Иқдоми наҷиб

Дар остонаи ҷашни Рӯзи парчами миллӣ кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба иқдоми наҷибе даст зад. Ба хотири боз ҳам хубтару самимитар таҷлил намудани ин санаи фархунда дар маҳаллаи Масҷиди Савр бо иштироки беш аз 400 нафар сокини маҳалла чорабинии идона ташкил намуд.

Саҳни чойхонаи маҳалла идона оро дода шуда,  дар як гӯшаи он бошандагони маҳалла дар озмунии зеҳни шоҳмот, ки бо иқдоми кумиҷроияи шаҳрӣ рӯи кор омад, маҳорат ва дониши худро санҷиданд. Занони ҳунарманди маҳалла маҳсули дастранҷи аз матои атласу адрас дӯхтаи худро ба маъраз гузошта буданд.

Меҳмонони чорабинии идона Сарфароз Фаттоҳзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулоҳ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ  Наим Мунаввар аз намунаи дастранҷи аҳли маҳалла ошноӣ пайдо карда, ба ҳунари  дӯзандагиву пазандагии сокинон баҳои баланд доданд. Дар гӯшаи дигари ин мавзеъ хонандагон Парчами миллӣ дар даст дар васфи Ватан- модар шеърҳо қироат намуданд.

Баргузории чорабинӣ маҳз ба хотири баланд бардоштани ифтихори миллӣ, талқини дӯстиву рафоқат байни маҳаллаю кӯчаҳо ва лаҳзае бошад ҳам, шод кардани хотири сокинон мебошад.

Кумитаи маҳаллаи Масҷиди Савр аз ҷумлаи маҳаллаҳои қадимтарини шаҳр маҳсуб ёфта, даҳҳо шахсиятҳои варзида дар ин маҳал ба камол расидаанд. 

Ҷамшед Ҷӯрабоев низ дар суханронии хеш аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ бояд ҳар сокин аз таъриху тамаддуни худ огоҳии бештар дошта бошад. Чорабинии имрӯза воқеан иди халқист ва бо ин васила гурӯҳи зиёди сокинон ин ҷо сарҷамъ омада, аз моҳияти парчаму парчамдорӣ иттилои бештар ёфтанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ озмунҳои «Кӯчаи беҳтарин», «Оилаи беҳтарин», «Кадбонуи беҳтарин», инчунин мусобиқаи «Шоҳмотбози беҳтарин» ҷамъбаст гардиданд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh