НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

 

 

 

Дар хотироти таърих ҳодисаву воқеаҳои зиёд нақш бастаанд, ки имрӯзиён онро варақгардон намуда, ба он баҳои воқеӣ медиҳанд. Чунончӣ, дар осори бузургон шоҳ Исмоили одил зиёд мадҳу ситоиш шуда, давраи салтанати онро аз дурахшонтарин ва хирадмандтарин замон инъикос кардаанд. Зеро ҳукмронии ин подшоҳ дар пояи адлу инсоф, хираду матонат ва раиятпарварона бунёд шуда буд.

Бо гузашти 1000 сол ин миллати куҳанбунёд борҳо бо ҷурми тохтутозҳо, забткориҳо сӯхту сохт, аммо ҳамоно чун миллати воҳид, ягона дар олам шинохта нашуд. Пас аз фурӯпошии давлати бузурги ИҶШС Тоҷикистон низ дар қатори дигар миллату халқиятҳо соҳибдавлат шуд ва ин неъмати бузургро истиқлол номиданд. Аммо ҳамон тавре, ки медонем, мустақилият бо хунбаҳои ҳазорон ҳазор сокини кишвар ба даст омад. Аниқтараш бадсиголӣ, нодидагирии иддае аз ба ном «сарсупурдагони миллат» сабаб шуд, ки ин миллати баъди ҳазор сол навзуҳуркарда боз ба гирдоби аҳримансифатон ғӯта зад. Аз ин ҷанги бародаркуш бештар модарон ва хоҳарони мо ҷабру ситам диданд. Хонаводае намонд, ки шаҳди марги писар ва ё падарро надида бошад. Хавфи аз байн рафтани ин миллат ва порапора шудани минтақаҳои он ба миён омада буд. Ҳамсоягони мо ҳар лаҳзаву соат омодаи он буданд, ки харитаи сиёсии ҷаҳонро тағйир диҳанд. Дар чунин муҳит танҳо ваҳдату ягонагӣ ва тӯдакаше лозим буд, ки ҷомеаро аз қафои худ ба пеш барад, ба сӯи нуру зиё, ба сӯи фардои дурхшон. Ва ин рисолатро фарзанди фарзонаи миллат, оне ки мисли дигар шахсиятҳои бо нангу ор шабу рӯз хун мегирист Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт ва беш аз 25 сол инҷониб фаъолияти бомувафаққона дорад. Миллати парокандаро ба ҳам овард. Сулҳу оштӣ дод. Хиради азалӣ насиби тоҷикон гардид.

Сарвари олишони мо аз рӯзҳои нахустини истиқлолият барои баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон талош варзид. Дар давраҳои мухталифи рушди ҷомеа ва ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатӣ барои истифодаи неруи ақлонию касбии бонувон чораҳо андешида шуданд. Таҷрибаҳои аввалин дар ин самт нишон доданд, ки занон дар пешрафти ҷомеа, ҳалли мушкилоти гуногуни замон, таълиму тарбия ва доварию сарварӣ на камтар аз мардон нақш бозида метавонанд. Аз ин нигоҳ, Ҳукумату давлати Тоҷикистон барномаҳои гуногунро оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занону духтарони болаёқату кордонро дар вазифаҳои роҳбарӣ тарҳрезӣ намуда, баҳри татбиқашон шароитҳо муҳайё сохт. Аз ҷониби дигар, барои беҳдошти саломатии модару кӯдак, таъмини фазои мусоиди ташхису табобат ва дигар паҳлӯҳои мухталифи соҳаи тиб Стратегияи миллӣ қабул гардид.

Дар самти ислоҳоти соҳаи маориф ҳам барномаҳои гуногун таҳия шуданд. Яке аз дастовардҳои замони истиқлолият ин ҷорӣ намудани квотаи президентӣ барои духтарони деҳот буд, ки қаблан касе дар ин хусус андеша ҳам надошт. Ин имтиёз ба духтарон имкон дод, ки роҳи донишомузӣ барояшон кушода гардад ва ҳама садҳои сунъӣ, андешаҳои хурофотию бофтаҳои хаёлии бархе пош хӯранд. Имрӯз дар асоси ин чораҷуӣ духтарони зиёде соҳиби маълумои олӣ, касбу ҳунар ва зиндагии обод гаштаанд. Хушунату зӯроварӣ дар оила ҳам ба ҳукми анъана буд, аммо ба ин раванд истиқлолият нукта гузошт. Аксар занону духтарон дар хонаводаҳо зери хушунат қарор доштанд ва ҳуқуқу манфиатҳояшон зери ниқоби расму оинҳои хурофотӣ поймол мешуданд. Хурофот то ҷое миёни мардум, бахусус дар бисёр оилаҳо реша давонда буд, ки тақдиру сарнавишти занон ва духтаронро ба ҳар оин ҳал мекарданд. Яъне онҳо наметавонистанд ба муроди дили хеш зиндагӣ ва кор кунанд. Истиқлоли ватан омаду бо тадбирандешии роҳбари муаззами кишвар «девори бузурги хурофотпарастӣ» барҳам хӯрд. Истиқлол, ваҳдат, озодӣ, ҳуқуқ ва дигар арзишҳои волои давлатию миллӣ пешорӯйи ин ҳама таззодҳо устувор истодаанд. Хосса, дар суботи сиёсӣ, пешравии занон дар ҳама соҳаҳо нақши роҳнамои миллат хеле калон аст аст. Эмомалӣ Раҳмон чун такягоҳи асосии ҷавонон ҳамеша тақозо доранд, ки ҷавонони соҳибназару дурандеш, занони оқилаву доно бештар дар мақомотҳои роҳбарӣ бошанд. Зеро ҷомеа дар ҳама давру замон ниёз ба ислоҳот дорад. Якмаромӣ, қолабҳои кӯҳнашуда натанҳо иқтисодиётро коҳиш медиҳад, балки маънавиётро ба қафо мепартояд. Аз ин рӯ, рисолати моҳар як шаҳрванд сидқдилона дӯст доштани ин обу хоки Ватан ва саҳм гузоштан дар эъмори бузурги қасри Истиқлолият аст. Ҳамчунин мо вазифадорем, ки роҳбари худро азизу муқаддас дорем. Он касро дар ҳама соҳаҳо дастгиру мутакко бошем. Сарвари давлат барҳақ Президенти мардумӣ ҳастанд. Зеро дили бекина, андешаи солим, садоқати беинтиҳо ба ҳар як сокини кишвар доранд. Пас мо низ дар ҷавоб бояд садоқати хешро изҳор намоем, балки аз самими дил он касро дӯст дорем ва ба хизматҳояш арҷ гузорем. Эмомалӣ Раҳмон арзандаи ҳамаи ситоишҳост. Он кас воқеан ҳам Пешвои миллат ва роҳнамои зиндагии мо ҳастанд.

 

Муҳаббат Маҷидзода,

мудири шуъбаи таҷрибаомўзӣ

ва кор бо мутахассисони ҷавон ДДҲБСТ

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh