Амри виҷдон

Дар комисcариати ҳарбии шаҳр шоҳиди ин манзараи ҳаяҷонбахш гардидам. Ҷавони зебову чаққон бо чеҳраи хандону лутфу шўхиҳо бо пайвандони хеш хайрухуш дошт. Эҳсосу эҳтиромаш афзуду аз ҷавон пурсидам:

- Аз куҷо ҳастӣ, писарам, номат чист?

- Аз ҷамоати деҳоти Сурх, Эҳсон ном дорам. Ду рўз пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштам. Падарам Комилбой Мирмуҳаммадов 31 сол аст, ки дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №29 пешаи омўзгорӣ доранд. Муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик ҳастанд. Дар хонаву мактаб ҳамеша ба фарзандону шогирдон аз қаҳрамонию далерӣ ва шуҷоату ватандўстии гузаштагон нақлҳои ҷолиб намуда, аз масоили худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихию фарҳангӣ, устувориву бегазандии сулҳу субот моро бархурдор месозанд. Ватандўстӣ барҷастатарин хислати ҷавонмардон аст ва фарди баору номус ҳаргиз тарки Ватан намекунад. Онро дар лаҳзаҳои душвор танҳо намегузорад. Дар ҳама ҷо ҳамеша дар фикру зикри Ватани маҳбуб будан нишони ҷавонмардист, - мегўянд падари омўзгорам ва ҳар лаҳза дар қалбамон оташи ишқи Ватанро баланд меафрўзанд.

Рўзе барои ҳолу аҳволпурсӣ бо падарам дар тамос шудаму дар омади гап аз навигариҳои диёри азизам ва ёру ҷўраҳоям пурсидам.

Ҳоло мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз шудааст. Чанд рўз қабл маъракаи гусели ботантанаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бошукўҳ доир гардид. Аз ҳисоби ҷавонписарони деҳа Маъруф Қодиров, Холиқи Ҷумъабой, Олимзода Ҳадиятулло, Муҳаммадшариф Сyфиев ихтиёрӣ озими хизмат шуданд, – хабар доданд падар.

Нангу номус ва ғурури ватандўстиам боло гирифт. Қарор додам, ки худи пагоҳ чипта мегираму дар қатори дўстонам ман ҳам ба хизмати Ватан-Модар меравам. Охир марзу буми моро ба ғайр аз худи мо боз кӣ ҳифз карда метавонад? Пайвастан ба сафи сарбозони ватандўст дар Соли ҷавонон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, бароям боиси ифтихору сарфарозӣ хоҳад буд, - афзуд Эҳсон Бобоев.

Ҳангоми хайрухуш падар ба симои фарзанде, ки ҳоло аз дидораш сер нашуда буд, бо дидаи меҳбор назар дўхт:

- Писарам, ба Ватан содиқонаву мардона хизмат бикун. Бо сари баланд бозгард!

Ба сўйи ин устоди закитабъ дида медўзам: инсони комил бо дили бузург. Бале, диле, ки пок аст аз олоиш, макони пур аз меҳру навозиш, орӣ аз ҳасад, ки бо меҳри ҳифзи Ватан метапад. Ҳар як дарси ин гуна устод худ як китобу мактаб аст, китоби омўхтаниву ибрату пайравӣ ва шоистаи таҳсин.

Ҳусни Сабоҳ,
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh