ТАҲДИДИ ҶИДДӢ БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

 

 

 

Дар ибтидои асри ХХI падидаи ҷаҳонишавӣ рушд намуда, муносибатҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ байни халқиятҳову давлатҳо барқарор  гардиданд. Аз тарафи дигар, мутаасифона падидаҳои  номатлуб,  аз қабили ифротгароиву экстремизми динӣ, терроризми байналҳалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҷомеаи  мо реша  ронданд.

Экстремизм аз рўи мазмун –динӣ ва дунявӣ   ё аз рўи зуҳурот- ҳудудӣ - минтақавӣ, байналхалқӣ шуда метавонад. Нигоҳи экстремистӣ хеле решаи чуқур дорад, он ҳеч гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Экстремизми дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад, экстремизми динӣ дар доираи ҳамаи динҳо (насронӣ , буддоӣ, ҳиндуия ва ғ.) мавчуд аст.

Экстремизми динӣ дар доираи Ислом низ мавҷуд буда, он дар куҷое, ки зуҳур кунад, дар назди худ мақсади асосӣ– барпо намудани  «халифат- системаи идоракунӣ дар ислом»-ро мегузорад. Бо ин мақсад  низоъҳо, ихтилофҳои мазҳабӣ ба вуҷуд меоварад,  баромадхои яроқнок ташкил мекунад, бо роҳи зўроварӣ ғасби ҳокимият,  хунрезиро  пеша мекунад. Ин амалҳо садди роҳи мустақилияти ҳар миллат, монеъгӣ баҳри тараққиёти ҷомеа мегардад. Дар ин маврид ҳаминро бояд таъкид намуд, ки дар  китоби муқаддаси мусулмонон Қуръон мафҳуми Халифат нисбати давлати алоҳидаи мусулмонон вуҷуд надорад. Тибқи маълумоти ҳадиснигорон Абу Довуд ва Имом Тирмизӣ дар як ҳадиси Муҳаммад (с.а.с.) омадааст, ки «Халифат дар ҷомеаи ман си сол арзи ҳастӣ мекунад. Сипас салтанат (шоҳигӣ, монархия) ҳукм меронад», яъне давлатҳои алоҳида ҳукмронӣ мекунанд.

Амалҳои даҳшатноки террористии солхои охир, ки дар Покистон, Шарқи наздик (Сурияву Ироқ), Россия,  Фаронса ва дигар манотиқи ҷаҳон содир шуданд, ҳаминро собит мекунад, ки терроризм бо кадом ливое (динӣ, сиёсӣ, миллӣ, иқтисодӣ) баромад кунад, дар зери кадом ниқобе зуҳур кунад, мардуми бошууру меҳанпарасти кишварамон, хосатан ҷавонони  баору номусамон бояд моҳияти ҷинояткоронаи онро дарк намуда, нияти ғаразноки онро фош намоянд.

Аз расонаҳои хабарӣ огоҳ хастем, ки имрўзҳо созмони ба ном «Давлати исломӣ» (аз соли 2013- Давлати исломии Ироқу Лубнон)ба яке аз бузургтарин гурўҳҳои террористии ҷаҳон, хосатан олами Ислом табдил ёфтааст. Чи тавре, ки  маълум, аст «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия ва дигар давлатхои Араб  зўроварӣ, қатлу ғорат, кушторҳои бераҳмонаро ба роҳ мондаанд.  Роҳбарон ва пешвоёни ғоявии  «Давлати исломӣ»   ин ташкилотро ба сифати бузургтарин созмонии исломӣ муаррифӣ мекунанд. Аммо аз рўи амалаш ин ташкилот имрўз ба созмони ҷиноятпешаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Созмони мазкур дар давраи аввал бо номи «Ҷамоат ал-Таухид вал - Ҷиҳод» маълум гашт, сониян якчанд бор номи худро иваз намуда, аз январи соли 2006 дар натиҷаи муттаҳидшавии гуруҳҳои террористӣ ба як ташкилоти воҳид бо номи «Ал – Қоидаи Ироқ» машҳур гашт.

Имрўз дар дини мубини Ислом на танҳо арзишҳои диниву ирфонӣ ва эътиқодӣ мавчуд аст. Дар ислом бинобар сиёсишавии гурўҳҳои алоҳидаи он кўшишҳои  гузаронидани ислоҳотҳо ба назар мерасанд. Барои  ба мазмуни ин масоил расидан  бояд дар бораи мавҷудияти се ҷараён дар   Исломи муосир маълумот дошта бошем:

- ҷонибдорони ҷараёни аввал мўътақиди секуляризм, зидди сиёсишавии Ислом ва аз давлат ҷудо будани дин ҳастанд. Дар айни замон онҳо ҷонибдори риояи одобу ахлоқи динӣ, фармудаҳои Парвардигор (иҷро намудани шариат) мебошанд.

- ҷонибдорони ҷараёни дуюми Ислом зидди ҳамагуна навовариҳо дар дин мебошанд, онҳо мардумро ба ҳифз намудани тартибу низоми динии асримиёнагӣ, ба сабру таҳаммул даъват мекунанд.

- ҷонибдорони ҷараёни сеюми дини Ислом   мақсади ислоҳ намудани  оини диниро дар назди худ гузоштаанд, онҳо ба худ номи «фундаментализми исломӣ»-ро гирифтаанд. Ҷонибдорони ин ҷараён аз тартибу низоми мавҷудаи давлат  норозӣ мебошанд, баҳри тағйир додани низоми давлатӣ мекўшанд.

Яке аз намудҳои фундаментализми сиёсӣ «Ваҳҳобия» ба шумор меравад. Ваҳҳобия  аз одобу ахлоқи динӣ ба ақидаҳои сиёсии динӣ гузаштанро таблиғ мекунад. Он  бо роҳи зўроварӣ соҳиби ҳокимият гаштани мусулмонони «ҳақиқӣ»-ро тарғиб мекунад.  

Мутаасифона имрўзҳо дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд,  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа  низоъ меандозанд, бо фундаментализми исломиву ифротгароӣ, экстремизм таҳдид мекунанд, кўшиш мекунанд, ки боварии мардум ба давлати дунявӣ коста гардад, ба ваҳдату ягонагии мардум рахна ворид кунанд, низои байни миллату халқиятҳоро барангезанд. Зери ниқоби ислом амал намуда, бо ёрии гурўҳу шахсиятҳои ғаразнок дар байни мардум ақидаҳо ва адабиётҳои хусусияти ифротгароӣ доштаро паҳн мекунанд.

- Мо бояд садди роҳи нияти ғаразноки гурўҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ  гардем, кўшиши вобаста намудани терроризмро бо Ислом - бо дини  бобоёнамон маҳкум намоем. Имрўз бояд ба ҳифз кардани арзишҳои миллиамон, аз ҷумла маърифати Ислом  кушиш намоем. Нагузорем, ки фаъолияти сохторҳои террористӣ ва экстремистии динӣ дар диёрамон, маҳалли зистамон дар зери  ниқоби ба масҷидҳо ёрӣ расонидану созмон додани ташкилотҳои динӣ, дар мавзеъҳои аз ҷониби сохторҳои давлатӣ назоратнашаванда ба роҳ монда шавад.

- Ба тарғиби арзишҳои солим ва адолатпарастӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем, то, ки холигии мафкуравӣ дар ҷомеа пурра гардад. Пеши роҳи воридшавии мафкураҳои бегонаро гирем. Ба арзишҳои таърихиву миллии тоҷикон таваҷҷўҳи бештар зоҳир намоем. Арзишҳои Истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар тафаккури  ҷавонон бо усулҳои таълимиву тарбиявӣ ҷой диҳем. Ба коркарду таҳияи асосҳои ҳуқуқии мубориза алайҳи терроризму ифротгарои дар Тоҷикистон этибори аввалиндараҷа диҳем.

Хушбахтона Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сиёсати дарҳои кушодро пеша намуда, бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон, бо созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ аз қабили  СММ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкориро ба роҳ монда, дар доираи он баҳри таъмини осоиштагии мардум, бехатарии минтақа, мубориза алайҳи терроризму экстремизм, тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолият мебарад.   

Ҷ.Исомитдинов,  

устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес  ва сиёсати  Тоҷикистон

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh