўҳрат Саидов,
дотсенти кафедраи
сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh