Нақши муҳим ва мондагор

Таърих гувоҳ аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аксари манотиқи Тоҷикистон гирифтори ноамнӣ шуд. Умеди расидан ба сулҳу созиш ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ ҳамаро тарк кард. Мардум дар андешаи наҷоти ҷони худ рўз мебурд.

Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ ҷиҳати барқарории сохтори конститутсионӣ дар кишвар ва хотима бахшидан ба ҷангу ноамнӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.

Ҳамин тавр, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ўрунхоҷаев Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ бо ширкати вакилони халқ, аъзои ҳукумат, чеҳраи саршиноси кишвар ва қумандонҳои ду ҷониби разманда ба кори худ оғоз намуд. Лаҳзаҳо ва рўзҳои аввали кори Иҷлосия хеле бо мушкилот ҷараён доштанд.

Оқибат ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон намояндаи мардум аз ноҳияи Данғара, Раиси комиҷроияи вилояти Кўлоб Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, ҳамагӣ 40 сол доштанд.

Нахустин суханронии Раиси тозаинтихоби Шўрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлосияи ХVI дар қалби мардум аз нав шуълаи хомўшгашта, умед ба фардои нек, ба сулҳу ризоияти миллиро фурўзон кард. Бо гузашти 25 сол аз он Иҷлосия то ҳанўз суханони меҳрбору аз самими қалб гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон дар ёдҳо боқист.

«Ман ба шумо сулҳ меоварам ва тайёрам дар роҳи осоишу ободии Ватан ҷонамро қурбон кунам».

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди некном ва парвардаи ин обу хок, чун роҳбари якмаром, миллатдўст, ватанпарвар ва масъулиятшинос ба қавли хеш содиқ монда, дар масири расидан ба сулҳ ва оштии миллӣ талошу пайкор намуда, кишварро ба оромию ваҳдат оварданд. Амну осоишу сулҳ ва ҳамдигарфаҳмиро дар хонадони ҳар як сокини Ватан таъмин карданд. Давлатро аз нобудӣ, кишварро аз вартаи ҳалокату вайронӣ, мардумро аз дарбадарию низову нифоқу парокандагӣ наҷот доданд. Талошу заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат оқибат самари нек оварданд.

Аз аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши мондагори он дар таърихи давлатдории тоҷикон зиёд гуфтаву навиштаанд.

Маҳз баргузории ин Иҷлосия аз хираду фаросати дарки олии кор гирифтани вакилони мардумӣ ва Сарвари кишвар интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давлати ҷавони мо аз нобудӣ наҷот ёфт, пояҳои ҳукумат устувор гардиданд ва заминаҳо барои пешрафту рушди босуръати иқтисоди миллӣ гузошта шуданд.

Имрўз Тоҷикистон бо cарварии Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи арзандаву муносиб дорад. Ба ҳарфи Роҳбари Тоҷикистон, ба пешниҳоду иқдомоти наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарварони мамолики ҷаҳон таваҷҷуҳ мекунанд, меписанданд ва ташаббусҳои созандаи Роҳбари моро меомўзанд ва қабул мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ моро ба ҳушёрии сиёсӣ, ҳифзи Истиқлол ва давлати миллӣ даъват намуда, изҳор доштанд: «Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода бурда, Истиқлолияти Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро ҳамаҷониба таҳким бубахшем».

Имрўз, мо шукрона ва ифтихор дорем, ки бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ бартараф намудем. Арзишҳои бузурги умумимиллӣ – соҳибистиқлолӣ, давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми азизамонро бояд ҳифз намоем!

Зебунисо МУҲИДДИНОВА,
сокини шаҳри Бўстон

Add comment


Security code
Refresh