Ифтихори миллӣ дошта бошем!

Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни Исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва экстремизм тела медиҳанд. Бояд ҷавонони мо фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд.

Ҳар гуна дин, бахусус дини Ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд. Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди Ислом аст. Нафароне, ки ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо ба шаъну эътибори дини Ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд.

Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдид ба суботу амнияти ҷаҳонист. Иддае, ки худ аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» хонда, бехабар мемонанд, ки ҳадафи чунин созмону ҷараёнҳо ба манфиати хеш истифода бурдани давлатҳои дигар аст ва дар ин масъала мо бояд ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд, пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макр мекашанд.

Тамоюли бегонапарастӣ, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонад, ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Бинобар ин, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо мебошад.

Н.АҲМАДОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh