Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими давлатдории миллӣ дар даврони Истиқлолият

Дар  таърихи  Тоҷикистони соҳибистиқлол санаҳои бузурге мавҷуданд, ки ба устувории сиёсӣ ва таҳкими давлатдорӣ таъсири бузургу беназир расондаанд. Яке аз ин гуна санаҳои таърихӣ ин баргузории  Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Иҷлосияи   ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар қасри овозадори Арбоби ба номи Саидхўҷа Ўрунхўҷаев соли 1992 баргузор гардид. Ин Иҷлосияи тақдирсоз минбаъд, дар таърихи навини Тоҷикистон саҳифаи навро кушод. Иҷлосияи таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистонро, инчунин  несту нобуд гардидани миллати  тоҷиконро аз миён бардошта, ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ замина гузошт ва ҷумҳуриро аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ раҳо дод.

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ дар тақвияти мақсади мазкур як қатор санадҳои ҳуқуқиро аз қабили қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20-уми ноябри соли 1992   “Оид ба интихоботи муовини Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ба рўзномаи кории Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ворид намудани баррасии масъалаи ҳокимияти президентӣ” (аз 21-уми ноябри соли 1992).

“Дар бораи интихоби раисони кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайра баррасӣ намуд.

Қобили тазаккур аст, ки иқдоми нахустин дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ  27-уми июни соли 1992 дар шаҳри Хоруғ ба амал омада буд. Дар он 80 нафар роҳбар, намояндаи ҳизбҳо, иттиҳодияҳои сиёсӣ, уламо, федератсияи иттифоқҳои касаба, созмони ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра аз тамоми мавзеъҳои ҷумҳурӣ ҷамъ омада, ба созишномаи сулҳ имзо гузошта буданд. Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ  ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи Иттиҳоди давлатҳои мустақил будани  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба инобат гирифта, дар вазъи фавқулода, набудани  артиши миллӣ бо мақсади ҳимояи  аҳолии осоишта  ва объектҳои  ҳаётан муҳим аз амалҳои террористӣ,  харобкорӣ,  барқарор намудани сулҳ ва тартиботи ҳуқуқӣ  аз роҳбарони мамлакатҳои ИДМ – иштирокчиёни мулоқоти  Алмаато ( ноябри соли 1992) муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки  ба Тоҷикистон нерўҳои маҳдуди сулҳҷўёнаро фиристонанд.

Барои ташаккули пурраи ваҳдати миллӣ ҳалли монеаҳои бештар дар шакли омилҳои маънавӣ, иқтисодӣ ва ҷуғрофӣ мавҷуд буданд. Аз ин рӯ Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди воқеии таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи миллати тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сўи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ сулҳу субот ва ваҳдати  миллӣ  заминаи мусоид гузошта шуд.

Ҷомеаи ба гурўҳҳо тақсим шуда, вазъиятро ноором сохта, байни одамон  нофаҳмиҳо ба амал меомаданд. Монеаи ҷиддӣ дар рушду нумўи истиқлолияти Тоҷикистон ва бунёди давлати миллӣ сар задани ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 10 миллиард  доллари амрикоӣ зарар расонид. Вазифаи муҳими ҷомеаи тоҷик ва роҳбарияти давлат дар чунин вазъияти душвор аз дарёфти роҳу воситаҳои ҳалли моҷарои мусаллаҳона ва таъмини сулҳи умум буд. Тоҷикистон тавонист аз ҳалли мушкилтарин масъала – хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ барояд. Як нуктаро қайд кардан бамаврид аст, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсӣ, ки хосияти тақдирсоз доранд, мақоми сарвари сиёсӣ ба таври махсус зоҳир мегардад. Дар шароити  ҳассос ва тақдирсоз барои Тоҷикистон, ки хатари азбайнравии он мавҷуд буд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми масъулиятро ба худ гирифта, раванди сулҳ ва ризоияти миллии ҷомеаи кишварро таҳким бахшид.

Баргузории Иҷлосияи XVI  парлумони кишвар ва роҳи пешгирифтаи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон ва татбиқи тадриҷиву амалии нақшаву барномаҳо таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ мекашад. Фаъолияти намояндагиҳои диплома­тии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои гуногуни байналмилалӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барқарор ва тавсеа меёбад. Соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалии байниҳукуматӣ, монанди Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд, Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ, Ассосиатсияи рушди байналмилалӣ, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ ва дар ду соли минбаъда чор ташкилоти дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз намуданд.

Ору номус, ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ ва ҳисси баланди масъулият ҳамроҳ бо қатъияту матонат ба Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу сафо ва ваҳдати ростин миёни мардуми кишвар комёб гардад. Хираду заковати суннатӣ боло гирифта, роҳ ба сўи созандагӣ ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҳамвор гардид. Барои расидан ба ин рўзи мақсуд душвориҳои зиёде пушти cap шуданд.

Қ.КАРИМОВА, 
ассистенти кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh