Сулҳу Ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадаанд

Дар саҳифаи таърихи миллати мо Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сарнавишти кишвар нақши муҳим дорад, бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Он солҳо, пеш аз ҳама, бояд ба ҷангҳои бемаънӣ хотима бахшида, сулҳу амонӣ ва якпорчагии Тоҷикистон таъмин мешуд ва ин амалро баргузории Иҷлосияи тақдирсоз имконпазир кард.

Солҳои 1992-1997 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари оқили он, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи эҳё ба ҳисоб меравад. Ин муддат давраи ҳалли мушкилоти сиёсӣ, ба роҳ мондани фаъолияти дастгоҳи давлатдорӣ, баҳри расидан ба ваҳдати комил, давраи меҳнати фидокорона, бурдбориҳо ва ҷон дар хатар гузошта, ба ҳам овардани гуруҳҳои мухолиф буд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ва судманд аз ҷониби Сарвари давлат давраи муҳими ободкорӣ, созандагӣ, бунёди роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, корхонаҳои хурду бузург оғоз гардиданд.

Сулҳ неъмати бисёр ширин аст. Ҳар миллату ҳар давлат барои ба ин неъмати бебаҳо ноил гардидан мубориза мебарад, зеро сулҳу ваҳдат ифтихор, осоишу оромӣ, армонҳои накўкорию сари баланди ҳар як шаҳрванд мебошад. Мо, ки дар арафаи 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ёд овардани корнамоиҳои фарзандони арзандаи замонро айни мақсад ва қадрдонии заҳматҳояшонро нишони сипосу эҳтироми ҳамешагӣ медонем. Дар рўзҳои баргузории Иҷлосия депутатҳои Шўрои Олии ҷумҳурӣ тамоми талошҳои хешро баҳри расидан ба сулҳи деринтизор равона карда буданд.

Мансур Мирзоев, депутати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1990-1995 аз шумори фарзандони фарзонаи замони хеш аст, ки дар ба даст овардани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳм дорад. Ў ҳамчун ҷонишини раиси Комитети Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии мардум, таъминоти иҷтимоӣ, экология ва проблемаҳои модару кўдак фаъолият карда, баҳри беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, экологӣ ва ҳифзи саломатии мардум талошҳои судманд анҷом додааст.

Роҷеъ ба баргузории Иҷлосия ва хотироти он рўзҳо баъди гузашти 25 сол суҳбате доштем бо Мансур Мирзоев, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.

- Мансур Мирзоев, имрўз мо дар остонаи 25-солагии баргузории Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Дар зеҳни Шумо ҳамчун иштирокчии бевоситаи ин Иҷлосия аз он рўзҳо чӣ хотироте нақш бастаанд?

- Бале аз он рўз солҳо гузаштанд, вале ҳар дақиқаи ин рўзҳои сангин ҳамеша дар зеҳни ман чарх мезананд. Пеш аз ҳама, мо бояд донем, ки дар давоми панҷ соли даъвати депутатӣ чанд маротиба сессияи Шўрои Олӣ даъват мешавад. Мувофиқи регламент дар давоми панҷ давраи депутатӣ даҳ маротиба сессияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват мекарданд. Лекин дар давоми дуюним сол дар шаҳри Душанбе 15 маротиба сессияи Шўрои Олӣ даъват карда шуд. Панҷ маротибааш сессияи навбатӣ ва даҳ маротиба сессияи ғайринавбатӣ буд.

Даъватҳои ғайринавбатӣ онро нишон медоданд, ки дар кишвар нооромӣ ҳукмфармо ва кашмакашҳои сиёсӣ хеле зиёд гашта буданд.

Агар ба таърих назар андозем, дар давоми солҳои 1938-1990 дар ҶШС Тоҷикистон 5 нафар депутат бо навбат раиси Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шуда, кор кардаанд. Давоми дуюним соли фаъолияти Шўрои Олӣ, даъвати 12 бошад, 6 нафар раиси Шўрои Олӣ интихоб шуданд. Ин ҳам ба вазъи муташанниҷи кишвар дар он замон далолат мекунад. Кор кардан дар вазъияти ба амал омада рўз ба рўз душвортару нооромтар гашта, оқибат ба ҷанги шаҳрвандии кишвар оварда расонид.

Хушбахтона, баҳри ба эътидол овардани вазъи муташанниҷи ба амал омада, Иҷлосияи навбатӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Он замон вилояти Суғд минтақаи амнтари кишвар буд. Ин аст, ки ба Хуҷанд аксари депутатҳо ҳозир шуданд.

Ёд дорам, пеш аз Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ барои баргузории сессияи 15-ум ба мушкилиҳо рў ба рў шуда будем. А.Искандаров - раиси Шўрои Олӣ барои маслиҳати гузаронидани сессияи 15-уми Шўрои Олӣ ба Хуҷанд омада буд ва дар толори Ҳукумати вилоят даъват намуд, ки барои омодагӣ дидан ба сессия 5-6 нафар депутат бо хоҳиши худ ба шаҳри Душанбе раванд. Дар толор депутатҳои Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Ленинобод ҷамъ омада будем. Ба ин даъват дар оғоз ҳамовозӣ зоҳир нашуд. Пас аз чанд фурсат камина хоҳиши ба Душанбе рафтанамро изҳор доштам, ки чанд депутати дигар низ ба ман ҳамроҳӣ карданд. Ҳамин тариқ, панҷ нафар ба пойтахт рафтем. Вазъият вазнин буд.

- Бигўед, ки дар чунин вазъи вазнин барои мардум ва мавҷуд набудани имкони фаъолияти бонизоми иҷлосия депутатҳо чӣ корҳоро ба анҷом расониданд?

- Баъди чанд рўзи иҷлосияи 15-уми Шўрои Олӣ моро аз шаҳри Душанбе ба вилояти Қўрғонтеппа бурданд. Мо деҳа ба деҳа гашта, натиҷаҳои ҷанги бародаркушро дидем. Мактабҳо, муассисаҳои хизматрасонӣ, хонаву макони мардум ҳамагӣ сўхта хокистар шуда буданд. Ҳамсоя хонаи ҳамсояи худро оташ зада буд. Баъзе минтақаҳои вилояти Кўлоб дар муҳосираи ғизоӣ қарор дошт, нон намерасид. Ба болои ҳамаи ин гуруснагӣ ва заҳролудшавии мардум ташвишовар буд. Он рўзҳо ба мо - депутатҳо, ки дар баробари шаҳрванди кишвар масъулияти оромиву суботи сарзаминро бар дўш доштем, хеле вазнин буд.

Хушбахтона, дар Қасри Арбоб Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ ба кори худ шурўъ кард. Аҷибаш он буд, ки Иҷлосия 16-уми ноябр ба кори худ сар карда, 16 рўз давом кард. Дар бораи чигунагии баргузории Иҷлосияи мазкур то имрўз бисёр навиштаву гуфтаанд.

Минбаъд дар шаҳри Душанбе ҷонишини раиси комитети Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии мардум, таъминоти иҷтимоӣ, экология ва проблемаҳои модару кўдак шуда кор кардам.

Он рўзҳои бағоят барои мардуми кишвар вазнин интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шўълаи умедро дар дили пиру барнои сарзамин фурўзон кард. Имрўз шукргузор аз он ҳастам, ки мо, депутатҳо ҳангоми интихоб кардани Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хато накардем.

- Дар остонаи ин ҷашни фархунда чи таманниёте доред?

- Мехоҳам сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки ба нархи ҷони ҳазорҳо ҳамватанон ва ҷонбозиҳои мардони шариф ба даст омадааст, пойдор бошад. Ҷавонҳо ба ҷовидонагии сулҳи кишвар ва ободии сарзамин масъуланд. Орзу дорам, ки ин масъулиятро сарбаландона иҷро намоянд.

-Ташаккур барои суҳбат.

Суҳбаторо
Сурайё Ҳакимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh