Нақши Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Точикистон дар таърихи навини точикон

Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рўйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон  тарҳрезӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон 

Яке аз санаҳои бузурги  таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон  нақши барҷастае дорад.

Тақдири давлат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд.

Моҳи октябри соли 1992 пас аз вохўрӣ бо нерўҳои халқӣ, Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват кардани Иҷлосияи XVI дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ қарор қабул намуд. Ин қарорро кулли сокинони ҷумҳурӣ бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд.

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Маҳз дар таърихи 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қасри хоҷагии ба номи Саидхўҷа Ўрунхўҷаев  баргузор гардида,  он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд. ҳамчунин ин иҷлосияи таърихӣ заминаи мусоиде барои рушду нумўъи ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.

Аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳиме, ки дар ин иҷлосия муҳокима карда шуданд, ин тадбирҳо оид ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, қабули муроҷиатнома ба мамлакатҳои аъзои ИДМ дар бораи ба Тоҷикистон фиристодани нерўҳои сулҳдўст, интихоби раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин намудани сарвазири давлат, оид ба аризаи Президенти Тоҷикистон Набиев Р. Н, оид ба дохил намудани тағйирот ба моддаҳои 102 ва 174-уми  Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи тартиби ба ҷои муқимии зиндагӣ бозгардонидани гурезагон, дар бораи тасдиқ намудани аъзои девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо буданд.

Боз як воқеаи муҳиме, ки дар ҷараёни иҷлосия шуда гузашт, ин ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Шўрои Олӣ интихоб шудани Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кўлоб  Эмомалӣ  Раҳмон мебошад. Аз 197 нафар вакил 186 нафар номзадии Эмомалӣ  Раҳмонро дастгирӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, дар таърихи миллат ва давлатдории навини тоҷик сарнавиштсоз будани Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад, ки ба вазифаи сарвари давлат интихоб шудани вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги таърихӣ дошт.

Ҳанўз дар лаҳзаҳои хассоси Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба катъият изҳор намуда буданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

Таҳти раёсати Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия XVI як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.

Иҷлосия бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ,  пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурўҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъоли муътадил ва таҳкими мақомоти давлатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар дошта, принсипҳои башардўстӣ қарор кард, ки шахсони аз 27-уми март то 25 ноябри соли 1992 дар муқовиматҳои   мусаллаҳона ширкат доштанд, ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир карда буданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида намешаванд. Чунин сиёсат бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар буд, ки он барои ҳарчӣ зудтар ба сулҳи комил ноил гардидани кишвари маҳбубамон мусоидат намуд.

Санад муҳими қабулгардида ва қабули Қонун «Дар бораи гурезаҳо», ки дар қарорҳои Иҷлосияи таърихӣ қабул гардида буданд  ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти нави ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош доранд ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи  аввалиндараҷаи худ медонанд.

Дар  Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кўтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомўш намояд, сохтори фалаҷгардидаи  ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта,  Артиши Миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.

Дар як муддати кўтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милиса аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва сохти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандўст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шурўъ намуд ва барои мустаҳкам намудани  сарҳадҳои ҷанубии кишвар чораҳои мушаххас андешид.

Бояд қайд кард, ки Сарвари давлат ба монанди роҳбарони дигар давлатҳо дар шароити орому пешравӣ не, балки дар мамлакати ҷангзада, ки касе ҷуръати роҳбарӣ карданро надошт, ба сари қудрат омада мисли дигар сарварони сиёсии собиқ ҷумҳуриҳои шўравӣ дар мансабу вазифаҳои баланди ҳизбию давлатӣ кор накарда буданд, зеро сиёсатмадори ҷавон буданд. Вале ба арсаи сиёсӣ бо ҷасорат, матонат, дилу нияти пок ворид шуд ва чун як фарзанди сарсупурдаи миллат дар як муддати кўтоҳи таърихӣ тавонист мардуми аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашидаи Тоҷикистонро  сарҷамъ намуда, барномаи дар ҷаҳони муосир беназири расидан ба сулҳ ва ризоияти миллиро таҳия ва амалӣ кунанд.

Бо туфайли Иҷлосия-16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон дар иқлими сиёсии Тоҷикистон беистисно тағйироти куллӣ ба амал омад. Мамлакати азияткашида аз гирдоби ҷанги пурдаҳшати  бародаркуш халос шуда, бо роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ қадам ниҳод, пешрафт ва инкишофи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро дар мадди аввал гузошта барои амалӣ намудани ин иқдомҳо диққати махсус доданд.

Дар таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик давраи нави гузариш оғоз ёфт. Вакилони мардумӣ камолоти сиёсии худро нишон дода, дар вазифаҳои худ  бомасъулият ва дурандешона  амал намуда, барои ҳалли муаммоҳои сиёсию  иҷтимоӣ ва иқтисодиву  маънавӣ дар кишвар тамоми донишу таҷрибаи худро равона сохтанд. Дар муддати кўтоҳи таърихӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомўш карда шуд, барои амалӣ намудани барномаҳои муҳими иқтисодӣ, сохтмонҳои бузурги аҳамияти бйналмилалидошта шароит фароҳам овард, гузаронидани маъракаҳои муҳими ҷаъиятию сиёсиро имконпазир сохт, боиси Ваҳдати воқеии халқҳои Тоҷикистон гардид, ки мисоли равшани он бо сарварии Президенти кишвар таъсисёбии ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.

Зимнан бояд гуфт, ки иҷрои бомувафаққияти Аҳдномаи имзокардаи мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷрибаи аввалин аст.

Дар паёми  худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Маҳз ба шарофати ин рўйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунйдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Иҷлосияи XVI  Шўрои Олии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва, мо, маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот бахшида, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл  намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Ботурҷон Алимов,
номзади илмҳ
оитаърих,
дотсент, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати То
ҷикистон

Add comment


Security code
Refresh