Рамзи саодату сарфарозӣ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосир, таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, ифодагари мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми шарафманди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқбол, умед ба ояндаи нек ва сарбаландии миллат мебошад.

Таърихи навини давлатдории тоҷикон шоҳиди он аст, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар сокини мамлакат муқаддас буда, ба шарофати партави он мардум бештар муттаҳид ва озими амалҳои нек  гардида, ифтихори беназирро аз ҳастии Парчами давлатӣ, ки нишони соҳибистиқлолии давлати мост, дар замири худ мепарваранд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Агар ба марҳилаҳои пайдоиши рамзҳои давлатӣ ва бахусус парчамбардориву парчамдории аҷдодони халқи тоҷик мурур намоем, маълум мегардад, ки рамзҳои давлатӣ таърихи хеле қадима дошта, дар раванди зиндагии одамон нақшаҳои гуногунро иҷро менамоянд. Нишону рамзҳо аз қадимулайём дар санг ҳаккокӣ, дар чуб наҷҷорӣ ва дар матоъ нақшдўзӣ мегардиданд.

Вобаста ба шинохти мақому манзалати рамзҳои давлатӣ ва бахусус парчам, нақш ва ҷойгоҳи он дар ташаккули тафаккури маънавии аҳли ҷомеа, баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносву худогоҳии миллӣ ва бо ин васила дар қалби насли шоистаи даврон парваридани ҳисси баланди ватандўстиву эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб бо ибтикори наҷиб ва сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон олимону донишмандон, муаррихону бостоншиносон асарҳои гаронбаҳои илмиро таҳия ва ба хонандагон пешниҳод намуданд, ки намунаи барҷастаи гиромидошти ин рукни давлатӣ маҳсуб меёбад.

Нишону парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ ифодагари хусусиятҳои хоси давлатдории халқу миллатҳо маҳсуб ёфта, барои наслҳои оянда мояи ифтихор ва эҳтироми абадӣ қарор мегиранд.

Аз рўи тадқиқоти устураҳои то замони мо омада расидаи бостоншиносон, таърихи парчамдориву парчамбардории халқи мо аз аҳди бостон оғоз гардида, аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд ва ин анъана то имрўз давом дорад. Дар фаргарди якуми Видевдат, ки қисме аз китоби муқаддаси «Авасто» ба ҳисоб меравад, Бохтар ҳамчун кишвари  зебо бо дирафшҳои барафрохта зикр гардидааст, ки ин далели соҳибпарчаму дирафшбардор будани мардуми сарзамини мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳисоб меравад.

Дар асрҳои миёна расми парчамдорӣ байни мардуми мо ба сифати анъана ва суннати дерина пазируфта шуда, дар сарчашмаҳои таърихӣ инъикоси васеи худро ёфтааст. Дар ин росто ҳаким Фирдавсӣ дар асари безаволи худ «Шоҳнома», ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагист, зимни ба тасвир додани муборизаи қувваҳои некӣ бар зидди бадӣ ёдовар гардидааст, ки Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш карда, халқи ситамдидаро ба мубориза бар зидди душман даъват намуд. Маъруфият ва ҷолибияти парчами халқи тоҷик низ аз ҳамон давра маншаъ гирифта, парафшонии парчами Кова, ки таҷассумгари зери як матои муқаддас ба ҳам овардани мардум буд, то имрӯз шукӯҳу шаҳомати таърихии худро гум накарда, сол то сол қадру қиммати он афзун мегардад. Марҳилае, ки парчами Кова парафшон гардид, ҳамагон онро «Дирафши Ковиён» номиданд ва муборизаи онҳо муборизаи озодихоҳӣ буд. Шуруъ аз он айём, парчам ба сифати рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдодони мо қабул ва шоистаи эҳтиром қарор гирифтааст.

Мувофиқи андешаи Фирдавсӣ «Дирафши Ковиён» ҳангоми  шўриши мардум бо сардории оҳангар Кова бар зидди Заҳҳок ба вуҷуд омадааст. Кова шўришчиёнро ба назди Фаридун, ки вориси қонунии сулолаи шоҳони Пешдодиён буд, овард ва ӯ ин дирафшро бо 4 ситораи тиллоӣ, сангҳои қимматбаҳо, матои ранги сурх, зард ва бунафшдор зебу ороиш дод ва «Дирафши Ковиёнӣ» ном гузошт.  Дар   адабиётӣ  динӣ   истилоҳи Кавӣ, Ковиён ба маънои баҳодур, каҳрамон, бузургпаҳлавон омадааст.

Ҳатто дар замонҳои қадим мансаби парчамбардорӣ мавҷуд буда, ба ин симмат шахсе интихоб мешудааст, ки дорои ҷуссаи тавоно ва ғайрату матонати мардонагӣ бошад. Дар ҷараёни муҳорибаву набардҳо парчамбардор аз ҳарду тараф дорои мавқеи махсус буда, натиҷаи набардҳо, аз ҷумла пурра ғолиб ё мағлуб шудан аз ишораи онҳо тавассути боло ва поён намудани парчам муайян карда мешудааст. Сарчашмаҳо мавҷудияти парчамҳоро ба оғози таърихи давлатдорӣ мансуб донистаанд. Дар аҳди бостон лашкаркашон дар набардҳо зери парчам гирд меомаданд ва ҷилвагарии парчам нишони зафар буд. Аввалин тасвири парчами сипоҳи Ориён-порсҳо, суғдиён, бохтариён дар деворнигораҳои шаҳри Помпеи Рум, асрҳои 2-1 то милод кашида шудааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати ҳахоманишиён, зери сарварии Доро бо лашкари Искандар дар соли 333 то милод акс ёфтааст. ҳанўз дар асрҳои 3-2 пеш аз милод қабилаҳои ориёнаҷод соҳиби рамзи худ буданд, ки он «Меҳроб» ё «Фарри ориёӣ» ном дошт. Ин рамзи хуршед, офтоб, покизагӣ ва нишонаи абадият буда, ишораест ба чаҳор унсур: хок, об, оташ, ҳаво ки мавҷудияти оламро ташкил медиҳанд.

Мардуми ориёитабор дар зери парчам натанҳо империяҳои абарқудратро ба монанди ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён ба вуҷуд оварда, низоми тавонманди идоракунии давлатиро созмон додаанд, балки ҳамзамон аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқии аҳли башарро, ки дар таърих бо номи «Эъломияи ҳуқуки башари Куруши Кабир» маълум аст, ба оламиён муаррифӣ намуданд. Имрӯз ин ҳуҷҷат бо номи Эъломияи ҳуқуқи башар дар дунё маъруф гаштааст. Эъломияи ҳуқуқи башари имрӯза, ки аз тарафи Созмони Милали Мутаҳид баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қабул шудааст, маҳз аз ҳамин Эъломияи Куруши Кабир маншаъ гирифтааст.

Ҳанўз дар замонҳои сулолаҳои ҳукмрони вақт - Саффориён, Тоҳириён ва баъдан Сомониён парчамдорӣ пойбарҷо буда, ин давлатҳо парчами ягонаи давлатии худро доштанд ва ба онҳо эҳтироми хосае дода мешуд. Пас аз сулолаи Оли Сомон, замони ҳукумронии Ғазнавиён, Хоразмшоҳиён, Чингизиён, Шайбониён, Аштархониён анъанаи давлатдории тоҷикон аз тарафи сулолаҳои вақтии аҷнабӣ давом дода, аз ҷумла ин давлату сулолаҳо низ соҳиби парчами хосаи худ буданд, ки дар онҳо анъанаи парчамдории давлатдории тоҷикон нигоҳ дошта мешуд.

Тӯлонитарин замонҳо барои парчам ба давраи ҳахоманишиён пайванд дорад. Ба эҳтимоли зиёди муаррихон дар парчами даврони ҳахоманишӣ тасвири уқоби болдор бо парҳои кушода ва қурси хуршед дар пушти сари уқоб тасвир шудааст. Дар асоси ривоятҳо, пеш аз он ки Куруши Кабир ба маснади шоҳӣ нишинад, пеши назари ӯ фарри эзадӣ ба намуди уқоб намудор мегардад. Минбаъд ҳамин фарри эзадӣ, ки ӯ ба намуди уқоб дидааст, дар дирафши ҳахоманишиён ҷойгузин шудааст. Дирафши ҳахоманишиён аз мавзеи Тахти Ҷамшед дарёфт  гардидааст.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба дар  Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 қабул карда шуд. Он яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти  миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. 29-уми октябри соли 2009 дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24-уми ноябр рўзи Парчами давлатӣ эълон  карда  шуда, ҳамасола ҷашн гирифта шавад. Бо мақсади амалӣ намудану асоси ҳуқуқӣ бахшидан 3-юми ноябр ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва 19-уми ноябри ҳамон сол Парлумони Тоҷикистон онро тасдиқ кард. Маҳз ин иқдоми наҷибу нек идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон  буда,  аз  ҳар  як  сокини кишвар ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулиятро тақозо намуда, насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд. Зеро, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат, ифодагари муҳимтарин ғояҳои сиёсӣ, мақсаду маром, воситаи тарғибу ташвиқи  соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошанд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо асоси давлатдории навинро гузошт, балки рамзҳои асосии давлати куҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷиконро дар таърихи 24-уми ноябри соли 1992 қабул намуд. Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро дороанд.

Дар асоси муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчам, Нишон ва Суруди  миллӣ аз рамзҳои  давлатӣ  маҳсуб мешавад. 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд ва дар  ҷумлаи оғози ин Низомнома  омадааст:  «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад». Тамоми муқаддасоте, ки  дар Ватани мо ҳаст, ҳам муқаддасоте, ки  ба фарҳанг алоқаманданд, ҳам ба гузаштаи пурифтихор ва  ҳам ба имрўзи мо, ба идеалҳои мо алоқамандӣ доранд,  ҳама дар ҳамин ҷумла нуҳуфта аст, яъне Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар радифи ду рамзи дигар,  Нишон  ва  Суруди миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори  халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории  ин миллати соҳибтамаддун  аст. Парчам дар тўли таърихи миллати тоҷик нақши муҳим дошт.

Дар воқеъ Парчам рамзи ягонагии давлату миллат буда, зери парафшонии он кормандони мақомоти қудратии кишвар ва дигар хизматчиёни давлатӣ баҳри ҳимояи марзу бум, якпорчагӣ, таъмини ҳаёти осоишта, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба Ватан ва ба халқ содиқона савганд ёд мекунанд. Чунин амалҳо воситаи тавонои тарбияи насли наврас дар руҳияи баланди ватандўстӣ, садоқат ба Ватану касбу савганд ба ифтихор аз рамзҳои давлатӣ мебошад.

Бо дарназардошти ин ва инчунин ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавонон соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони  парчам» номгузорӣ шуд. Яъне 30-юми августи соли 2011 рўйдоди хеле муҳиму фараҳбахш – барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 165 метр ва андозаи 60х30 ба вуқўъ пайваст ва он дар китоби рекордҳои Гинес ҳамчун баландтарин парчами дунё сабт гардид.

Дар баробари ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикзабон аст, ки дар пештоқи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами давлатии Тоҷикистон парафшонӣ мекунад.

Тоҷикистониён бо раҳнамоии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расиданд. Бинобар ин эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам, арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои миллӣ мебошад. Эҳсоси муҳаббати самимӣ ба парчам ҳамон вақт умумимилливу мардумӣ мегардад, ки агар бидуни расмият ё ҷашнҳои умимидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми онро самимона баҷо оварад.

Маҳз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 ноябри соли 2016 бо мақсади истифодаи васеи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ ва рамзи давлатдории навини миллӣ меъёрҳои наверо муқаррар карда шуд, ки мавридҳои истифода ва тартиби афрохтани Парчами давлатиро боз ҳам фарохтар мегардонад. Аз ҷумла мувофиқи тағйироти воридгардида ба моддаи 5-и Қонуни мазкур, ки тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад меъёре ворид гардид, ки мувофиқи он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. ҳамчунин мувофиқи муқаррароти нави пешбинигардида афрохтани Парчами давлатӣ дар рўзҳои ид ва ҳангоми баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар иншооту биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоиву маишии давлативу хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ, ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо имконпазир гардид.

Бо дарназардошти чунин меъёрҳои нави қонунгузории кишвар ва айёми фарорасии Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон итминони комил дорем, ки мардуми сарбаланди Ватани маҳбуб бо иноят ва роҳнамоиҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри гиромидошти рамзҳои давлатӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо ҳамчун рукнҳои давлатдории навини миллӣ ҷаҳду талош намуда, зери партавфишонии Парчам барои саҳмгузорӣ дар рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи арзишманди хешро хоҳанд гузошт.

Ғ. Зоирӣ - муовини раиси шаҳри Бўстон,
М. Нурзода - мудири шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи
раиси шаҳри Бўстон 

Add comment


Security code
Refresh