Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ– сарчашмаи асосии низоми давлатдорӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Даврони нави таърихи миллати мо - Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, ки соли 1991 интишор гардид.

Эъломяи Истиқлолият ва касби соҳибихтиёрии сиёсиву иқтисоди фақат оғози рисолати сангинест, ки бо тарҳандозӣ, ташаккул ва рушду низоми усулан ҷадиди сиёсӣ ва ниҳодҳои умури ҷамъияти давра ба давра мазмун ва моҳияти ҳақиқии худро мукаммал месозад. Истилоҳоте аз қабили «истиқлолияти давлатӣ», «истиқлоли сиёсӣ», «истиқлолияти иқтисодӣ», «истиқлолияти фарҳангӣ», «истиқлолияти энергетикӣ» ва ғайра дар луғати  тафаккури  сиёсӣ дарҷ гардида, дар рахгузори воқеияти имрўза аз ҷузъ то ба кулли зиндагии  мардум роҳ ва нуфуз пайдо кардааст.

Истиқлолият сарманшаи ҷаҳони имрўзаи миллати тоҷик аст, ки дар ниҳоди худ ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардумро асолат бахшид.

Дар замоне, ки давлати абадқудрати Шўравӣ вопасин  рўзҳои худро ба cap мебурд ва дар саросари  қаламрави он оташи низоъҳои сиёсӣ аланга мезад, Иҷлосияи дувуми Шурой Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати  дувоздаҳум), дар таърихи 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфт ва дар сарнавишти Тоҷикистон марҳилаи тозаи таърихиро ифтитоҳ, бахшид.                                                   

Аввалин сухани Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шўрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон "Ман ба Шумо сулҳ, меоварам... Мо ҳама бояд ёру бародар бошем" паёме рушан аз хираду заковати халқ буд, ки дар фитрат ва дилу нияти поки фарзанди арҷманди баргузидааш таҷассум ёфта буд.

Фарҳанги сулҳ дар ниҳоди маънавӣ, ҷаҳоншиносӣ ва иродати ахлоқиву инсонии Эмомалӣ Раҳмон асли зиндагисозе аст, ки дар рисолат ва сиёсати давлатдории ў мувозинату оромишро дар вуҷуди ҳар инсон, дар ҳастии ҷамъият ва дар муносиботу муомилот бо қавму миллатҳои дигар меҳвари ҳама пирўзиҳо ва пиндорҳои нек ба шумор меоварад.

Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум ва ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшро, ки қаблан ёд кардем, дар вусъати ҳадафҳои олии миллӣ ангезиш дод ва қудрати амал ато намуд.

Бо ҳидояти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд арзишҳои аслии башарӣ ва бо ҳадафи демократисозии ҷомеа ва бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари хеш асос гузошт. Қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он андўхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқ шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқи аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.

Боиси  қаноатмандист, ки ба наздики қонуни мазкур қабул гардид ва мутобиқи он мо акнун имкон пайдо кардем, ки минбаъд ҳар сол Рўзи Парчами давлатиро, ки санаи 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ таҷлил менамоем.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба мафҳуми таркибии халқро муайян намуда, тасарруфи ҳокимияти давлатиро аз ҷониби ҳизбу созмон, гурўҳе ва ё фарде манъ кард.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба таври васеъ марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ оғоз кард. Пайрезии ин сулҳи деринтизор аз Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз замоне ибтидо мегирад, ки роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон дар ин анҷуман бо қатъият ва имону эътиқоди комил гуфта буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми  донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам  садоқатмандона меҳнат мекунам»

Миллати тоҷик назорати Сарвари давлати худро дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, бахусус дар ҷараёни баргузории гуфтушунид дар қаламрави Афғонистон, дар мулоқоте, ки 11 декабри соли 1996 баргузор гардид,  ҳаргиз фаромўш нахоҳад кард. Ҷараёни ин мулоқот дар китоби рўзноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Генадий Шала­ев "Роҳ ба сўи созиш'' чунин шарҳ ёфтааст: "Эҳтимол вохўрии аз ҳама пуршиддат ва хатарноку бемисл дар Афғонистон 11 де­кабри соли 1996 баргузор шуд.

Таърих шоҳиди он аст, ки инсонҳои бонангу номус дар вазнинтарин лаҳзаҳо ҳатто ҷони худро дар хатар гузошта баҳри раҳои ёфтан аз вазъияти вазнин кўшиш намуданд, ки номи онҳо дар лавҳаи таърих асрҳову солҳои бешумор бо хатҳои заррин нақш бастааст.

Ин насли ҷавонони имрўзаро водор менамояд дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, баҳри тадбиқи ҳадафҳои созандаи давлати Тоҷикистон ҳамчун шаҳрванди бедордил саҳмгузор бошанд.

Дар мақоли таърихие омадааст: «Подшоҳ соя Худо дар рўи замин аст». Менигарем ба кору пайкоре, ки Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати парешонгаштаи мо иҷро намуд, чун шоҳи одилу боғайрат тадбиқкунандаи каломи Худованд яъне сарҷамъӣ, некӣ, қонун, адолати  иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузориро тарҳрезӣ намуд, барои озодии инсон ва ҷомеа муҳит ва заминаҳои воқей муҳайё карданд. ҳамзамон бо озодии андеша, виҷдон ва раъю иродат, озодии фаъолиятҳои иқтисодӣ барои ҳар як шаҳрванд фароҳам оварда шуд.

Озодии инсон ва бузурдошти ҳуқуқҳои ў бо бунёдгузорӣ ва такмили ниҳодҳои муносиби умуми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷомеаи тоҷиконро ба дарёфти Истиқлолияти миллӣ, ки орзуву омоли чандинасраи ин қавми муаззам буд, тавфиқ бахшид. Озодии инсон, истиқлолияти миллат ва давлатдории миллӣ, ки Президент ханўз дар поёни соли 1992 ҳадафи олии худ эълом дошта буд, бо заҳмати шабонарўзии  ў ва пайравии содиқонаи фарзандони бонангу номуси  Ватан пойдор гардид.

Аз ҳар гӯшаву канори мамлакат овози тиру туфанг, фарёди кӯдакон, оҳу фиғони модарон ба гўш мерасид. Оромӣ на шаб буду на рӯз. Мардум пароканда, мақсадҳо гуногун. Аҳолии бечора дар чунин лаҳзаҳои сахт аз ҳама бештар азият медид. Қувваҳои солими ҷомеа, роҳи ба сулҳу салоҳ омадани неруҳои даргирро дар ҳарчи зудтар гузаронидани иҷлосияи навбатӣ медонистанд. Инҷост, ки санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон оғоз гашт. Эмомалӣ Раҳмон сарвари нави мамлакат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гашт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа аз бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт.

Маҳз аз ин Иҷлосия сулҳу ваҳдат, оромӣ, ризоияти миллӣ ва ваҳдати миллӣ ибтидо гирифт. Бо талошу хизматҳои назарраси Эмомалӣ Раҳмон оромӣ дар тамоми мамлакат  фароҳам омад. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аҳамияти таърихӣ дорад. Ба мардуми парокандаи тоҷик тавонист сарвари боэътимолро интихоб намуда сулҳу ваҳдатро дар мамлакат пойдор созад.

Президенди кишвар ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ баён менамоянд «Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед, шукронаи давлат кунед, шукрона кунед, ки чунин ватани азизу маҳбуб доред». Дар ҳақиқат сухани Сарвари давлат ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии моро баланд мебардорад. Ин ҳама иқдом низ меваи Истиқлолият аст, ки баҳри пойдории он Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ хизмати бузург намуд.

Дар таърихи навини мо тоҷикон бояд Иҷлосияи XVI -ро бо хатҳои заррин навишт, то ки насли наврас рӯй ба таърих оварад ва то чӣ андоза муқаддасу воломақомии онро дарк намояд. Тамоми дастовардҳое, ки дар тӯли 26 - соли соҳибистиқлоли ноил гаштем ин ҳама бо шарофати Иҷлосияи XVI  Шурои Олӣ ва хизматҳои шоёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Раъно Тошматова,
Шоҳида Негматова,
ассистентони ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh