Арҷгузорӣ ба арзишҳои дирӯз ва имрӯзи мо!

Парчам яке аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон мебошад. 24 ноябр - Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кулли мардуми вилоят, бахусус ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Роҳпаймоии беш аз шаш ҳазорнафараи ҷавони касбу кори гуногун бо парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се самт онҳоро ба маркази вилоят - назди Парчами давлатӣ ҷамъ овард.

Ҷавонони хушбахти даврони соҳибистиқлол агар аз як тараф бо парафшонии Парчами дарозиаш 200 метра аз назди Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» роҳ паймуда бошанд, аз ҷониби дигар тавассути шоҳроҳи асосии шаҳр - хиёбони Исмоили Сомонӣ бо шиору овезаҳои «Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз!», «Парчам нишони соҳибистиқлолии кишвар», «Поянда бод, Парчами миллӣ!» сарҷамъ шуданд. Хурсандии роҳпаймоён бо суханҳои «Зинда бош, Тоҷикистони озоди ман!» ва «Парчамат парафшон бод!» ифода меёфтанд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Fаффорӣ Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида, сокинони вилоятро бо ин рўзи фархунда муборакбод гуфт. Аз ҷумла, қайд гардид, ки муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба Парчами давлати соҳибистиқлоламон дар замири ҳар шаҳрванди диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллиро дучанд намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ раҳнамун месозад.

Адибони шинохта Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва Толиби Озарахш шеърҳои тозаэҷоди худро манзури ҳозирин намуда, эҳтиромашонро нисбат ба Парчами давлатӣ баён доштанд.

Барномаи фарҳангӣ бахшида ба рўзи Парчами давлатӣ анҷомбахши чорабинии идона гардид.

Ҷавонони хушбахти айём бо шукргузорӣ аз Ватани ободу озод таассуроти хешро аз таҷлили ин рўзи фархунда чунин иброз доштанд.

Мирзомурод Раҳматуллоев - мутахассиси пешбари Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд қайд намуд, ки таҷлили ҷашни Парчами миллии кишвар далели соҳибистиқлоливу ягонагии давлат буда, ҷавононро ба сўи ояндаи дурахшон ҳидоятгар аст.

- Муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта, арҷгузорӣ ба он ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад,- илова намуд Мирзомурод Раҳматуллоев.

Мустафо Ҳоҷибоев - донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок дар роҳпаймоӣ ва дар даст доштани Парчами кишварро ифтихори хеш дониста ва баён кард, ки Парчам муаррифгари миллат байни дигар кишварҳои олам мебошад. Тавассути Парчам тамоми кишварҳои олам моро мешиносанду эҳтиром менамоянд. Мардуми шарафманди тоҷик имрўз зери парафшонии Ливои давлатӣ устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаю қавӣ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро муқаддасу азиз медоранд.

Мавзуна Собирова – устоди кафедраи забон ва адабиёти тоҷикӣ Коллеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз Ватани соҳибистиқлол мегўяд, ки имрўз теъдоди зиёди ҷавонон бо ифтихору сарбаландӣ аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи илм ба муваффақиятҳои беназир ноил мегарданд. Устодону донишҷўён Парчами давлатиро, ки барои тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ, инчунин ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳангии халқ мебошад, эҳтиром карда, кору фаъолият мебаранд.

Мазбут Холиқов - устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ иштирок дар иди Парчами миллиро барои худ шараф меҳисобад.

-Тавассути ин рукни муҳими давлатдорӣ мо ба арсаи ҷаҳонӣ роҳ ёфта, дар назди созмонҳои бонуфуз муаррифгари давлати тоҷикон хоҳем буд, - иброз дошт номбурда.

Шоира САЛИМОВА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh