Оғозбахши саодати миллат

Чанде қабл, Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров имрӯз, пас аз биступанҷ сол боз вакилон ва меҳмононро пазироӣ намуд. Вале симои ба куллӣ дигар - идона, тару тоза, ботароват дорад. Дар давоми биступанҷ сол чӣ қадар дигаргуниҳо, навгониҳо дар кишвари мо ба амал омаданд! Тарҳу намуди тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон тағйир ва боз шаҳраку деҳоти нав тавлид ёфтанд. Дар ҷумҳуриамон ваҳдат, сулҳу субот пойдор аст. Мардуми диёрамон имрӯз бо рӯҳияи бунёдкориву созандагӣ корҳои бузургро анҷом медиҳанд.

Дар рӯзҳои вазнини баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи мо, хизматчиёни соҳаи алоқа аз пайваст намудани вакилон бо иштирокчиёни Иҷлосия иборат буд. Оқибат, рӯзи баргузории Иҷлосия аниқ гардид. Мо, гурӯҳи алоқачиён дар он рӯзҳо вазифаи худро, ба қавле, ба таври аъло ба сомон расонидем. Яъне, робитаи вакилону иштирокчиёнро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, баҳри дар вақташ доир гаштани ин Анҷумани таърихиву тақдирсоз саҳми сазовор гузоштем.

Имрӯз, бо гузашти чаҳоряк аср аз он рӯзу лаҳзаҳои ҳассоси гузашта ёд карда, шукр менамоям, ки дар Иҷлосия тақдири миллати тоҷик ҳал шуд. Он рӯзҳо халқи тоҷик ҷаҳд дошт, ки бо ҳар васила парчами сулҳро парафшон кунад. Мо, кормандони соҳаи алоқа шоҳиди изтиробу ҳаяҷон, лаҳзаҳои ҳалкунандаи Иҷлосия будем, ки чӣ гуна Сарвари тозаинтихоби Шӯрои Олии мамлакат бо эҳсоси масъулият нақшаи сулҳу субот ва рушди минбаъдаи кишварро тарҳрезӣ мекарданд. Ободиву сулҳу субот, рӯзгори фаровони мардуми диёрамонро дида, аз натиҷаҳои беамсоли талошҳои Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ мекунам. Дар нафақа бошам ҳам, мекӯшам дар радифи фардони барӯманду фаъоли ҷомеа арзиши сулҳу суботро ба ҷавонон бифаҳмонам.

Сулҳия МӮЪМИНОВА,
собиқадори соҳаи алоқа,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh