ҶАВОНОН - НЕРӮИ СОЗАНДАИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Имрӯзҳо аксари ҳайати аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро пайваста дастгириву пуштибонӣ намуда, барои таҳсил, фаъолият ва  ба ҳама гуна амалҳои шоиставу манфиатоварашон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиду эътирофи нақшу саҳми ҷавонон ва нерӯи созандагии онҳоро дар рушду нумуи ҷомеа ва давлатдории тоҷикон соли 2017 – ро Соли ҷавонон эълон дошта, иброз намуданд: «Ҷавонон бояд аз қишрҳои дигари ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Дар иқтибоси мазкур аз Паём мазмуну муҳтаво ва мақсаду мароми фаъолияти ҷавонон хеле мушаххасу дақиқ ифода ёфтааст, инчунин роҳу равиши масъулиятшиносиашон муайян гардидааст. Гуфтаҳои мазкури Пешвои миллат бояд аз ҷониби ҷавонони созандаву бунёдкори мо чун барномаи амал қабул гардида, роҳандозӣ карда шавад.

Донишгоҳу донишкадаҳо маконест, ки ҷавонону наврасонро ба фаъолияти мустақилона, ба идомаи бомуваффақияти таҳсилу кор ва зиндагӣ омода месозад. Дар факултети бизнес ва идоракунӣ ҷомеаи меҳнатии он кӯшиш ба он доранд, ки ҷавонон - донишҷӯён бо асосҳои илму дониш мусаллаҳ гарданд, вақтро ғанимат донанд, нозукиҳои тахассуси худро омӯзанд, то ки мутахассисони соҳибкасб гашта, ба ҷомеа хизмат намоянд.

Ҷавонони моро лозим аст, ки аз гузаштаи пурифтихори миллати тамаддунофари худ ибрат гирифта, анъанаҳои неки созандаи ниёгонро давом диҳанд. Онҳо ҳар лаҳзаи зиндагиро ғанимат дониста, технологияи замони муосир, забонҳои хориҷӣ ва дигар илмҳоро аз худ намоянд, то ҳамқадами айём бошанд. Ҷавонон бояд аз Ватани хеш ифтихор дошта бошанд ва онро содиқона дӯст доранд ва қарзи фарзандии худро сарбаландона адо намоянд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони факултет кӯшиш ба харҷ доранд, ки дилсӯзона ҷавононро мувофиқи талаби замони муосир  ва дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, зиракии сиёсиву ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва тафаккури  замонавӣ ба камол расонанд, то ки бо меҳнати софдилона ва ҳадафҳои созанда баҳри рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ҷавонон саҳмгузор бошанд ва Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

 М.А.Асророва,

декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh