Иҷлосия – воқеан таърихиву тақдирсоз

-мегўяд вакили Иҷлосияи таърихӣ М.Исломиддинов

Бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози ХVI суҳбате доштем бо иштирокчии он Мирзошариф Исломидинов.

-Муҳтарам Мирзошариф Исломиддинов, мехостем бобати лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи тақдирсози миллат ба муштариёни рўзнома нақл намоед.

- Дар хотир дорам, ки лаҳзаҳои аввали Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баҳсу мунозираи гурўҳи депутатҳо бо Раиси ҳамонвақтаи Шўрои Олӣ Акбаршо Искандаров оғоз гардида буданд. Аксарияти депутатҳо бо исрор боварӣ доштанд, ки Раёсати ҳамонвақтаи Шўрои Олӣ бо гузаронидани ин Иҷлосия вазъиятро муътадил гардонида наметавонад ва ниҳоят қарор қабул карда шуд, ки аз ҳисоби намояндагони ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон комиссияи созиш баҳри омода намудани масъалаҳои рўзномаи Иҷлосия ва таҳияи лоиҳаҳои қарорҳои тақдирсози он ташкил карда шавад.

Комиссияи созиш иборат аз 30 нафар депутат таъсис дода шуд. Аз вилояти ҳамонвақтаи Ленинобод - депутатҳо Б.Бобоев, Қ.Тўраев, М.Фозилов, М.Исломидинов, М.Мирзобадалов, Ю.Ёдгоров, М.Норбутаев, О.Ҳасанов, аз минтақаи Кўлоб - Э. Раҳмонов, А.Раҳмонова, Ҳ.Табаров, аз минтақаи Қўрғонтеппа А.С. Достиев ба ҳайати комиссия шомил буданд. Ба комиссия барои гузаронидани ҷаласаҳо толори хурди ошёнаи дуюми Қасри Арбоб ҷудо карда шуд.

Бояд қайд намоям, ки комиссияи созиш доир ба ташкил ва оғоз бахшидани ҷаласаҳои тақдирсози Иҷлосияи ХVI таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши асосӣ дошт.

Комиссия се ё чор рўз аз пагоҳ то бегоҳ ҷаласаҳо гузаронид ва дар давоми фаъолияти ин комиссия дигар депутатҳо дар толори асосӣ нишаста, интизори пешниҳодҳои комиссия оиди оғоз бахшидани фаъолияти Иҷлосия буданд. Дар ҷаласаҳои комиссия аз рўзи аввал якчанд маротибагӣ депутатҳо Э.Ш.Раҳмонов, А.Раҳмонова, Б.Бобоев, А.С.Достиев, Қ.Тўраев, М.Фозилов, Ю.Ёдгоров, Ҳ.Табаров ва дигарон баромад намуда, вазъияти баамаломадаро таҳлил менамуданд, таклифҳои худро оиди барқарории ҳокимияти конститутсионӣ ва барҳам додани даргириҳо дар ҷануби кишвар пешниҳод карданд.

Аъзои комиссияи созиш баъд аз муҳокимаронии тўлонӣ лоиҳаҳои рўзномаи Иҷлосия ва қарорҳои асосии онро таҳия намуданд. Комиссия ба қарор омад, ки Иҷлосияро то интихоби Раиси нави Шўрои Олӣ на Раиси ҳамонвақта, балки бояд яке аз аъзои комиссия раисӣ кунад ва бо таклифи яке аз вакилон номзадии вакили калонсолтарин Ҳабибулло Табаров маъқул дониста шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳамон вақт қувваҳое мавҷуд буданд, ки зидди баргузории Иҷлосия ва ё натиҷаҳои интизории он буданд, манфиатҳои гурўҳии худро ҳифз кардан мехостанд. Аз тарафи яке аз депутатҳои дар толори калон нишаста дар яке аз танаффусҳо ба мо пешниҳод гардид, ки ҳамчун алтернатива номзадии И.Ҳаёев низ ҳамчун номзад ба вазифаи Раиси Шўрои Олӣ пешниҳод гардад. И.Ҳаёев қотеъона ин таклифро рад намуд.

Аз пешниҳодоти комиссияи созиш бобати муттаҳид намудани депутатҳои ҳамаи манотиқи кишвар ва бовар кунонидани онҳо ба қабули қарори дуруст пешрафти кори Иҷлосия вобастагии калон дошт. Баъди муҳокимарониҳои тўлонӣ рўзнома тасдиқ гардид ва депутатҳо ба баррасии масъалаҳои алоҳида гузаштанд. Э.Ш.Раҳмонов Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва Раисии Иҷлосияро ба уҳдаи худ гирифтанд ва он ба маҷрои созандагии худ ворид гардид.

Воқеан қайд кардан ба маврид аст, ки ҳайати комиссия барои ташкил ва оғоз бахшидани ҷаласаҳои тақдирсози Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши асосӣ ва ҳалкунанда дошт ва ҳамсуҳбати мо М.Исломиддинов низ бо ҳисси баланди сарфарозӣ бо ифтихор ҳарф мезад, ки узви ин комиссия буда, дар барқарор намудани Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон заррае ҳам бошад, саҳми хоксоронаи худро гузоштааст.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh