Чароғи саодатафрўзи миллат

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ, ватандории миллӣ, шиносномаи давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр дар ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, инкишофи он дар марҳалае ба миён омад, ки ҷумҳурии мо ҳатто барои муҳофизати рукнҳои давлатдорӣ мақомоти салоҳиятдоре надошт. Аз ин истифода намуда, қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ пояҳои давлатдории тоҷиконро фалаҷ гардонида, барои ноил шудан ба мақсадҳои нопоки худ мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Чунин ҳолат фарзандони ватанхоҳро сахт ба ташвиш овард ва дар ҳалли тақдири Тоҷикистон бетараф нагузошт.

Бо ҳамин мақсад, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ баргузор гардида, марди шарифу бофарҳанг, сиёсатмадори хирадманду адолатпарвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат интихоб шуданд. Дар Иҷлосия бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳои муҳими сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, масъалаи таъсиси Артиши миллӣ, яъне қуввае, ки ба ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолият қодир ва озодию соҳибихтиёрии кишварро таъмин намояд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз рўзҳои аввали фаъолияти хеш Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари кўшишҳо баҳри хомўш сохтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба барқарор кардан ва навсозии сохти фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, ба ислоҳоти ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шуруъ намуданд. Барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ ва ба ин васила ворид шудани тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷомеаи кишвар заминаи мустаҳками истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гардид. Ба даст омадани сулҳи тоҷикон бо маънои том аз фаъолияти сиёсии фарзанди фарзонаи миллат, хирадманду адолатпеша - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии қавӣ дорад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рўзҳои қабули Конститутсия тамоми саъю кўшиши худро барои дар амал татбиқ намудани адолати конститутсионӣ, ки беҳтарин самтҳои тараққиёти Тоҷикистон ва заминаи асосии озодиҳои мардуми онро дарбар мегирад, равона месозанд.

Мардуми ватанпарасти тоҷик бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлати худро ҳифз ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намуданд. Дар давоми 26 соли Истиқлолият шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум хеле беҳтар гардид. ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кўшиш менамояд, ки барои беҳтар сохтани некўаҳволии халқ ба ҳадафҳои асосӣ, аз қабили таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳамчун самтҳои стратегии сиёсати давлат ноил гардад.

Эътибори сиёсии давлати мо дар арсаи байналмилалӣ рўз аз рўз меафзояд. Президенти мамлакат аз рўзи ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан дар мустаҳкам намудани робитаҳои байналмилалӣ, хусусан ҷалби сармоягузории хориҷӣ баҳри пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ, гулгулшукуфии Ватан саъю кўшиши худро равона сохтанд. Дар натиҷаи сиёсати некбинонаи Сарвари давлат қариб тамоми дунё Тоҷикистонро шинохт ва эътироф намуд.

Сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат дар арсаи байналмилалӣ имконият дод, ки дар қатори дигар соҳаҳои мухталифи ҷомеа робитаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ бо кишварҳои хориҷӣ густариш ёфта, ба неруву иқтидори мудофиавии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оранд. Дар робита ба ин ғамхориҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мо-низомиён бояд бо интизоми намунавӣ, маҳорати баланди касбӣ, шуҷоату далерӣ ва садоқату ҷасорат нисбати иҷрои савганди ҳарбӣ намунаи ибрати дигарон бошем ва тамоми кўшишу ғайрати худро баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳи омодагию омодабошии ҳарбӣ, малакаи касбӣ, вусъати корҳои тарбиявӣ - сиёсӣ, мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб равона созем.

Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкиму пойдории сулҳу субот ва рушду нумуи ҳама соҳаҳои ҷомеаи имрўза давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра собит намуд, ки ҳама миллату халқиятҳои муқими Тоҷикистон ва берун аз он дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ғамхору дурандеш, ҳимоятгари манфиатҳои милливу таърихии мардуми ин сарзамини куҳанбунёдро дидаанду таҳти сиёсати пешгирифтаи ин фарзанди фарзонаи миллат, сиёсатмадори шинохта ва Пешвои миллат кору фаъолият менамоянд ва ҳаёти осоишта доранд.

Раҷаббой Қурбонзода,
ёрдамчии прокурори
ҳарбии гарнизони Суғд,
лейтенанти калони адлия

Add comment


Security code
Refresh