Баргузории иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

Рӯзи 26-уми декабри соли 2017 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гашт.

Нахуст вакилон ҳайати котиботро интихоб намуда, сипас масъалаҳои баррасишавандаро мавриди муҳокима қарор доданд. Рӯзномаи иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум аз 13 масъала - тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ивази вакили хориҷшуда, ҳисоботи Раиси вилояти Суғд дар бораи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар 11 моҳи соли ҷорӣ, қабули буҷети вилоят барои соли 2018, номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят ва дигар масъалаҳо иборат буд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия  вакилони вилоятӣ Маҳбуба Абдусаминоваро ба ҷои вакили хориҷшуда ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Деҳмой”№58 қабул намуданд.

Дар рафти иҷлосия иттилоъ дода шуд, ки соли равон рушди бонизоми ҳамаи соҳаҳо таъмин гардида, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 83 корхонаи нави саноатӣ бо 1463 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар ёздаҳ моҳи соли равон ба маблағи 8,9 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Таъкид гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоят 50 дарсади ҳаҷми умумии саноати кишварро ташкил медиҳад.

Дар ёздаҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят  ба маблағи 6,4  млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст. Кишоварзони вилоят беш аз 303 ҳазор тонна ғаллагиҳо, 456 ҳазор тонна сабзавот, 321 ҳазор тонна картошка, 120 ҳазор тонна мевагиҳо, 37,7 ҳазор тонна гӯшт, 226,5 ҳазор тонна шир, 144 миллион дона тухм истеҳсол кардаанд. Ҳамчунин, дар вилоят назар ба ҳамин давраи соли гузашта 31 ҳазору 513 тонна зиёд пахта ҷамъоварӣ гардидааст. Дар ин раванд бо мақсади таъмини саривақтии кишоварзон бо обӣ полезӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таъмири пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Ашт ва канали Хоҷабоқирғон дар маҷмӯъ беш аз 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Давоми 11 моҳи соли равон  нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ  беназардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 109,7 фоиз таъмин гардидааст, ки ин  нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 150 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 326,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки хусусияти иҷтимоидошта, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш беш аз 80 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоят равон карда шудааст. Ҳамзамон дар ин давра, нафақаи нафақахўрон пурра маблағгузорӣ гардида, қарздорӣ дар пардохти маоши кормандон вуҷуд надорад.  Дар ин давра ба соҳаи маорифи вилоят беш аз 650 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ин таваҷҷӯҳ  ба мустаҳкам гаштани базаи моддиву техникии муассисаҳои соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим таъсири мусбӣ расонид. Инчунин фарогирии омӯзгорон, хонандагону донишӯёни фаъол  ба таътил аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, таъсиси мукофотпулиҳои Раиси вилоят барои ғолибони олимпиадаҳои байналмиллалӣ ва ғайра дар баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят заминаи воқеъӣ гузошт.

Ба соҳаи тандурустӣ низ аҳмияти махсус равона гардида, 49 иншооти соҳа бо харҷи зиёда аз 20 миллион сомонӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ карда шуд.

Дар идомаи иҷлосия чанде аз вакилони мардумӣ ба музокира баромада, натиҷаву дастовардҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро дар давраи ҳисоботӣ мусбӣ арзёбӣ намуданд. Сипас, сардори Сарраёсати молияи вилоят Мирзозода Анвар Сайфиддинӣ оид ба қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2018 маърӯза намуд. Номбурда иброз дошт, ки пас аз омӯзишу баррасиҳо буҷети вилоят барои соли оянда зиёда аз 2 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми хароҷоти буҷети вилоятӣ ба дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ таваҷҷӯҳи хоса дода шуда, мабалғузорӣ ба ин самт нисбати соли 2017 афзоиш ёфтааст.  Аз ҷумла барои соҳаи маориф 781 млн сомонӣ ва соҳаи тандурустӣ 388 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст. Вакилони мардумӣ пас аз баррасиҳо буҷети вилояти Суғдро барои соли 2018 қабул намуданд.

Дар идомаи иҷлосия ҳисоботи вакили вилоятӣ аз ҳавзаи интихоботии “Шаҳрак” №9 Олимов Зафар шунида шуда, ваколати вакилии чанде аз вакилон пеш аз мӯҳлат қатъ гардид ва дар ин минтақаҳо ҳайати комиссияи интихоботӣ ташкил карда шуд.

Вобаста ба масъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ маърӯзаи муовини Раиси вилоят  Назира Ғаффорӣ шунида шуд. Бо пешниҳоди ваклилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номи чанде аз маҳаллаҳо ва муассисаҳо дар ин минтақаҳо иваз гардид.

Дар идомаи  иҷлосия вакилони мардумӣ як қатор қарорҳои ба тасвибрасидаи Раиси вилоятро вобаста ба кадрҳо, моликияти давлатӣ, маблағгузорӣ ва ғайра тасдиқ карданд.

Сипас аз мусобиқаи вилоятии маҳалли беҳтарин натиҷагирӣ карда шуд. Бояд қайд кард, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадаф аз ташкили озмун тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии сокинон мебошад. Ҳамин, тавр маҳаллаи ба номи Даврон Самадови ноҳияи Ҷаббор Расулов ғолиби озмун ва 50 ҳазор сомонӣ шуд. Маҳаллаҳои Ватани шаҳри Бӯстон ва Раззоқи шаҳри Хуҷанд ҷойҳои дуввум ва сеюмро ба даст оварда, соҳиби диплому мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор ва 10 ҳазор сомонӣ шуданд.

Дар фарҷом Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, аёдати табақаи ниёзманди ҷомеа дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҳозиринро ба соли нави мелодӣ табрик намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh