НАҶОТБАХШУ САДОҚАТМАНДИ МИЛЛАТ

Муҳаббат ба сиёсати оқилонаву бунёдии Пешвои муаззам

Мегўянд, ки ҳар як рўз баъди гузаштан қадр, мазмуну маънои комил пайдо мекунад. Дар ин радиф чаҳоряк аср муқаддам 16 ноябри соли 1992 рўзе буд, ки аз ҳамон лаҳза то ба инҷониб қадру манзалатеро соҳиб гардид, қиёснопазир, беназир ва арзишманд шинохта шудааст.

Дар Қасри Арбоб Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ҷанбаи тақдирсоз, таърихӣ ва бунёдгузор касб кардааст. Кунун аз қуллаи ҳаёти рангину босаодати миллат ба рўзҳои ноябри соли ҳазору нўҳсаду наваду ду менигарему неруи аҳди дўстӣ, бародархондагӣ, азму кўшишҳои якпорчагии кишвар, эҳёи Тоҷикистони азиз, устувор нигоҳ доштани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ дар вуҷудамон тоза ба тоза эҳсос мешаванд.

Барорҳо ва комёбиҳои нав ба нави меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии имрўзаи кишвари соҳибистиқлоли мо аз Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, зеро он дар бунёди давлати навини тоҷикон асоси мукаррам гузошт.

Иҷлосия дар Қасри Арбоб ҳамрадифи сабақомўзӣ, шинохти тақдир ва сарсабзии ниҳоли орзуву ормон буд.

Миллати тоҷик аз азал бахтёр, зафарёр ва ба ор буду чунин боқӣ мемонад. Бахту нусрат ва шарафу номуси миллӣ буд, ки Иҷлосия дар Қасри Арбоб парвозгоҳи ҳақиқии орзуву омолҳои наҷиби мардум шинохта шуд. Давоми рўзҳои баргузории ҷаласаҳои Иҷлосия - 19 ноябри соли 1992 Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Сардори давлат интихоб шудани фарзанди ҷонфидои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар васоити ахбори умум ба тасвиб расид ва ба дилҳо фараҳу шодмонӣ бахшид. Суханони пурэҳсосу рўҳбахш ва умедбахши Раиси Шўрои Олии мамлакат «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани Сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Марди пуртаҳаммул, солору хушсимо, дилсўзу дилогоҳ Эмомалӣ Раҳмон бо мақсаду нияти нек, бо имони поку виҷдони соф ба арсаи сиёсат, ватандориву инсонпарварӣ ворид шуданд. Мардуми шарафманду соҳибтафаккури тоҷик, миллати аз азал фарҳангӣ, кишвари соҳибноми худро ба роҳи худшиносӣ раҳнамун, ҳидоят ва муваззаф намуданд.

Фарзанди фарзонаву худшинос Эмомалӣ Раҳмон марди Худодод ба бахти миллати тоҷиканд. Раиятпарвару ятимпарвар, бузургдошти шахсиятҳои тамаддун ва фарҳанганд, ба гузаштагону бузургон эҳтиром, такя бар илму ирфон ва шинохти миллӣ доранд. Ҳамаи ин хислатҳои ҳамида ва ҳуввияти миллиашон дар фазои Иҷлосия дар Қасри Арбоб зуҳур карда буданду мардуми огоҳи мо аз ҳамон лаҳза барояшон эҳтирому шинохти комил ҳадя доштанд.

Шукри беадад, ки давлати тоҷикону миллати бофарҳанги Тоҷикистон бо Роҳбарии фарзанди неруманди худ Эмомалӣ Раҳмон марҳала ба марҳала мушкилоти ба сар омадаро сабук гардонида, аз кўчаи сарбаста баромаданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти ба таври демократӣ интихобгашта ва аз ҷониби халқ эътирофшуда бо қатъият ба се ҳадафи стратегӣ: соҳиб шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ки асоси ҳаёти ободу босуботу дилрабоянд, миллату давлатро расониданд.

Бо ибораи дигар Сарвари муаззами давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи дурусту ҳидоятҳои бунёдиашон мардуми тоҷикро ба кўи мурод мушарраф гардониданд, ки ҷои баҳс нест.

Ибораҳои рўҳнавози Истиқлолияти давлатӣ, Иҷлосияи таърихӣ, Роҳбари давлат, Ваҳдати миллӣ аз лаҳзаҳои ҳассостарини таърихи навини кишвар, аз сарнавишти халқ ва Тоҷикистон сарчашма гирифтаанд. Яъне, шонздаҳуми ноябри соли ҳазору нўҳсаду наваду ду дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Роҳбари мамлакат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин, олитарин ва шарифтарин илтифоти таърих ва давру замони муосири тоҷикон эътироф гардидаанд.

Мегўянд, ки одам ба биступанҷсолагӣ қадам гузорад, ў фарди солор аст. Биноан, ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии ҷумҳурӣ биступанҷсола шуд, он солор, назарбин, беқиёс аст.

Имрўз дар партави ҳадафҳои Иҷлосияи шонздаҳуми нусратбору саодатбор, ки он хос ҷаласаи миллӣ, худшиносии миллӣ дониста шудааст, ҳаёту зиндагии воқеан миллии мардуми тоҷик пеш меравад, боғи рўзгор гул мекунад, ободонӣ ба хотири маъмур сохтани мулкамон равнақ мегирад. Мардум бо дасту дили тозаву гарм кор мекунанд, бо ташаббусҳои ҳадафманд, меҳру муҳаббати волои худ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандона, ҳидоятҳои бунёдиашон ҳамдиливу садоқатмандӣ ҳувайдо месозанд.

Кишварамон, хурду бузургсоли қаламрави Тоҷикистони соҳибихтиёр дилпурона ва бо қадамҳои устувор ба сўи ояндаи ободу осуда мераванд. Биноан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори солгарди соҳибистиқлолӣ бо ифтихор баён доштанд: – «Халқи азизам! Ман ба қудрати созанда ва нангу номуси ҳар фарди ту бовар дорам!

Миллати бузурги ман! То зиндаам, ман бо номи ту сидқан ифтихор мекунам, туро самимона дўст медорам ва тамоми ҳастии худро дар роҳи хизмат ба ту бедареғ мебахшам!».

Ҳамин тавр, эҳсоси шарифтарин дорем: бо нуру сафои ҳидоятҳо ва сиёсати оқилонаву бунёдии Пешвои муаззами миллат бахтёр, ватандор, соҳибэътибор ҳастем.

Абдуқодир ҶАББОРОВ,
муассис ва бунёдгузори Ширкати “Сино”,
Корманди хизматнишондодаи
фарҳанги Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh