Парчам рамзи давлатдорист

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо тоҷикон мебошад. Парчам аз аҳди қадим рамзи иттиҳоду пирўзӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шуҷоату далерӣ буд.

Аз таърих маълум аст, ки дар гузашта парчам ифодагари маркази лашкар, мавқеи сарлашкар ва нерўбахшу ҳидоятгари он низ буд. Ишғоли парчами як лашкар аз ҷониби лашкари дигар маънои пирўзи бар онро дошт. Бино ба достони «Заҳҳок ва Коваи оҳангар»-и «Шоҳнома»и Фирдавсӣ, Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳоки морон, ки дар радифи ҷавонони зиёди кишвар 17 писари ўро низ тўъмаи моронаш карда буд, алайҳи ин шоҳи хунхор шўрида, пешбанди чармии худро ба сари найза кашид ва халқро ба шўриш даъват кардаву пирўз шуд. Дар ниҳоят шоҳ Фаридун ба тахт омада, он пешбанди Коваи музаффарро Дирафши Ковиёни хондааст ва бо зару зевар ороста муқаддас медонад. Баъд аз ин ҳодисаи таърихӣ парчам ба рамзи пирўзӣ ва пасон ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфтааст.

Таърихшиносон овардаанд, ки Дирафши ковиёнӣ солҳои сол мояи ифтихор ва илҳомбахши пирўзиҳои ворисони Фаридун будааст. Воҷаи сермаънову тоҷикиасли дирафш аз кўҳантарин муродифи парчам аст. Пас аз Инқилоби октябр дар силсилаи муродифҳои парчам воҷаи туркии байрақ ворид шудааст.

Баробари ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон дар радифи ҳалли дигар масъалаҳо зарурати таҳияву рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ- Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ перомуни тарҳи Парчами давлатӣ табодули назар карданд. Ниҳоят рўзи 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолияти худ-Парчами миллӣ гардид.

Соли 2009 бо ибтикори Президенти мамлакат 24 ноябр ҳамчун Рўзи Парчами миллӣ эълон гардид. Ин рўз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастиву ифтихори миллии моро ифода мекунад.

Шаҳноза ҚОДИРОВА,
 корманди илмии  Осорхонаи ҷумҳуриявии
 таърихиву кишваршиносии ба номи
 Абўабдуллоҳ Рўдакии шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh