Ваҳдат, Истиқлолият ва Президент – се неруи қавӣ ва кафили рушди Тоҷикистон

Ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад. Давоми 26 соли сипаригардида кишвари мо ба бисёр дастоварду пешрафтҳо ноил гардид, ки дар саргаҳи ҳамаи ин комёбиҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодаанд. Ин шахсияти нодири таърихӣ тавонистанд бо хиради азалии худ Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот, ваҳдати миллиро устувор ва кишварро ба сӯйи ояндаи дурахшон роҳнамоӣ намоянд.

Ҳамагон медонанд, ки баъди пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ насибаи Тоҷикистон аз он он империяи муқтадир чизи кироие набуд. Илова бар ин даргириҳои дохилии кишвар дар аввали солҳои навадум боиси он гардид, ки иқтисодиёти Тоҷикистон хароб ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ  ба даҳсолаҳо қафо монад. Аз рӯйи баъзе ҳисобҳо хисороти аз ин даргириҳои дохилӣ расонидашуда беш аз 7 миллиард доллари амрикоиро ташкил медоду сохтори  иқтисодӣ фалаҷ гардида буд. Аз Артиши Шӯравӣ бошад, ба Тоҷикистон қариб чизе нарасид.

Сарвари муаззами Тоҷикистон ҳанӯз 25 сол муқаддам дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳангоми Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданашон мардонавор қавл доданд, ки "Ман то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро ором ҳис карда наметавонам ". 

Тӯли 25 соли сипаришуда ба ин суханон ва то кадом андоза амалигашти онҳоро дида, бо боварии том метавон гуфт, ки Сарвари муаззамамон натанҳо охирин гурезаро баргардониданд, балки таҳти фаъолияти он кас Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои тараққикардаистода табдил ёфта истодаасту дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хоса дорад. Борҳо шудааст, ки хизматҳои ин фарзанди фарзонаи миллатро ба ҳисоб гирифта, кору пайкорашонро бо кӯшишҳои Авраам Линколну Шарл де Гол ва Камол Отатурк ҳампоя донистаанд. Аммо андеша дорам, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хизматҳои шахсиятҳои дарболо зикрашонрафта дар масири таърих ба маротиб зиёд аст. Зеро Линколну Де Гол ва Отатурк ба он кишварҳое роҳбарӣ кардаанд, ки мутараққӣ буданд, дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор надоштанд ва роҳҳои мустақими баромадан ба бозори ҷаҳониро доштанд. Тоҷикистони мо бошад, танҳо туфайли заҳмати Пешвои миллат зина ба зина дастёб шуда истодааст, ки барои худ роҳ ба сӯйи бозорҳои ҷаҳонӣ кушояд. Қисмати ҷанубу шимоли кишвар ба ҳам пайваст гардад. Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ, озуқаворӣ аз ҳарвақта дида наздиктар гардид.

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар рушди соҳаи иқтисодиёту саноат ва хоҷагии халқ назаррас аст, балки мактаби Пешвои миллатамон дар самти қабули қонунҳо низ мояи омӯзиш ба ҳисоб меравад.  Имрӯзҳо беҳтарин қонунҳо дар замони муосир қабул шуда истодаанд, то ҳимояи мардум беҳтар ва таъминоти иҷтимоии онҳо хубтар бошад. Бо ташаббуси Сарвари муаззамамон рӯи кор омадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” намунаи беҳтарини гуфтаи болост.

Ҳамаи ин бори дигар далел аз ғамхории Президент дар ҳаққи сокинони кишвар ва мардуми оддист ва аз ҷониби дигар баҳри баландбардории дараҷаи масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ мебошад. Ҳоло кишваре чун Қирғизистон талош дорад ин гуна қонунҳоро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ пиёда созад ва таҷрибаи Тоҷикистонро сарчашмаи амали худ қарор диҳад.

Аз ҷониби дигар мулоқотҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи табақаҳои ҷамъият ва дар шаҳру навоҳии гуногун гувоҳи он аст, ки Президенти мо мудом дар байни халқанд, зеро аз байни мардум баромадаву чӣ будани зиндагии сокинони кишварро ба хубӣ медонанд. Инчунин ташаббусҳои қонунгузории он кас нишон медиҳад, ки омӯхтан аз худу ҳамтоёни худ, аз таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳони муосир шиори доимии Пешвои миллатамон мебошад. Ин гуна фитрати азалӣ дар чеҳраи Президенти кишварамон ба хубӣ ҳувайдост. Агар чунин намебуд, Тоҷикистон наметавонист дар давоми 26 соли Истиқлолияти давлатӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шавад.

Гузашта аз ин Сарвари давлат натанҳо нисбат ба рушди Тоҷикистон, балки дар пешрафти ҷаҳони мусоир нақши муассир доранд. Аз ҷониби Созмони  Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Даҳсолаи амал 2018-2028 “Об барои рушди устувор”  далели равшани ин гуфтаҳост. Зеро Пешвои миллатамон ба хубӣ дарк мекунанд, ки манбаи ҳамаи пешрафтҳо ин таъмини аҳолии сайёра бо оби нӯшокӣ буда, танҳо ба ин васила метавонад башарият пешорӯйи хатарҳои ҷиддии иҷтимоӣ истодагарӣ намояд. Ин иқдом бори дигар нишон медиҳад, ки Пешвои мо мушкилоти глобалии нарасидани оби нӯшокӣ дар сайёра ва талқини ғояи ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обро яке аз ҳадафҳои берунаи сиёсати сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон қарор додаанд ва баҳри расидан ба он талошҳои пайгиронаву созанда доранд.

Инчунин Сарвари давлати Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфуз ҷаҳониёнро аз хатари терроризму экстремизм ҳушдор дода, дину оин надоштани террористонро таъкид намудаанд ва роҳи наҷот аз ин вабои асрро дар ҳамкориҳои ҳампоя бар зидди ин хатари ҷаҳонӣ маънидод намудаанд.  Нақши аҳли ҷамоатчигиро дар ин масъала хеле муҳим арзёбӣ намуда, даъват ба он овардаанд, ки ҷомеа нисбат ба фарзандони худ ва тарбияи наслҳои минбаъда бетараф набошад. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастиву аҷргузорӣ ба муқаддасоти милливу давлатӣ бояд шиори амали ҳар яки мо маҳсуб ёбад. Маҳз дар ин росто соли 2017 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидааст. Бо маънои том метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте таърихӣ ва дорои фитрати азалӣ, ки ҳар пешрафти Тоҷикистон, дастовардҳои он бо ному насаби ин чеҳраи мондагори башарият сахт марбут аст. Аз ин ҷо метавон бо дилпурӣ гуфт, ки се чиз боиси сулҳу субот, пешрафту шукуфоӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистони азизи мо мебошад: Ваҳдат, Истиқлолият ва Президент. Ин се воҷаест, ки ҳар яке дигареро пурратару комилтар менамояд ва сутуни давлату давлатдории кишвари мо дар ин се поя қарор дорад.

Комилҷон ҒАНИЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh