Бо рўҳбаландӣ дар соли ҷашнҳои бузург

Инак, моҳе сипарӣ мегардаду соли ҷашнҳои бузурги мамлакатамон - 20-солагии ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳукми таърих мегузарад. Ба истиқболи ин санаҳои баҳри мардуми кишварамон табарруку муътабар сокинони шаҳру навоҳии Тоҷикистони азиз як зумра корҳои созандагиву бунёдкорӣ анҷом доданд.

Дар ин радиф деҳқонони навоҳии вилоят низ дар ин соли таърихӣ дар самти рўёндани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ ва ба ин васила фаровону пурфайзу баракат гардонидани дастархони мардуми диёр заҳмат кашиданд.

Чунонки муовини сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент Фирўз Ёров иброз дошт, деҳқонони асили хоҷагиҳо дар таъмини нақшаи аксарияти намуди зироатҳои кишоварзӣ муваффақият ба даст оварда, дар ин соли ҷашнҳои пуршукўҳи мамлакат рўсурху сарбаланд гардиданд.

Имсол дар майдони умумии 18.635 гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт карда шуд, ки нисбат ба порсола 907 гектар изофа аст. Аз ҷумлаи ғалладонагиҳо дар майдони 1301 гектар шолӣ кишт карда шуд, ки аз нақшаи дурнамо 114 гектар зиёд аст. Майдони кишти сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, пиёз, помидор ба 871 гектар расонида шуд, ки нисбати соли пешин 175 гектар бештар аст. Сабзавоткорони панҷакентӣ 20.861 тонна маҳсулоти тару тоза истеҳсол намуда, ба сокинони вилоят ва пойтахти мамлакат пешкаш карданд.

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ баҳри истифодаи самаранок соли равон дар майдони 2023 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шуд. То санаи 1-уми ноябр аз заминҳои кишти такрорӣ 315 тонна ғалладона, 832 тонна картошка, 1800 тонна сабзавот ва 40 тонна полезӣ ҷамъоварӣ гардид.

Албатта, дар файзу баракати саҳроҳои хоҷагиҳо ва фаровонии ҳосили зироатҳо эъҷози дастони муъҷизаофари деҳқонони панҷакентӣ мунъакис гаштааст, ки бо меҳру муҳаббат, бо заҳмати фидокорона ба замин меҳнат мекунанду баҳри мардуми кишвар ризқу рўзӣ мерўёнанд.

Соли равон бо мақсади зиёд гардонидани ҳосили картошка, паст намудани арзиши он дар бозор тибқи дастуру супориши Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ майдони кишти картошка ба 2273 гектар расонида шуда, нисбат ба соли 2016 162 гектар изофа гардид. Ҳосили бадастовардаи деҳқонон бошад, 37.596 тоннаро ташкил дод. Ин афзунгардонии майдони кишти зироатҳо аз ҳисоби коҳиш додани замини кишти ҷаву гандум амалӣ гардонида шуд.

Бо сабаби ба кишти ин зироат мувофиқ будани иқлими Панҷакент дар бобати афзун гардонидани майдони кишти картошка то ба 5 ҳазор гектар расонидани он ва ба 100 ҳазор тонна баровардани истеҳсоли картошка қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли равон ба тасвиб расид. Чунонки муовини сардори Раёсати кишоварзӣ зикр кард, қабули ин барнома баробари деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзӣ олимону мутахассисони ин соҳаро низ водор месозад, ки аз ҳисоби дарёфт ва истифодаи навъҳои серҳосили ин навъи зироат ҳосилнокиро афзун гардонида шавад, баҳри дастрасии арзиши картошка дар бозор ва фаровонии дастархони мардуми кишварамон саҳм гузоранд. Ҳамчунин, соли оянда низ дар назар аст, ки майдони кишти картошка афзун карда шавад.

Ба ғайр аз ин, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёда аз 3034 гектар майдони боғот ва 1520 гектар токзор парвариш карда мешаванд. Аз боғоту токзор 588 тонна себи навъҳои хубониву шакарсеб, 123 тонна зардолуи навъҳои қандаку бобоӣ ва хурмоӣ ва 5122 тонна ангури шаҳдбор ба даст оварда шуданд.

Ниятҳои чорводорони Панҷакент низ калон буда, алҳол дар фермаҳои чорводорӣ 4331 сар моли калони шохдор парвариш меёбанд, ки аз ин миқдор 1265 сар наслдеҳ аст. 12.616 сар моли майда, 192 сар асп, 49 сар қўтос дар чарогоҳҳои деҳот, ки дар 89.991 гектар доман паҳн кардааст, парвариш карда мешавад. Чўпонону даҳмардаҳо баҳри он кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки саршумори чорво торафт афзун гардад.

Ба ин зумра номи Фатҳиддин Бобоев, Суннатулло Искандаров ва дигаронро зикр кардан месазад. Ҳамчунин, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ беш аз 5000 сар парранда дар парвариш, баҳри бо гўшти хушсифати парҳезӣ таъмин намудани аҳолӣ мусоидат мекунад. Чуноне Фирўз Ёров иброз дошт, чорводорон ният доранд, соли оянда фермаи махсус барои парвариши чорвои зотӣ ташкил кунанд. Баҳри ин дар Панҷакент мутахассисони соҳибкасб бисёранд.

 Албатта, баҳри пешравӣ ва рушду такомули фаъолияти кишоварзони Панҷакент саҳми олимону мутахассисон ва масъулони соҳа шоиста аст, ки бо машварату маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, пешниҳод кардани техникаву нуриҳои минералӣ дастгири деҳқонону чорводоронанд. Дар ин самт Шариф Сафаров дар ҷодаи техника, Шамсиддин Ёров ба ҳайси сарзоотехник, Матлуба Раҷабова ҳамчун сариқтисодчӣ, Маъруф Муҳиддинов ба сифати ҳуқуқшинос кўмакрасони кишоварзонанд.

Дар маҷмуъ, аҳли меҳнати шарафманди хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Панҷакент соли равон ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллат зарбдорона заҳмат кашида, дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми сазовор гузоштанд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh