Ҳамрадифи тафаккуру иродаи пок

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътирофи нақш ва саҳми ҷавонон, неруи созандагии онҳо дар рушди ҷомеа соли 2017–ро Соли ҷавонон эълон дошта, вобаста ба ин иброз намуданд: “ҷавонон бояд аз қишрҳои дигари ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Дар ин суханон мақсаду маром ва фаъолияти ҷавонон мушаххасу дақиқ ифода ёфтаанд. Ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд аз ҷониби ҷавонони созандаву бунёдкори мо чун барномаи амал қабул гардида, роҳандозӣ шаванд.

Донишгоҳу донишкадаҳо маконест, ки ҷавонону наврасонро ба фаъолияти мустақилона, ба идомаи бомуваффақияти таҳсилу кор ва зиндагӣ омода месозанд.

Аз ҷумла, дар факултети мо ҳама кўшиш ба он доранд, ки ҷавонон - донишҷўён бо асосҳои илму дониш мусаллаҳ гарданд, вақтро ғанимат донанд, нозукиҳои тахассуси худро омўзанд, то соҳибкасб гашта, ба ҷомеа хизмати шоиста намоянд.

Ҷавонони моро лозим аст, ки аз гузаштаи пурифтихори миллати тамаддунофари худ ибрат гирифта, анъанаҳои неки созандаи ниёгонро давом диҳанд. Онҳо ҳар лаҳзаи зиндагиро ғанимат дониста, технологияи замони муосир, забонҳои хориҷӣ ва дигар илмҳоро аз худ намоянд, то ҳамқадами айём бошанд. Ҷавонон бояд аз Ватани хеш ифтихор дошта бошанд ва онро содиқона дўст доранд ва қарзи фарзандии худро сарбаландона адо намоянд.

Ҳайати профессорону омўзгорони факултет азму кўшиш доранд, ки дилсўзона ҷавононро мувофиқи талаби замони муосир ва дар рўҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, зиракии сиёсиву ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва тафаккури замонавӣ ба камол расонанд, то бо меҳнати софдилона ва ҳадафҳои созанда баҳри рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ саҳмгузор бошанд ва Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

Дар ин самт умед мекунем, ки зарфияти тафаккури ҷавонон ба ҷаҳони ботиниашон пур бошад.

 М.Асророва,
 декани факултети бизнес
ва идоракунии Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
 сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh