Парчам - таҷассуми ормонҳои дилҳост

Инсоният дар тӯли таърихи ҳастии худ дар роҳи тамаддуну фарҳангофарӣ, созандагию бунёдкорӣ, эҷоди таърих, фалсафа, адабиёт, санъат, ахлоқ, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои маънавӣ рамзҳои зиёдеро офаридааст, ки ҳар яки онҳо, сарнавишт, мазмуну моҳият ва мантиқи худро доранд. Агар ба рамзҳо ба назари таҳқиқ нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, таҷассумгари фарҳангу тамаддун, оину суннат ва орзуву ормонҳои мардуманд.

Рамзу аломатҳои расмӣ хеле гуногунанд - мисли парчам, нишони давлатӣ, суруди миллӣ, мӯҳри давлатӣ, асъори миллӣ ва ғайра.

Дар таърихи тамаддун ва фарҳанги басо ғанию қадима, бунёди давлат ва давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле ҷолиб, рангин ва тӯлонӣ дошта, он дар асотир бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори хаттии қадима, маъхазҳои таърихию адабӣ, достону қиссаҳо, ривоятҳо ва эҷодиёти шифоҳии мардум инъикос ёфтааст.

Таърихи рамзу аломатҳо ҳанӯз дар қадимтарин ёдгории динӣ - фарҳангӣ ва сарчашмаи нодири таърихӣ, нахустқомуси тамаддуни мардуми ориёӣ, китоби муқаддаси оини Зардушт - и «Авесто» инъикос ёфта, дар он чор табақаҳои иҷтимоии ҷомеаи ҳамон давра коҳинон ё рӯҳониён бо рангу аломати сафед, сипоҳиён (ҷанговарон) бо рангу аломати сурх, кишоварзону косибон, бо рангу аломати сабз ишора шудаанд.

Дар осори мутафакирон, уламову удабои гузашта таърихи парчаму парчамдорӣ бо нақлу ҳикоёти басо ҷолибу ҷаззоб инъикос ёфтааст. Ин ривоёт ва ҳикоёти муассир тавассути яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ «Шоҳнома» - и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ то ба рӯзгори мо омада расидааст.

Дар «Шоҳнома» доир ба «Дирафши Ковиён» солҳои тӯлонӣ чун рамзи ифтихор парчами давлатҳои қадимаи ориёҳо - Ҳахоманишҳо, Ашкониён, Сосониён будааст ва онро арабҳои ғосибу истилогар ва тамаддунсӯз ҳангоми забти Хуросон ва Мовароуннаҳр ба яғмо бурдаанд.

Парчами далатии Ҳахоманишҳо (558-330 то милод) аз харобаҳои тахти Ҷамшед ҳангоми ҳафриёт ёфт шуда, ҳоло дар Осорхонаи миллии Эрон маҳфуз аст. Ин парчами давлати ориёиҳо ранги сурх дошта, бо шилшилаҳои сурх, сафед, сабз оро дода шудааст ва дар мобайни он рамзи қадимтарни авастоӣ ва ориёӣ Уқоби Хуршед тасвир ёфтааст.

Пас аз суқути давлати абарқудрати ИҶШС ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ соҳибистиқлол гардиданд ва парчами худро чун рамзи озодӣ ва истиқлол қабул намуданд.

Гарчанде Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 эълон карда бошад ҳам, аммо бар асари бесомониҳо, муқовимати сиёсӣ ва фишороварии паиҳам ба парлумони ҳамонвақта рамзҳои давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо тасдиқ нагардида буданд.

Хушбахтона ақли солим ва тафаккури сулҳпарварии мардуми тоҷик ғолиб гардид.

Иҷлосияи тақдирсози ҶVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ аз нав барқарор намуд. Ин Иҷлосия ба саҳнаӣ сиёсӣ, сиёсатмадори даврони нав, сарвари оқилу ҷасур ва дурандеш Эмомалӣ Раҳмонро овард ва ӯ Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ раҳонид.

24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қабул намуд ва бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

Нусхаи аслӣ ва нахустин Парчами давлатӣ, ки дар Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ гардида, ки онро Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қумондонҳои саҳроӣ бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида, дар назди он сари таъзим фуруд оварда буданд, аз ҷониби кормандони масъули Шӯрои Олии Тоҷикистон Калимулло Қодиров эҳтиёт ва ҳифз намуда сипас ба Осорхонаи Миллии Тоҷикистон супорида шуд ва ҳоло дар ин Осорхона маҳфуз аст.

Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст. рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи Рпоёнии сабз баробар мебошад ва рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал, тоҷ ва болои он ба ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Ранги сурх - дар парчами мо ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол.

Ранги сафед - рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек.

Ранги сабз - рамзи ҳаёт, сарсабзиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст.

Тоҷ - рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва Истиқлолият аст.

Ҳафт ситора - низ рамзи нек буда, рақами ҳафт дар асотир, ҳикмат, оини суннати мо, рақами муқаддас, рамзи бахту саодат, некӣ ва пайванди арзишҳои заминӣ ва кайҳонианд. Хеле рамзист, ки ҳафт минтақаҳои асосии ҷумҳурии мо Бадахшону Зарафшон, Суғду Хатлон, водиҳои Вахшу Рашт ба ҳамин ҳафт ситора мувофиқат мекунанд.

Дар арафаи ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 30 - юми августи соли 2011 дар паҳлӯи чапи Қасри миллат дар баробари Нишони давлатӣ баландтарин Парчами Тоҷикистон барафрохта шуд, ки бо бузургиву ҳашамати худ нозир надорад.

Баландии сутуни парчам 165 метр буда, дар ҷаҳон яке аз баландтаринҳост. Дарозӣ ё паҳнои худи парчам 60 метр ва бараш 30 метрро ташкил мекунад ва аз лиҳози баландии сутун ва бузургии парчам он ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шудааст.

Холиқ ШУКУРОВ,
мудири шўъбаи муосир
Осорхонаи ба номи А.Рўдакӣ
шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh