ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - НЕРӮБАХШИҶАВОНОНИТОҶИКИСТОН

Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз онҳо умеди ояндаи нек мекунанд. Ҷавонон ба монанди Сӯҳробу Сиёвуш Деваштичу Восеъ дар таърихи мо дар дифои манфиатҳои миллат ҳамеша омода буданд ва мубориза мебурданд, Ҷанна д-Арк барои истиқлоли Ватанаш ҷонашро фидо карда буд, инчунин ҷавонон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ғалаба ҷони худро дареғ надоштаанд. Имрузҳо ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун ояндасозӣ миллат ба ҳамаи самтҳои ҷомеа, чӣ сиёсӣ, чӣ фарҳангӣ ва чӣ иқтисодӣ ҷалб шуда, ба пешрафти нисбии сарзаминамон хизмати назаррас менамоянд.

Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон доштанд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.

Чуноне ки дар Паёми имсолаи худ  Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд: «Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерӯи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд.

Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст.

Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18 - сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд.

Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд.»

Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз чумла чавонон ташкил медиҳанд. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 35 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва ичтимой аҳамияти калон дорад.

Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 бори дигар қайд гардид, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд: «Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд.

Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».

Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

 

П.А. Ҳафизова,

сармуаллимаи кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh