Пайкор ва андешаҳои Пешвои миллат - ҳидоятномаи ҷавонон

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки кишвари фалаҷгашта ва ба хоку ҷангу хун яксон ба як мамлакати мустақил, демокративу ҳуқуқбунёд, ободу зебо, аз ҷиҳати иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавият такомулёфта мубаддал гардад. Ҳамаи ин дигаргуниҳо аз ҳадафҳои асосӣ ва дурбинонаи Иҷлосияи тақдирсози миллат, сулҳу суботи ҷомеа ва устувории пояҳои давлатдорӣ маншаъ мегирад.

Иҷлосияи такдирсоз шаҳрвандони бонангу номусро ба ҳам овард, пеши роҳи нооромиҳо, парокандагӣ, маҳалгароӣ, хунрезиҳо, гуруснагӣ ва ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳои беасосро гирифт. Соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар инкишоф ёфта, шароити зиндагии сокинони мамлакат рў ба беҳбудӣ ниҳод ва ба рушди сатҳи маънавии шаҳрвандон низ заминаи асосӣ гузошт.

Дар роҳбаладӣ ва саргаҳи ин тадбирҳои наҷотбахшу судманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодаанд. Корнамоиву қаҳрамониҳо, ташаббускориҳо, далериву шуҷоатмандӣ, сулҳпарварӣ, роҳнамоӣ сохтани ҷомеа ба бунёди кишвари ободу зебо, солиму созанда ва дигар корномаҳояшон намунаи ибрат ва дарси ҳаёти пурмазмуну маънавиёти баланд барои ҳар як сокини Тоҷикистон, хоса, ҷавонони кишвар мебошад. 

Қаҳрамонӣ ва диловарии ин шахсияти барҷаста мардуми тоҷикро аз зери хатар ва ҷангҳои хонумонсўз наҷот бахшид. Гурезаҳоро аз кишвари ҷангзадаи Афғонистони ҳамсоя баргардонида, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид. Ба одамони гумроҳ ва хусусан ба сардорони дастаҳои мухолиф ғояи ягонагии миллӣ ва худшиносии миллиро талқин намуда, тавонистанд онҳоро гирди худ муттаҳид созанд. Дар натиҷаи  ҷонбозиҳои хатарнок, дар мулки худ тухми сулҳу, ваҳдат, якдилию якпорчагиро кишт намоянд.

Пешвои миллат дар ҳама ҳолат, ҳатто дар рўзҳои вазнинтарини ҷанги шаҳрвандӣ ба дурахшонии ояндаи миллати хеш умеди калон доштанд ва ҳамин ғояҳои наҷиб барои ташаккул додани ваҳдати миллӣ дар тафаккури сокинони кишвар нақши муҳим бозиданд. Чунончӣ, дар яке аз муроҷиатномаҳои худ соли 1992 ба мардуми шарифи Тоҷикистон иброз намуда буданд: «...Барои ноил шудан ба нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мардум пайки наҷот ва муҷдаи ҳаёт бахшиданд. Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек буду  тақдири халқу миллатро ҳал намуд ва на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ўро муайян сохт.

Муносибати дурандешона ва бовариву эътиқоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба халқи тоҷик ба ҷавонон нерўи тоза ва қувваи бузургро зам намуд. Ҳар як сухану баромадҳои пурмуҳтаво дар вохўриҳо бо аҳли ҷамоатчигии кишвар, хоса зимни мулоқотҳои пай дар пай бо намояндагони ҷавонони мамлакат назари неку ояндабинӣ доранд. Андешаи чандинкаратаи Сарвари давлат “...Ман ба Шумо боварӣ дорам ва Шумо ҷавонон ояндаи давлату миллат ҳастед” ба ҷавонон имкониятҳои фарохро дар ҷорӣ намудани сиёсати давлатии  ҷавонон  фароҳам овард.

Яке аз аввалинҳо шуда, байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни нахустини хешро пас аз шаш моҳи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ моҳи марти соли 1992 “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул намуд.

Маҳз ҳамин сиёсати созанда имкон додааст, ки насли ояндасоз, яъне ҷавонони нерўманду худогоҳ ва тавоно дар идоракунии давлат қадам гузошта, бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси волои ватанпарастӣ Тоҷикистонро дар радифи давлатҳои дар ҳоли пешрафт қарордошта ҳидоят намоянд.

Натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишварамон дар тўли 25 соли баъд аз Иҷлосияи шонздаҳум мебошад. Подоши ин ҳама заҳмат, ҷонфарсоиву корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Пешвои миллат дар миёни халқи кишвар ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд. Бесабаб нест, ки  ўро Пешвои миллат унвон кардаанд, ки дар таърихи башарият камназир аст.

Бо дарки ин масоил ва боварӣ ба ояндаи нек дар вуҷуди ҷавонони тоҷик ҳисси ташаббускорӣ, эҷодкорӣ, навоварӣ ва ба дўш гирифтани масъулиятнокӣ пайдо шуд. Рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишварро метавон ба ин тадбирҳо вобаста намоем ва дар амалӣ  шудани ин тадбирҳо ҳиссаи ҷавонони кишвар, ки ҳамқадам ва ҳамсиннусоли истиқлолияти  давлатӣ мебошанд, хеле  бузург аст.

Пешвои миллат ба эҳёи сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ, фарҳангӣ ва маорифпарварӣ таваҷҷўҳи хоса зохир намуда, онҳоро чун  яке аз муҳимтарин омилҳои ваҳдати миллӣ тасвир менамоянд. Ба ин маънӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони соҳибирода таъкид сохтанд, ки “Ҷавонони мо бояд ворисони сазовори насли калонсол гарданд, ба қадри неъмати Истиқлолият, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии миллат расанд, дониши мукаммалу ҷаҳонбинии васеъ, зиракии сиёсӣ дошта бошанд ва барои пешрафти Тоҷикистони азизамон ҳиссаи арзанда гузоранд. Ман ба ин итминони комил дорам”. Сарвари давлат рушди босуботи кишвар ва инкишофи самтҳои мухталифи хоҷагии халқро пеш аз ҳама аз сатҳи маънавияту фарҳанг, донишу маҳорат ва аз кўшишу ғайрати худи ҷавонон вобаста медонанд.

Сарвари давлат рў овардан ба таъриху фарҳанги ниёгон ва баланд бардоштани маърифатро муҳимтарин арзишҳои инсонӣ шуморида, кўшиш  намуданд, ки тавассути асарҳои худ ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихори  миллиро пойдор созанд. Дар шоҳасарҳои худ мисли “Аз Ориён то Сомониён”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, силсилаи китобҳои “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, “Забони миллат – ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор” ва ғайраҳо ба ҷавонон аз саҳифаҳои таърихи бою ғанӣ, фарҳанги ниёгон ва чеҳраҳои мондагор мисолҳои аниқу возеҳӣ ва таърихиро пеш овардаанд, ки он бевосита барои таълиму тарбияи насли навраси имрўзи кишвар нақши муассир мебозад.   

Ба ин маънӣ мутафаккирони бузурги форсу тоҷик чун Имоми Аъзам, Абунасри Форобӣ, Абўалӣ ибни Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Унсурмаолии Кайковус, Имом Ғаззолӣ, Аҳмади Дониш ва дигар файласуфон низ дар асарҳои худ хислатҳои равоманди сарварро нишон додаанд, ки он пешвоёну сарварони замони худро ба мустаҳкамии дўстӣ ва пойдории муҳаббат, раҳмдилӣ, зидди азобу шиканҷа кашидани мардум, такя намудан ба нерўи зеҳнии  аҳли илму фарҳанг, адлу инсоф, эҳсонкории ҳокимон ба заифону бечорагон даъват менамуд.

Қабули Конститутсия, ба тавсиб расидани Кодексҳо, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қарорҳо оид ба танзим даровардан, пеш бурдани фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ва пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурию ҷиноятӣ, ки бевосита аз ҷониби Пешвои миллат тасдиқ ва амалӣ мегардад, маҳз барои таъмини амнияти ҷомеа, адолати иҷтимоӣ, якпорчагии Тоҷикистон ва ҳизфи ҳуқуқу манфиатҳои мардум нигаронида шудааст. Метавон гуфт, ки хислатҳои сарварии дар асарҳои файлассуфон Абунасри Форобӣ ва дигар мутафаккирони барҷастаи форсу тоҷик баёнгардида дар фаъолияту муносибати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардум акси худро ёфтааст. Ин хирадмандию ояндабинӣ ва роҳнамоӣ ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ намунаи ибрати ҷомеа, хоса ҷавонони мамлакат мебошад.      

Муҳимтар аз ҳама, донистани таъриху фарҳанги гузашта дар камолоти инсон ва ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, барои инкишоф ва ташаккули тафаккури нави сиёсӣ мусоидат менамояд. Аз ҷумла, омўзиши ҳақиқати таърихӣ ҷавонони моро аз бегонапарастӣ ва беэътиноӣ ба равандҳои пешқадами ҷомеа бозмедорад, дар вуҷуди онҳо эҳтиром ва сипосмандиро нисбати ашхоси ватанхоҳу ватандўст бедор месозад. Назаре ва муҳаббате, ки Пешвои миллат нисбат ба таърихи халқи тоҷик доранд, намунаи ибрат барои ҷавонони имрўзаи кишвар.

Аммо ҷавонон ҳамчун қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа баробари ноил шудан ба дастовардҳо ба тамоюлҳои  манфӣ  ва муаммоҳои  ғайриахлоқӣ низ дучор мешаванд. Барои пешгирӣ аз одатҳои номатлуб ва раҳоӣ аз идеологияи зидди манфиатҳои миллӣ Президенти кишвар тавассути ба тавсиб расонидани Барнома ва нақшаи чорабиниҳои дурамал тадбирандешӣ менамоянд. Аслан, мавҷудияти проблемаҳо дар пешрафти ҷомеа халал ворид мекунад. Дар шарҳи ин муаммоҳо костагии ахлоқи ҷавонон, майзадагӣ, нашъамандӣ, иваз намудани арзишҳои ҳаёт, тамокукашӣ, дур шудан аз анъанаҳои неки илмомўзӣ ва гаравиш ба экстремизму терроризмро номбар намудан мумкин аст.

Хулоса, корнамоиҳо, дастуру ҳидоятҳо, осори илмиву таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи дуруст ва корбарии Паёмҳо, нутқу маърўзаҳо имкон фароҳам меорад, то ки ҷавонони имрўза дар баробари соҳиби дониши баланд гардидан, аз лиҳози худшиносиву худогоҳии миллӣ, маърифати сиёсӣ ҳамчун шахсияти комил рушд ёбанд.

Дар ин раванд муаррифӣ ва тарғиби асарҳои эҷоднамудаи эшон барои азхуд намудани таърихи гузаштаву имрўза, дарку ворид шудани ҷавонон ба набзи ҳаёт ва ояндабинии давлату миллат мусоидат менамояд.  

Фаридун ҲОДИБОЕВ,
номзади илмҳои фалсафа, мудири шўъбаи тарбияи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh